Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо меҳвари муттафиқини осиёӣ чӣ бозиро ба роҳ мондааст?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Амрикои таҳт раҳбарии Трамп талоши аъзамеро барои ҳифзи ҷойгоҳи Амрико дар сатҳи байналмилалӣ хоҳад кард, аммо бо як тафовут, ки Трамп хостори коҳиши қобили мулоҳизаи ҳазинаҳое аст, ки Амрико барои солиёни мутамодӣ барои ҳифзи ин ҷойгоҳ пардохт кардааст. Маънои ин ҳарф ин аст, ки Амрико мехоҳад бо камтарин ҳазина иттихози тарфандҳои мармуз дар ин бозии қудрат ва ҳижмунхоҳии ҷаҳонӣ баранда шавад.
Ин талошҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷиҳати маҳори фаъолиятҳо, талошҳо ва иқдомотест, ки меҳвари муттафиқини осиёӣ, монанди Русия, Чин ва Эрон дар солиёни ахир анҷом медиҳанд. Аз сармоягузорӣ гирифта то эҷоди иртибототи роҳбурдӣ бо дунё, аз паймонҳои дифоӣ ва амниятӣ то бадилҳои шоҳрагҳои таъмини иқтисодӣ, аз иқдом ба тасхири ҷуғрофия ба василаи ҳуҷуми низомӣ гирифта, то ҳимоят аз душманони Амрико ҳама дар қолаби ин талошҳои муттафиқини осиёӣ аз ҷониби Амрико мадди назар аст.
Трамп як иддао дорад, то битавонад Амрикои имрӯзро бо камтарин масраф ва махориҷи иқтисодӣ ва молӣ дар садри сиёсатҳои ҷаҳонӣ нигаҳ дорад. Ин кишвар аз замони рӯи кор омадани Ҷо Байден, стратегияи эҷоди шикоф миёни Чину Русия ё Русияву Эрон ва ҳар зилъро дар дастури кори ҷиддӣ қарор дода буд. Ҳатто қабл аз он Трамп бо дидорҳои бепешина ва таърихӣ бо Ким Ҷун Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ, миёнаи гарм бо Путин ва дипломатияи зоҳирӣ ва фиребанда бо раҳбари Чин дар талош буд, то аз пешрафт ва истеҳкоми ин иттиҳод ба воситаи эҷоди шикоф ҷилавгирӣ кунад.
Ҳоло бо махтум сохтани қазияи Украина, ки зоҳиран ба нафъи Русия ҳам аст, Амрико дар талош аст, то бо эҷоди сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ Эрон ва Русияро аз канори чиниҳо дур бисозад. Бо ин кор, ҳадафe мароми амрикоиҳо мунзавӣ сохтан ва танҳо гузоштани Чин дар буҳбуҳаи рақобатҳои ҷаҳонӣ бо Амрико аст, ки метавонад то ҳадди зиёде бар рӯҳияи ин рақобат бар чиниҳо таъсири манфӣ бигузорад ва ин идеяи амрикоиситезӣ ва амрикозудоиро маҳдуд созад.
Роҳбурди муҳосираи Чин тавассути Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бастани шоҳрагҳои иқтисодии дарёӣ ва эҷоди истикок дар масири иҷроӣ шудани тарҳи “Як камарбанд-як ҷода”-и Чин, аз ҷумлаи муаллифаҳои ин роҳбурд ҳисоб мешавад. Дар ҳоле ки эҷоди шикоф дар иттиҳоди осиёӣ, ки Чин дар он нақши меҳварӣ дорад, муаллифаи амниятӣ, низомӣ ва сиёсии ин роҳбурд ба шумор меояд. Аз сӯи дигар, ҳимоят аз Тайван минҳайси як абзори фишор бар равони чиниҳо, намуде аз сиёсати фишори суннатии амрикоиҳо дар баробари чиниҳо аст.
Ба ин тартиб, Амрико бо дур сохтани Русия ва Эрон аз меҳвари осиёӣ ҳалқаи муҳосираи Чинро тангтар сохта ва талош мекунад, то тамоми заминаҳои рақобати Чин бо Амрикоро маҳдуд созад. Ҳамчунон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар назар дорад, то дар зимни талошҳо барои эҷоди шикоф дар миёни муттафиқини осиёӣ Эронро ба унвони заифтарин узви иттиҳоди авруосиёсӣ ҳадаф қарор диҳад ва аз ин иттиҳод хориҷ кунад, зеро ин иттиҳод, ки шомили Чин, Русия ва Эрон аст, бо ҳамкориҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва низомӣ дар баробари назми ҷаҳонӣ ба раҳбарии Амрико қарор гирифтааст.
Тасаввури амрикоиҳо ин аст, ки дар давраи дувуми Трамп, Амрико бояд рӯйкарди таҳоҷумитар аз сиёсати дифоии давлати Байден иттихоз кунад. Ба ҷои идомаи сиёсатҳои боздоранда Вашингтон бояд ба Эрон фишори ҳаддиаксарӣ ворид кунад, то ин кишвар аз ҳамкорӣ бо Чин ва Русия даст бардорад. Роҳбурди фишор бар Эрон бояд шомили чандин буъди фишори иқтисодӣ, иқдомоти низомӣ, фишори дипломатӣ ва идеологӣ, маҳдудсозии барномаҳои ҳастаӣ, ҳазфи Эрон аз иттиҳоди ааруосиёӣ ва тазъифи Эрон дар меҳвари мавсум ба муқовимат бошад, то Эрон маҷбур шавад ба ин иттиҳод “на” бигӯяд.
