Хабари рӯз

На фақат Русия, балки як эътилофе аз кишварҳо барои ба расмият шинохтани Толибон омодагӣ мегиранд.

Нависанда: Андрей Серенко, раиси Маркази мутолиоти сиёсати Афғонистон (Русия)

Русия, Чин ва кишварҳои минтақа муштаракан барои ба расмият шинохтани режими Толибон дар Афғонистон омодагӣ мегиранд.

1 - Тасреъ дар проекти ба расмият шинохтани сиёсии режими Толибон дар Афғонистон тавассути Маскав (дар ду марҳала - ибтидо ҳазф аз феҳристи миллии созмонҳои террористии мамнуъ ва сипас ба расмият шинохтани сиёсии давлати Толибон) мумкин аст бахше аз тавофуқоти Русияву Чин ва ҳамчунин теъдоде аз давлатҳои минтақа бошад.

2 - Ба назар мерасад, ки Маскав, Пекин ва шарикҳои минтақаии онҳо дар талош ҳастанд, то аз ибтикороти сиёсии ҷадиди Вашингтон ва муттаҳидонаш дар ростои Афғонистон, ки мумкин аст пас аз тағйири давлат дар Кохи Сафед дар 6 моҳи оянда рух диҳад, ҷилавтар бираванд ва ибтикорро ба даст гиранд.

3 - Бо ин ҳол, ҳатто ин рӯйдоди таърихиро интизор нашуда, бадеҳист, ки амрикоиҳо бо бархе аз раҳбарони бонуфузи ҷиноҳҳои Толибон ва намояндагони гурӯҳҳои сиёсии бадили муҳоҷири Афғонистон ва муқовимати мусаллаҳи зиддитолибонии Афғонистон тамоси худро афзоиш медиҳанд.

4 - Кишварҳои минтақа дар маърази хатари қарор гирифтан дар мавқеияти пайгирон ва фақат вокунишгарон ба проектҳои баъдии Амрико дар мавриди Афғонистон метавонанд бошанд. Ва талош барои ба расмият шинохтани сареъи режими Толибон шояд ҳаракате барои пешӣ гирифтан аз Амрико бошад.

5 - Ин талош чӣ қадар муваффақиятомез хоҳад буд, замон нишон хоҳад дод. Акнун дар идомаи иқдомоти Русия барои ҳазфи Толибон аз "феҳристи сиёҳ"-и миллии созмонҳои террористии мамнуъ метавон интизори ироаи як ибтикори Чин дар робита бо ба расмият шинохтани сиёсии режими Толибонро дошт.

6 - Тасодуфӣ нест, ки "ҳаракат" дар ин ҷиҳат тақрибан билофосила пас аз поёни сафари Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Пекин дар Маскав ба вуҷуд омад. Ба эҳтимоли зиёд, ибтикори Русия дар мавриди Толибон дар он ҷо бо руфақои чинӣ мавриди тавофуқ қарор гирифт ва ҳамоҳанг шуд.

7 - Бадеҳист, ки Маскав бо тағйири қолаби равобити худ бо режими Толибон бидуни мувофиқат бо Пекин иқдом нахоҳад кард. Акнун раванди ташкил ва расмиятёбии як эътилофи кишварҳои минтақа, ки омодаи пайвастан ба ин проект ҳастанд (Қазоқистон, Ӯзбекистон, Эрон), низ оғоз шудааст.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!