Хабари рӯз

Чаро Трамп дасти рад ба синаи муттаҳидони қадимӣ зад?

Нависанда: Томас Фридман, сутуннависи рӯзномаи Ню-йорк Таймз

Манбаъ ва тарҷума: “Фароруд” (Эрон)

Драмае, ки миёни Доналд Трамп ва Владимир Зеленский аз Украина дар ҳоли вуқӯъ аст, пурсиши амиқ ва озордиҳандаеро дар зеҳни ман матраҳ кардааст, ки то кунун ҳеҷ гоҳ аз кишварам напурсида будам: оё мо таҳти раҳбарии фарде ҳастем, ки таҳти таъсири нақшаҳои Владимир Путин қарор гирифтааст? Фарде, ки омода аст дидгоҳи таҳрифшудаи раисҷумҳури Русияро дар хусуси ин ки чӣ касе ҷанг дар Украинаро оғоз карда ва чӣ тавр бояд поён ёбад, комилан бипазирад? Ё оё раисҷумҳури мо монанди раҳбари як созмони мафияӣ амал мекунад ва дар талош аст, ки заминҳоро бо Русия тақсим кунад, ҳамон тур, ки сарони хонаводаҳои ҷиноӣ амал мекунанд? “Ман Гринландро мегирам ва ту Қримро бардор. Ман Панамаро мегирам ва ту нафтҳои Қутби Шимолро бардор. Сипас маодини камёби Украинаро тақсим мекунем. Ин муомилае мунсифона аст.”

 

Хатари бузургтар аз ҷанг; Оё Трамп чароғи роҳнамои Амрикоро хомӯш мекунад?

Дар ҳар сурат, ҳамватанони амрикоии ман ва дӯстонамон дар саросари ҷаҳон бояд бидонанд, ки ҳадди ақал барои чаҳор соли оянда, Амрико дигар он чи шумо мешинохтед, нахоҳад буд. Арзишҳои бунёдин, муттаҳидони дерина ва ҳақоиқе, ки ҳамвора ба унвони нуқоти собити иттикои худ мешинохтед, акнун дар пардае аз ибҳом фурӯ рафтаанд ё ба музояда гузошта шудаанд. Доналд Трамп танҳо аз як чорчӯби номутаъориф намеандешад, балки асосан ҳеҷ чорчӯбе надорад. Ӯ ба ҳеҷ ҳақиқате ё усуле, ки дар гузашта чароғ роҳнамои Амрико буданд, вафодор нест.

Дӯстони суннатии мо агар сардаргум шудаанд, ҳақ доранд ва ман наметавонам онҳоро маломат кунам. Ҳафтаи гузашта, мақолае бисёр нигаронкунанда аз Натан Шаронски, фаъоли шинохташудаи мухолифи ҳукумати Шӯравӣ ва мудофеъи озодӣ хондам, ки дар он навишта буд: “Вақте нахустин бор шунидам, ки Доналд Трамп дар фурудгоҳ Владимир Зеленскийро масъули оғоз ҷанге, ки Русия алайҳи Украина ба роҳ андохтааст, муаррифи кард, шука шудам.”

Шаронски дар мақолае, ки барои Де Фри Пресс навишт, таъкид кард: “Ба назар мерасад Трамп ҳарфҳои Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро пазируфтааст. Ӯ ҷумлаеро такрор кард, ки бештар шабеҳи таблиғоти даврони Шӯравӣ буд: ин ки Зеленский як раҳбари машрӯъ нест. Вақте Путин, ки гӯӣ барои ҳамеша раҳбари Русия аст, чунин мегӯяд, шояд битавон онро масхара талаққӣ кард. Аммо вақте раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ин гуна сухан мегӯяд, масъалае нигаронкунанда, фоҷиабор ва фаротар аз ақлу мантиқ аст.”

 

Трамп ва нигоҳи мафияӣ ба қудрат

Бардоште, ки мегӯяд, Трамп танҳо ба унвони фарди маҷзуби Путин ва идеяҳои миллигароёнаи ӯ зоҳир мешавад ва усули ақлоние, ки ваъда дода будро нодида мегирад, шояд дар нигоҳи аввал дидгоҳи мулоим ба назар бирасад. Аммо як тафсири ҷиддитар низ вуҷуд дорад: Трамп на танҳо қудрати Амрикоро абзоре барои ҳимоят аз заифон дар баробари ситамгарон намедонад, балки онро ба унвони василае барои эъмоли фишор ба заифон мебинад. Дарвоқеъ, ӯ Амрикоро ба шакли як “рекет” ё сохтори аххозӣ идора мекунад.

Намунае аз ин рӯйкардро метавон дар мақолае дар Вол Истрит Журнал мушоҳида кард, ки дар он гузорише аз дидори ахири Искот Бессент, вазири хазонадории Амрико бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар Киев омадааст. Тибқи ин гузориш, Бессент пешниҳоде ба Зеленский ироа карда буд, ки рад кардани он тақрибан ғайримумкин буд. Ин пешниҳод вогузории ҳуқуқи маъдани Украина ба Амрико ба арзиши садҳо миллиард доллар дар изои кӯмакҳои молии Амрико буд.

