Хабари рӯз

Нигоҳи низомиёни русӣ ба Толибон пур аз сӯизанн буда ва бархӯрдҳо сарду ҳушдоромез!

Нависанда: Аҳмад Шуайб Наимӣ, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Русия баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ фарозу фурудҳои бисёреро пушти сар гузошт. Ин кишвар аз нигоҳи вусъати сарзаминӣ мақоми нахустро доро мебошад ва ҷамъияти он наздик ба 149 миллион нафар мерасад, ки мусулмонон низ ҷамъияти қобили мулоҳизае дар ин кишвари паҳновар доранд.

Оғози равобити Русия бо Хуросон/Афғонистон ба шурӯи Бозии Бузург/тасарруфи кишвариҳои Осиёи  Марказӣ ва ташкили кишвари ҳоил миёни Русияи таззорӣ ва Бритониёи Кабир бармегардад. Бо рӯи кор омадани болшевикҳо, фикри расидан ба уқёнуси Ҳинд дар Кремл парварда шуд ва аз ин ҷо буд, ки  пешзаминаҳое барои алоқаи рӯзафзуни ин кишвар, минҳайси ҳастаи марказии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, ба кишвари мо эҷод шуд, то ин ки ба ишғоли низомии кишвари мо аз сӯи Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ мунҷар гардид.

Аз ишғоли низомии кишвари мо тавассути шӯравиҳо, беш аз чил сол сипарӣ шудааст. Бисёриҳоро дар Русия бовар ба ин аст, ки ишғоли низомии Афғонистон тасмиме буд, ки тавассути як ҳалқаи кӯчаке гирифта шуд. Андаке пас аз ихроҷи нерӯҳои Шӯравӣ аз кишвари мо фурӯпошии ҳамаҷониба фаро расид. Дар Русия ба он “солҳои 90” гуфта мешавад. Ин даврон то солҳои 2000, ки Владимир Путин ба қудрат расид, идома пайдо кард. Аз ин давра, ба унвони яке аз талхтарин давраҳои таърихи муосири Русия ёд мешавад. Дар ин мақтаи замонӣ, ки кишвари мо таҳти ишғол неруҳои ниёбатии Покистон - Толибон қарор дошт, Русия ба рағми мушкилоти дохилии худ, аз Ҷабҳаи муттаҳиди миллии зидди Толибон ҳимоят кард.

Осиёи Марказӣ ҳаёти хилвати Русия ба шумор меравад ва яке аз далоили муҳими алоқамандии ин кишвар ба мавзӯъоти Афғонистон ба ҳамин амр пайванд дорад. Дарвоқеъ, нигоҳи Русия ба кишвари мо бештар амниятӣ будааст. Русия бо таҳти назар доштани Афғонистон, мехоҳад аз густаришии ноамнӣ, бесуботӣ, маводи мухаддир ва дигар падидаҳои хатарофарин ба Осиёи Марказӣ ҷилавгирӣ кунад, ки дар қадами баъд метавонад ба марзҳои сарзамини аслии Русия бирасад.

Баъд аз сарнагунии режими Толибон дар соли 2000 Русия яке аз кишварҳое буд, ки аз раванди  сиёсии ҷадид ба раҳбарии Амрико дар Афғонистон ҳимоят намуд, ки аз он ба унвони тамоюли Русия ба таомул бо Ғарб дар сиёсати калони ҷаҳонӣ таъбир мешуд, то ин ки дар соли 2008 ҷанги Гурҷистон воқеъ шуд ва мунҷар ба тирагии равобити Русия бо Ғарб гардид.

Амре, ки боис гардид ҳимояти Русия аз раванди сиёсӣ дар Афғонистон бо меҳварияти Амрико камранг шавад. Бо тағйироти сиёсӣ дар Украина ва замима сохтани Қрим ба хоки Русия дар соли 2014 равобити Русия бо Ғарб ба нозилтарин сатҳ расид ва то суқути дубораи кишвар ба дасти Толибон ин вазъият идома пайдо кард. Ҳарчанд дар зоҳир баъзе ҳаракатҳои дипломатӣ ва сафарҳои ташрифотӣ анҷом мешуд, аммо равобити маънодоре миёни Русия ва кишвари мо вуҷуд надошт.

