Хабари рӯз

Сарнавишти Толибон ба дасти аъроб аст, на Покистон.

Нависанда: Қодири Ошно, таҳлилгар

Таҳлилгарону мубасирини сиёсии Афғонистон шабу рӯз ба ҷони Покистон афтидаанд, ки гӯё Покистон дар тақвияту бақои режими Толибон нақши муҳим дорад, вале он чӣ ман ҳоло медонам, нақши Покистон баъд аз суқути режими Ашраф Ғанӣ дар Афғонистон хеле камранг шудааст, намегӯем, ки билкулл хатм шудааст.

Дастгоҳи истихбороти низомии Покистон (ISI) ҳанӯз ҳам ҳамин Мулло Ҳайбатуллоҳи маҷҳулро ба ҳайси амирулмуъмнини Толибон дар дасти худ дорад, вале савол ин аст, ки ин қадар пулҳои гизоф, ки барои бақои режими Толибон Амрико медиҳад, чаро наметавонад шурути худро болои Толибон биқабулонад?

 Чи тавр Толибон ҳам аз Амрико пул мегиранд ва ҳам алайҳи Амрико даҳанкаҷӣ мекунанд? Оё Амрико қасдан ва амдан мехоҳад худашро беобрӯ бисозад?

Чӣ тавр Амрико наметавонад фарде дар ҳадди Сироҷуддин Ҳаққониро, ки дар листи сиёҳи терроризми Амрико дарҷ аст ва барои дастгириаш ҷоиза таъйин кардааст, дастгир намояд?

Ба назари банда, нақши кишварҳои Халиҷ, бахусус Қатар, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ дар миёнҷигарӣ миёни Амрикову Толибон дар ҳоли ҳозир хеле хатарноктар аз нақши Покистон шудааст.

 Бонкҳои кишварҳои халиҷӣ ҳама дар хидмати Алқоида ва Толибон ҳастанд. Фурудгоҳҳои ин кишварҳо ҳама дар хидмати Алқоида ва Толибон қарор доранд, вале ин тамосҳо ба дур аз дурбинҳои хабарнигорон сурат мегирад.

Ҳеҷ хабарнигор ҷуръати нақб задан ба каналҳои пинҳонии ин кишварҳоро надорад.

Ҳамин тавр, нақши кишвари Қатар дар мунозиаи Исроилу Фаластин низ ба қавли оқои Муҳаммад Акром Андешаманд шамшери дулаба шудааст, ҳарчанд Исроил дар ин авохир дафтари телевизиони “Алҷазира”-ро дар Исроил баст, вале нақши телевизион “Алҷазира” дар тағайри афкори ҷаҳони Ғарб бар зидди Исроил бузургтар аз ракетаҳои Ҳамосу Алҷиҳод болои исроилиҳо аст.

 Ин ғӯли расонаӣ, “Алҷазира” тақрибан дар тӯл нуҳ моҳи қатли оми фаластиниҳо тақрибан Исроилро ба зону даровард, ваҳшату барбарият алайҳи фаластиниҳоро ба таври мустанад ба намоиш гузошт ва афкори оммаро дар ҷаҳони Ғарб алайҳи Исроил таҳрик кард.

 Исроил он қадар, ки дар дӯстии худ бо кишварҳои Халиҷи Форс зарба дид, дар душманиаш бо созмони Ҳамосу Ҳизбуллоҳи Лубнон надид.

Ҳамин тавр барқарорӣ ва тақвияти режими Толибон комилан ба пуштибонӣ ва ҳимояти кишварҳои Халиҷи  Форс бастагӣ дорад.

То замоне, ки халтаҳои пули доллар аз Амрико аз каналҳои Қатару Амороти Арабӣ ба Толибон мерасад, Толибон ҳеҷ ташвишу тарс аз суқут надоранд ва на ҳам парвои ба расмият шинохтани давлати худро дорад.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!