Ин моҷаро шабоҳати зиёде ба саҳнаҳое аз филми “Падархонда дорад. Гузориш чунин тавсиф мекунад: “Бессент аснодро рӯи миз гузошт ва аз Зеленский хост онҳоро имзо кунад... Зеленский нигоҳе кӯтоҳ ба аснод андохт ва гуфт, ки бояд бо тими худ машварат кунад. Бессент сипас аснодро наздиктар ба самти ӯ ҳел дод ва гуфт: “Ту воқеан бояд инро имзо кунӣ. Зеленский посух дод, ки ба ӯ гуфтаанд, афроде дар Вашингтон ҳастанд, ки агар ӯ имзо накунад, бисёр нороҳат хоҳанд шуд. Ӯ мадорикро гирифт, аммо тааҳҳуде ба имзо надод.

Ин ривоят нишон медиҳад, ки вақте Трамп худро танҳо бо афроде муҳосира мекунад, ки назароташро тақвият мекунанд, ба чӣ вазъияте мунҷар мешавад. Бессент, ки сармоягузори боҳушест, бешак медонист, ки раисҷумҳури Украина наметавонад бидуни машварат бо вукало, парлумон ва мардумаш чунин аснодеро имзо кунад. Аммо вазири хазонадорӣ ба назар мерасид, ки худро муваззаф ба иҷрои дастуроти Трамп медонад, ҳатто агар ин дастурот фосид ё музҳик ба назар мерасиданд. Агар раисҷумҳур хоҳони холӣ кардани Ғазза ва табдили он ба як казино бошад, бояд ҳамонро бифурӯшад. Агар Украина дар васати як ҷанг бошад, бояд аххозӣ шавад. Чунин дидгоҳе реша дар нигоҳи мафияии Трамп ба қудрат дорад, ки онро на ба унвони абзоре барои манофеъи умумӣ, балки ба унвони василае барои эъмоли султа ва манфиати шахсӣ талаққӣ мекунад.

 

Таҳлили “Экономист: Русия дар тангнои ҷангӣ ва чолишҳои иқтисодӣ

Раисҷумҳур дар Иёлоти Муттаҳида бояд мутаваҷҷеҳ мешуд, ки Путин дар ҳоли бозӣ бо дасти заифест ва метавонист аз он баҳрабардорӣ кунад. Чунонки нашрияи “Экономист” ҳафтаи гузашта ишора кард, бисёре аз пирӯзҳои Русия ба ҳафтаҳои нахусти ҷанг маҳдуд шуда буд. Дар апрели 2022, пас аз ақибнишинии Русия аз шимоли Украина, ҳудуди 19.6 дарсад аз хоки Украина таҳти контрол онҳо буд; Тахмини талафоти Русия (кушта ва захмӣ) ҳудуди 20 ҳазор нафар буд. Имрӯз, Русия танҳо 19.2 дарсад аз хоки Украинаро дар ихтиёр дорад ва талафоти он ба ҳудуди 800 ҳазор нафар расидааст.

Беш аз ниме аз 7300 тонки Русия нобуд шудаанд ва аз тонкҳои боқимонда, танҳо 500 тонк имкони таъмири сареъ доранд. То апрел, эҳтимол меравад Русия тонкҳои Т-80-и худро низ аз даст бидиҳад. Тайи соли гузашта, Русия ду баробар бештар аз системҳои тӯпхонаии худро нисбат ба ду соли қабл аз даст додааст. Тахсиси манобеъ аз бахшҳои тавлидӣ ба самти низомӣ, ба афзоиши таварруми дурақамӣ ва нархи баҳраи 21-дарсадӣ мунҷар шудааст. Чунин вазъияти шиканандае метавонист фурсате барои тақвияти мавзеъи Амрико ва ҳимояти қотеътар аз Украина эҷод кунад, аммо рафтори Трамп нишондиҳандаи он аст, ки манофеъи миллӣ, усули ақлонӣ ва ахлоқӣ фидои ҷоҳталабиҳои шахсии ӯ шудааст.

 

Трамп ва тавофуқи маъданӣ бо Украина; Оё ин фаротар аз ҳадди шармовар аст?

Агар ин рӯйдодро ба як бозии покер ташбеҳ кунем, Путин танҳо ду ҷуфт дар даст дорад ва бо блеф задан шарти сангин мебандад. Дар ҳоле ки интизор меравад Трамп ин блефро бо посухи қотеъ беасар кунад, ӯ ба содагӣ мегӯяд: “Фикр мекунам канор бикашам.” Трамп, ба ҷои ҷамъоварии муттаҳидони аврупоӣ ва афзоиши фишори низомӣ бар Путин ё ироаи пешниҳоде, ки раҳбари Русия натавонад рад кунад, масири маъкус дар пеш гирифт. Ӯ Амрикоро аз ҳампаймононаш дар Созмони Милал ҷудо кард ва аз тасвиби қатъномае барои маҳкумияти ҳамлаи Русия ба Украина худдорӣ намуд; То ҷое, ки бо кишварҳое монанди Кореяи Шимолӣ раъй дод. Сипас ба ҷои ҳадаф гирифтани Путин, корзоре алайҳи Зеленский ба роҳ андохт.