Аз тарафе бо ҳалли муноқиша дар Украина иҷолатан ба Русия бояд тазминҳои амниятии ношӣ аз адами узвияти ин кишвар дар НАТО, таваққуфи таъқиб ва пайгирии сиёсатҳои пешравндаи НАТО ба самти Шарқ ва эҷоди пули иртиботи сиёсӣ бо Путин ин кишварро ором бисозад. Танҳо гузинаи мавриди назар Чин аст, ки бояд таҳти сиёсати муҳосира ва эҷоди фишор дар фазои байналмилалӣ онро аз думбол кардани сиёсатҳои тавсеаталабона дар баробари Амрико боз дорад.
Ҳоло саволе матраҳ мешавад, ки амрикоиҳо дар марҳалаи баъдии бозӣ чӣ дар назар доранд? Посух ба ин савол нафси аслии ин таҳлилро шакл медиҳад, зеро сарфи назар аз муваффақият ва иҷроӣ шудан ин тарҳ ва ё ин ки оё ин роҳбурд амалӣ мешавад ё хайр, амрикоиҳо дар назар доранд, то Эронро бо иттихози сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ дар як халои иттиҳодии роҳбурдӣ бо Чину Русия қарор диҳанд ва шомили тавофуқоти байналмилалӣ созанд, то ин кишвар барои замони ҳозир ором шавад ва қаноати он фароҳам шавад. Баъд бо эҷоди фазои фишори нарм заминаро барои тағйири режим дар ин кишвар мусоид хоҳанд сохт.
Русияро бо канор омадан дар қазияи Украина, ҳамчунон таҳти фишори таҳримҳои хафакунандаи иқтисодӣ нигаҳ медоранд, то аз зери бори ин фишор берун наёяд ва маҷол наёбад дар баробари тавсеаталабиҳои суннатии Амрико иқдоми талофиҷӯёна намояд. Баъдан бо тақвияти иттиҳод бо ҳамсоягонаш ва кишварҳои минтақа, ки миёнаи хубе бо Русия надорад, ин кишварро дар занҷираи муҳосирашуда аз иттиҳоди душманон қарор медиҳанд, то маҷоли нафас кашидан, надошта бошад.
Танҳо Чин бо равиши феълии муҳосира маҷбур аст барои бақояш биҷангад ва ҳарчи дар даст дорад, ҳазина кунад. Аз назари амрикоиҳо Чин ба танҳоӣ қодир нахоҳад буд, то дар баробари ин роҳбурди хафакунанда истодагӣ кунад ва дар баробари Амрико муқобила кунад. Бо ин кор Амрико аз шарри бағоватҳои тавсеаталабона ва афзунталабиҳои меҳвари осиёӣ дар амон хоҳад монд. Зеро гуфтаи машҳуре аст, ки мегӯянд: "Агар мехоҳӣ филеро бихӯрӣ, ибтидо онро қитъа-қитъа кун, баъдан онро бихӯр".
Натиҷагирӣ:
Роҳбурди эҷоди шикоф дар меҳвари муттафиқини осиёӣ чандманзураӣ ва дорои ҷиҳатҳои мухталиф аст. Ин роҳбурд бо ҳазфи Эрон аз иттиҳоди авросиёӣ ва эъмоли фишори ҳаддиаксарӣ болои ин кишвар, тавофуқи феълӣ бо Русия ва танг кардани ҳалқаи муҳосираи ин кишвар тавассути муттаҳидони Амрико ва ҳифзи ҳалқаи муҳосираи Чин тавассути маҳдуд сохтани гузинаҳои дарёӣ ва хушка қобили ҷамъ аст. Ҳадафи умдаи ин роҳбурд маҳдудсозӣ меҳвари осиёӣ ва аз байн бурдани иттиҳоди миёни онҳо ва ҳам дастрасии Амрико ба нуқоти ҳассосу калидӣ ва дорои аҳамияти роҳбурдӣ аст, ки барои ҳифзи ҷойгоҳи ҷаҳонии Амрико зарурӣ ва илзомӣ пиндошта мешаванд. Масалан, ҳазфи Эрон аз иттиҳоди авруосиёӣ мавқеияти Амрикоро дар Ховари Миёна тақвият карда ва Чину Русияро низ тазъиф хоҳад кард.
Ин рӯйкард бо стратегияҳои муваффақи гузашта, аз ҷумла шикасти императории Усмонӣ дар Ҷанги ҷаҳонии аввал ва хуруҷи Италия аз иттиҳод бо Олмони нозӣ дар Ҷанги ҷаҳонии дувум қобили муқоиса аст. Амрико бо ин ҳадаф, дар талош аст иҷоза надиҳад, то меҳвари муттафиқини осиёӣ ба дарди сари бузурге барои мақоми раҳбарикунандаи Амрико дар сатҳи ҷаҳонӣ мубаддал шавад.
Дар навиштаҳои баъдӣ бар санҷиши тавон ва амалкарди муттафиқини осиёӣ ва чигунагии бардошти онҳо аз ин роҳбурди Амрико таҳлилҳое хоҳам дошт, зеро меҳвари осиёӣ низ, барои муқобила бо ин роҳбурди Амрико талошҳои пешгиронаеро дар дастури кор қарор додааст, ки қобили баҳс ва таҳлиланд.
Аз сӯйи дигар ин бадеҳист, ки ин танҳо Амрико нест, ки роҳбурд тарҳ мекунад ва бозӣ анҷом медиҳад. Бозигарони матраҳе монанди Чину Русия дар қолаби меҳвари осиёӣ дорои зарфиятҳои баланди иқтисодӣ, низомӣ ва гегемонӣ ҳастанд, ки метавонад тазминкунандаи тавозун дар ин бозии қудрат ва гегемонияхоҳӣ бошанд ва минҳайси тарафи дигари ин бозӣ матраҳ шаванд.