Хабари рӯз

Ҷанг ҷанги идеологӣ нест, балки манофеъи иқтисодӣ аст.

Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии фарҳангии Ховари Миёна ва фалсафаи исломӣ, муассис ва мубтакири демократияи исломӣ (Калифорния, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), узви Шӯрои машваратии “Сангар”

Фавзияҷон Эҳсон, корманди радио/телевизиони “Садои Амрико” аз Вашингтон ДС бо ман ба тамос шуд ва дар мавриди мавқифи Русия, ки Толибонро аз “феҳристи сиёҳ” ва ё даҳшатафган хориҷ месозад, назархоҳӣ кард.

Дар ин маврид, ман ба илми таърих ва дар ин бахши таърихи Афғонистон руҷуъ мекунам ва посух мегӯям.

Афғонистон аз қарни нуздаҳум ба ин сӯ тавассути Русияи таззорӣ ва Ҳинди бритониёӣ мавқифи минтақаи ҳоилро гирифт ва аҷабо, ки то имрӯз давом дорад ва ба ҳамон минвол бо ин ки қудратҳо тағйир карданд ва аммо равиши машҳури Бозии Бузург дар марҳалаи севум қарор гирифта ва давом дорад.

 Русия бо зиддияти Иёлоти муттаҳидаи Амрико, ки имрӯз ба ҷойи Ҳинди бритониёӣ дар қисмати рости минтақаи ҳоил қарор дорад, барои манофеи роҳбурдӣ ва иқтисодии худ нақш бозӣ мекунад. Дувум масъала даҳшатафганӣ дар дохили Русия аст, ки мехоҳад бо ин иқдом аз тарафи гурӯҳҳои даҳшатафган як тазмин дошта бошад.

Вақте манофеи иқтисодии қудратҳои бузург дар ду ҷиноҳи Афғонистон матраҳ бошад, масъалаи ҳуқуқи зану ҳуқуқи башар ва ин масоил зери таъсири орзуҳои роҳбурдӣ ва иқтисодӣ дар минтақаи ҳоил мешавад.

Бо ин ки Иёлоти Муттаҳида дар мавриди иқдоми Русия вокуниш нишон дод ва аммо Иёлоти Муттаҳида ба хотири нақзи ҳуқуқу ҳаққи мардуми Фаластин ва ҳимояву пуштибони Исроил ва қазияи Украина даҳан надорад, ки боз кунад ва қудрати ҷиноҳи чапи минтақаи ҳоилро маломат кунад.

Тафовут байни қарни нуздаҳум ва қарни бисту якум дар Бозии Бузург ё  The Great Game ин аст, ки дар он замон танҳо ду қудрат бо ҳам ба расидан ба обҳои гарм ва ё мамониат ба расидан ба он бо ҳам монанди қучқор калла мезаданд ва аммо имрӯз қудратҳои ниёбатӣ дар канори қудратҳои бузург, монанди Эрон ва Покистон ва аз нигоҳи фикрӣ ва тамвили пулӣ Арабистони Саудӣ ҳам дар канорашон қарор дорад, ки боиси марҳалаи дувуми ҷанги сард ё Cold War шудааст ва ин аз ҳар нигоҳ барои Афғонистон як чолиши бузург аст.

Дар сурате, ки Русия зери фишор қарор гирад, имкони ба расмият шинохтани Толибон аз имкон ба дур нест. Ҷанг ҷанги идеологӣ нест, балки манофеъи иқтисодӣ аст, айнан монанди қарни нуздаҳум, махсусан, ки ҳоло собит шудааст, ки маодини Афғонистон бузургтарин сармояи дунё метавонад бошад.

Равиши сиёсии Толибон чун ба ҳимояи Покистон ва муомилаи Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба қудрат расидаанд, равиши ҷадиди Бозии Бузургро тақвият кардааст, ки ба суди Афғонистон нест. 

Барои мутолиоти бештар дар заминаи Бозии Бузург ду китобро тавсия мекунам:

The Great  Game. The Struggle for  Empire in  Central Asia, by Peter Hopkirk(1994),

The New Great Game. Blood and Oil in Central Asia, by Lutz  Kleveman(2003).


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!