Дар ин корзор, Трамп иддаои нодурусте матраҳ кард, ки Украина оғозгари ҷанг буда ва ҳамчунин муддаӣ шуд, ки мизони маҳбубияти Зеленский танҳо чаҳор дарсад аст; Дар ҳоле ки воқеият ин аст, ки маҳбубияти ӯ 57 дарсад аст, яъне 13 дарсад болотар аз маҳбубияти худи Трамп мебошад. Ӯ ҳатто Зеленскийро “диктатор” номид ва аз ӯ хост, ки интихобот баргузор кунад, дар ҳоле ки Путин, рақиби аслиаш Алексей Навалнийро ба солҳо зиндон дар минтақае дурафтода дар Қутби Шимол фиристод, ҷое, ки Навалний дар шароите мармуз ҷон бохт. Трамп ба таври зимнӣ ба Путин иҷоза дод ҳар иқдоме бихоҳад анҷом диҳад.

Зеленский ҳоло дар шароите қарор гирифта, ки мумкин аст ночор шавад тавофуқи музҳик дар бораи манобеъи маъданиро бипазирад, ҳатто бо ин ки Трамп маблағи се ё чаҳор баробар кӯмаки 120-миллиарддолларии Иёлоти Муттаҳида ба Украинаро мутолиба мекунад; Кӯмакҳое, ки Украина барои дифоъ аз Ғарб дар баробари ҳамлаи Русия аз онҳо баҳра гирифтааст. Ин вазъият воқеан таассуфовар аст. Трамп, ба ҷойи эъмоли фишор бар Путин барои пардохт хисорат ё тазмини амнияти ояндаи Украина, дар талош аст аз украиниҳо ба хотири ҳамлаи Русия ба Украина суд бибарад. Кохи Сафед низ ин рӯйкардро ба вузӯҳ таъйид кардааст: “Ин тавофуқи иқтисодӣ бо Украина ҳеҷ замонате барои кӯмакҳои ояндаи ҷанг ироа нахоҳад дод ва ҳеҷ тааҳҳуде барои ҳузури нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар минтақа дарбар нахоҳад дошт.”

Агар Амрико пас аз поёни ҷанг бихоҳад ба поси қадрдонӣ аз кӯмакҳояш дастрасии ширкатҳои амрикоӣ ба манобеъи табиии Украинаро тасҳил кунад, мантиқӣ ба назар мерасад. Аммо ин ки акнун чунин хостае матраҳ шавад, он ҳам бидуни ироаи ҳеҷ тазмине барои амнияти Украина, фаротар аз ҳад шармовар аст.

 

Оё уфули гегемонияи Амрико иҷтинобнопазир аст?

Трамп бардошти комилан нодурусте аз Путин дорад. Ӯ тасаввур мекунад, ки Путин танҳо ба андаке таваҷҷуҳи мусбат, каме дарк аз ниёзҳои амниятиаш ва навъе эҳтироми дӯстона ниёз дорад то ором шавад ва дар ниҳоят сулҳеро, ки Трамп муштоқона ба думболи он аст, имзо кунад. Аммо ин дидгоҳ комилан беасос аст.

Ҳамон тур, ки Леон Арон, таҳлилгари масоили Русия ишора мекунад, Путин ба думболи “сулҳ дар Украина” нест. Ӯ ба думболи “пирӯзӣ дар Украина” аст, зеро бидуни пирӯзӣ, ӯ дар дохили кишвар бо буҳронҳои ҷиддӣ рӯбарӯ мешавад. Демократияҳои сармоядорӣ ҳар иқдоме барои сулҳ анҷом медиҳанд, аммо худкомагии Путин ҳар иқдоме барои пирӯзӣ анҷом медиҳад ва мо бояд ин муодиларо тағйир диҳем.

Як коршиноси равобити байналмилал дар Москва ба ман гуфт, тими Путин ба тими Трамп ҳамчун як “мошини далқак” нигоҳ мекунад, пур аз тозакороне, ки ба осонӣ фиреб мехӯранд. Ин коршинос тавзеҳ дод, ки Путин ҳадафи ниҳоиашро ин гуна мебинад: бозгардондани азамати Русия ва коҳиши азамати Амрико. Аз нигоҳи ӯ, Путин дар пайи мудирияти тадриҷии уфули гегемонияи Амрико аст, ба тавре, ки Иёлоти Муттаҳида ба яке аз қудратҳои баробар табдил шавад, бар нимкураи ғарбӣ мутамаркиз бимонад ва аз лиҳози низомӣ аз Аврупову Осиё ақибнишинӣ кунад.

Ба баёни ин таҳлилгар, Трамп абзори бераҳмонае барои таҳаққуқи ин уфули иҷтинобнопазир аст. Оё Трамп ва ҷумҳурихоҳон ин мавзӯъро дарк хоҳанд кард? Шояд, аммо мумкин аст вақте, ки дигар хеле дер шуда бошад.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!