Хабари рӯз

Русия ба кӯмаки Куба – рафиқи деринаи худ шитофт.

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Сафорати Русия дар Куба эълом кард, ки дар таърихи 30 марти 2026 нафткаши русии “Анатолий Колодкин” 100 ҳазор тон нафт ба Куба, кишваре, ки ба далели муҳосираи амалӣ аз сӯи Иёлоти Муттаҳида, аз ибтидои январи соли ҷорӣ ин маводро дарёфт карда наметавонист, таҳвил дод.

Сафорат ҳамчунин суханони сухангӯи раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Песковро нақл кард, ки таъкид намуд: “Русия вазифаи худ медонад ки бетафовут намонад ва кӯмакҳои лозимро ба дӯстони кубаии худ ироа диҳад”.

Сафири Русия дар Куба, Виктор Коронелли, хотирнишон кард, ки Русия дар шароити “фишор ва таҳдидҳои бесобиқа аз сӯи Иёлоти Муттаҳида” ба Куба кӯмак мекунад.

Вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров, дар таърихи 18 феврали 2026 дар дидор бо ҳамтои кубаии худ, Бруно Эдуардо Родригес Парриля, иқдомоти маҳдудкунандаи ғайриқонунии Иёлоти Муттаҳида алайҳи Ҳаванаро маҳкум кард.

Сухангӯи расмии вазорати умури хориҷаи Русия, Мария Захарова, дар вокуниш ба фармони иҷроии мунташиршуда дар 29 январ дар Иёлоти Муттаҳида эълом кард, ки ин санад бозгашти радикал ба стратегияи фишори Вашингтон бар “ҷазираи озодӣ” аст, ки бо ҳадафи хафасозии иқтисодии он пайгирӣ мешавад. Ӯ таъкид кард, ки мавқеи Русия дар ин хусус бидуни тағйир боқӣ мондааст.

Ба гуфтаи Захарова, Маскав иқдомоти якҷонибаи таҳримӣ алайҳи кишварҳои мустақилро, ки бидуни таваҷҷуҳ ба Созмони Милал, оинномаи он ва соири усули ҳуқуқи байналмилал анҷом мешавад, комилан ғайриқобили қабул медонад.

Ӯ афзуд: “Мо қотеъона иқдомоти маҳдудкунандаи ғайриқонунӣ алайҳи Ҳавана, фишор бар раҳбарият ва шаҳрвандони ин кишварро маҳкум мекунем. Итминон дорем, ки алорағми мавонеъи эҷодшуда аз хориҷ, Куба ба рушди равобити муассири хориҷӣ-иқтисодии худ идома хоҳад дод”.

Дар авоили январи 2026, Иёлоти Муттаҳида пас аз амалиёт алайҳи Венесуэла эълом кард, ки содироти нафт ба Кубаро мутаваққиф мекунад. Давлати Ҳавана барои музокироте, ки Доналд Трамп пешниҳод дода буд, омодагӣ дошт, аммо ин музокирот ҳаргиз баргузор нашуд.

Дар 29 январ раисиҷумҳури Амрико фармонеро имзо кард, ки бар асоси он, Иёлоти Муттаҳида бар колоҳои кишварҳое, ки ба Куба нафт арза кунанд, тарофа вазъ хоҳад кард. Пеш аз ин, Трамп эълом карда буд, ки Куба таҳдиде барои амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида аст.

Пас аз оғози даргирии низомӣ миёни Иёлоти Муттаҳида ва Исроил алайҳи Эрон, бозори ҷаҳонии нафт бо мушкилот дар таъмин рӯ ба рӯ шуд. Дар ин шароит, Трамп тасмим гирифт бахше аз таҳримҳо алайҳи нафти Русияро коҳиш диҳад. Ба таври мушаххас, ӯ иҷозаи фурӯши сӯхтеро дод, ки то пеш аз 12 марти 2026 дар нафткашҳо боргирӣ шуда буд.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!