Хабари рӯз

Амрикову Покистон аз паштунҳо чӣ сохтанд?

Нависанда: Ориф Ҳасанхон Охундзода, муҳаққиқ ва таҳлилгари масоили минтақаӣ ва Покистон, узви Шӯрои машваратии ”Сангар”

Сӣ сол пеш Амрико мураффаҳтарин ва дарандатарин қудрати ҷаҳон, аз идеологияи ҷиҳоди исломӣ барои аз байн бурдани талош барои ислоҳи ҷомеаи қабилаии бадавӣ ва хатарноки кишваре мавсум ба Афғонистон, барои шикаст додани душмани бузурги ҷаҳонии худ, Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ истифода кард.

Мақосиди Амрико “шикасти шарр” ё “озодии навъи башар” набуд, он гуна ки иддао мекард. Балки тамоми дунё аз он замон ба баъд дидаанд, ки чӣ касе воқеан шайтон аст ва Амрико чӣ гуна ба озодии воқеӣ назар дорад. Амрико аз тариқи фиреби ҷиҳоди худ, дарвоқеъ мехост контроли худро ҳар чӣ бештар ба ҷаҳон афзоиш диҳад ва бо ин кор ҳирсу тамаъи худро барои суд ба ҳадди аксар бирасонад.

Дар иқдомоти шайтонии худ дар Афғонистон ба Амрико ходимони таҳти султаи он, ки аксаран панҷобӣ, табақоти ҳокимаи низомӣ, сиёсиёсиюн ва бюрократҳои Покистон, кумак мекарданд. Дар натиҷа дар сӣ то чиҳил соли гузашта, нухбагони ҳокими Покистон бар мавҷе аз фасод ва бондбозӣ савор шудаанд, ки собиқа ё ҳамтоёни каме доштааст.

Покистон ба унвони як кишвари саркаш амал кард, ки ҳадафи аслии он эҷоди шарорату ихтилоф дар як минтақаи ҳаётии ҷаҳонӣ буд то имкони муваффақияти стратегияи куллии империалистии Амрикоро фароҳам кунад. Аммо бузургону раҳбарони ин ҷомеа эҳтироми касонеро, ки бар онҳо ҳукумат мекунанд, аз даст додаанд.

Акнун таъсироти ҳамаи инҳо бисёр густурда аст ва ҷомеаи Покистонро башиддат таҳти таъсир қарор дода ва онҳоро таҳқир кардааст. Бархе манотиқ бештар аз дигарон таҳти таъсир қарор гирифтаанд. Иҷоза диҳед устони маҳалли зиндагии ман Хайбар Пахтунхворо мисол бизанем. Фарҳанги суннатии паштунии мардуми маҳаллӣ дар ин вилоят аҳамияти чандоне ба наҷобат намедиҳад ва дар иваз нигаришҳои ҷинояткорона, такаббур ва худхоҳӣ, рафтори хашин ва ҷангталабонаро як чизҳои мардона ва шарофатмандона тарвиҷ мекунад. Онҳо фикр мекунанд, ки касиф будан ба маънои сарсахту мардона будан аст.

Аз он ҷо, ки Хайбар Пахтунхвоҳ бо Афғонистон пайвандҳои қавмӣ дорад, ин минтақа аслитарин саҳна барои шайтанатҳои ҷиҳодии Амрикову Покистон буд. Се то чаҳор даҳаи гузашта фарҳанги ҷангалии бадавии қабоили паштун таҳаввули бадтарро аз сар гузаронд ва бо таассуби ҷиҳодиву фарҳанги бондбозӣ ва аъмоли фасод, ки таҳти ҳукуматҳои мутаволии, ба истилоҳ "демократӣ"-и дузди Покистон таҳти ҳимоят ва сармоягузории ҳукуматҳои Амрикову Ғарб реша давонид, таназзул дода ва ташдид шуд. На танҳо ин, балки риёкорӣ акнун ба сад дарсад расидааст ва ба болотарин ҳадди худ расидааст. Мардум дар ин ҷо ба номи дин мекушанд, ки аркони онро бидуни муҷозот нақз мекунанд.

Вақте дар хиёбонҳои Пешовар қадам мезанед, на танҳо кулли минтақа зоҳири ошуфтаву касиф дорад, балки рафтори мардуми одӣ пур аз хашму бадрафториҳои амдӣ аст, ки ба сурати адами ҳамкорӣ, рақобати худхоҳона, беназмӣ, низоъ, хушунат ва тамоми алқоби пасте, ки метавон ба онҳо фикр кард, зоҳир мешавад. Ин вазъият бештар барозандаи як хукхона аст то як ҷомеа. Чаро?

Мушкил ин аст, ки тай як давра сӣ то чиҳилсола чандин насл ба вуҷуд меоянд ва болиғ мешаванд. Бисёре аз афроде, ки имрӯз зинда ҳастанд, барои ба ёд овардани аъмоли ношоисти Амрикову Покистон, ки дар боло тавзеҳ дода шуд, бисёр ҷавон ҳастанд. Бештари онҳо ҳатто ба дунё наомада буданд.

Касоне, ки ин аъмолро муртакиб шуданд, ҳанӯз дар қудрат ҳастанд ва ба дурӯғгӯии муфассал ба тӯдаҳо идома медиҳанд. Контроли афроди одӣ осон аст. 30 то 40 сол ниме аз тӯли умри мутавасситро ташкил медиҳад ва бисёре аз онҳо ҳатто камтар аз ин ҳам зиндагӣ мекунанд. Афроде, ки ба ёд меоваранд тамоюл ба фаромӯшӣ доранд ва шаҳрвандон одӣ он қадар даргири корҳои кӯчаки зиндагии рӯзмарра ҳастанд, ки наметавонанд ба дурустӣ ба масоили таърихӣ, адолат ё ахлоқӣ таваҷҷуҳ кунанд – ҳатто агар онҳо аҳдофи аслии проектҳои Амрико барои султаи ҷаҳонӣ бошанд.

Шарри Амрико дар 11 сентябри 2001 ба чеҳраи худ бозгашт, аммо фоидае надошт. Дахолати бистсола баъди Амрико дар Афғонистон, ки дар соли 2021 бо шикасти сазовор ба поён расид, ба иловаи истифодаи нодурусти сатҳӣ ва ошуфтаи хислатҳои амрикоӣ ва "амрикоизмҳо", ки дар ҷавомеъи Афғонистон ва Хайбар Пахтунхвоҳ аз замоне, ки Амрико пас аз соли 1991 ба султаи ҷаҳонӣ даст ёфт, ба ин маворид афзудааст. Ошуфтагии касифе, ки дар боло тавзеҳ дода шуд…

Фақат Худо медонад ин вазъияти вахими ифроту тафрит ба куҷо ва чӣ гуна хатм хоҳад шуд. Ҳамон тур, ки ман мебинам, ҳама чиз дар ҳоли ҳозир беш аз ҳад пеш рафтааст, ки ба равиши маъмулӣ дармон шавад. Ниёти маъмулии инсон барои ислоҳи чунин вазъияте бисёр заиф аст. Таназзул додани чизе бисёр осон аст, аммо иртиқоъи муҷаддади он ба маънои воқеии калима як кори душвор аст. Ва иҷрои адолати лозим ҳатто сахттар аст.

Ман ба навъе аз чашмандози Ҷанги ҷаҳонии севум лаззат мебарам, зеро ба вузӯҳ ба назар мерасад, ки мо ба сӯи он меравем. Ҳеҷ дармоне дигаре барои бемориҳое, ки дар атрофам мебинам, вуҷуд надорад.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!