 

Нигоҳи Русия ба кишвари мо баъд аз августи 2021:

Баъд аз ба қудрат расидани дубораи Толибон нигоҳи Русия ба кишвари мо дучори тағйир ва дигаргунӣ шуд. Дар сатҳи дипломатӣ равобити гарме байни Кобулу Маскав барқарор шуд, аммо дар сутӯҳи низомӣ ва истихборотӣ нигоҳи мутафовите вуҷуд доштааст. Дарвоқеъ нигоҳи низомиёни русӣ ба Толибон пур аз сӯизанн буда ва бархурдҳо сарду ҳушдоромез!

 

Вазорати хориҷа:

Дастгоҳи дипломатии Русия монанди бисёре аз кишварҳои дигари минтақа бо хушбинии муфрат ба қазия бархурд намуд. Сафорати Русия дар Кобул фаъол нигаҳ дошта шуд ва рафтуомадҳои дипиломатӣ ҳам идома ёфт. Албатта, нақши шахси Замир Кобулов, намояндаи хосси Путинро ҳам наметавон нодида гирифт. Замир Набиевич Кобулуфи 70-соларо метавон меъмори робитаи Русия бо Толибон номид. Ӯ, ки ба забони форсӣ хуб сухан мегӯяд, тавонист бо истифода аз нуфузи худ, бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказиро ба масири ҳамкорӣ бо Толибон бикашонад.

Баъзеҳо ба ин боваранд, ки талоши дастгоҳи дипломатии Русия барои гарм нигаҳ доштани равобит бо Толибон реша дар ногузирии Русия дорад, ки бо шурӯъи ҷанги Украина ин кишварро дар вазъияти душворе қарор додааст. Вазъияте, ки ҳарос аз гушӯда шудани як ҷабҳаи ҷангии дигар дар марзи ҷанубу шарқӣ дар он нақши таъйинкунанда дорад.

Русия то он ҷо дар ҳифзи вазъияти ҳоким бар равобиташ бо Толибон пеш рафта, ки ҳатто дар муқобили таҳрикоти ошкоре ҳамчун инфиҷор дар муқобили сафорати Русия дар Кобул ва кушта шудани дипломатҳои рус, ҳаводиси Қазоқистон, рокетпарогании Толибон ба Ӯзбекистон ва чанд ҳамла болои Тоҷикистон ҳам посух надодааст.

Нозирон ба ин боваранд, ки лаҳни вазорати хориҷаи Русия ахиран тағйир кардааст ва ба эҳтимоли зиёд пас аз баргузории интихоботи раёсатиҷумҳурӣ тағйироте дар дастгоҳи дипломатии Русия рӯнамо шавад, ки ҳадафи он ҳамсӯ сохтани нигоҳи вазорат бо вазорати дифоъ ва Шӯрои амният хоҳад буд.

 

Низомиҳо:

Дар миёни низомиён Николай Патрушев, мушовири Шӯрои амнияти миллии Русия, дувумини шахси қудратманд баъд аз Путин ба шумор меравад, ки эҳтимолан ҷонишини Путин хоҳад буд, нақши таъйинкунанда дорад. Ӯ дар бораи Толибон ва дигар ҳаросафганон нигоҳи равшан ва мавзеъи қотеъ дорад. Гуфта мешавад, ки шахси Путин ҳам бо мушовири Шӯрои амнияти миллӣ дар бораи Толибон ҳамназар аст.

Николай Патрушев нигоҳи мусбате ба кишварҳои Тоҷикистон (шахси Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури он, ки ҳомии қотеъи ҷараёни аслии ҷабҳаи зиддитолибонӣ, яъне Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба шумор меравад)  ва Эрон дорад ва ҳар аз гоҳе ба ин кишварҳо сафар низ менамояд.

Соҳибназарон дар Русия ба  ин боваранд, ки низомиён ба раҳбарии Николай Патрушев баъд аз хатми масъалаи Украина ба эҳтимоли бисёр зиёд сенарияи Сурияро бо ҳамкории Эрон дар Афғонистон дар муқобили ҳаросафганон такрор хоҳанд кард.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!