Таомули ҷаҳон бо Толибон қурбонии тамоми арзишҳо ва мазоҳири маданият ба пойи модел ва ё ҳаюлое ба шакли Одамхон аст.
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистон ва минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”
Таомул бо Толибон яъне чӣ?
Таомул ба маънои додуситад миёни як ё чанд ҷиноҳ буда ва дар истилоҳ, иртиботи мутақобил миёни ду ё чанд фард ё гурӯҳ мебошад.
Биноан иддае аз фаъолини мадании сиёсии Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя ошиқи таомул бо Толибонанд, чунончи Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғанӣ дар замони зимомдориашон шайдои дидори Толибон буданд ва ба сангу чӯб мезаданд, то гурӯҳеро кутал кунанд.
Дар Чину Ӯзбекистон ва Маскаву Исломобод ҳам мехоҳанд аз ҳузури Толибон шарафёб шаванд, то таомул кунанд, аммо Толибон мурғашон як линг дошт, таомул ҳам ҷуз таслимӣ маънии дигаре надошт.
Ҳоло таомули ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Толибон тибқи орзуи бархе сиёсиюн ва намояндаи кишварҳо чӣ гуна хоҳад буд?
Аввал аз шахсиятҳои ҳақиқиву ҳуқуқӣ ва аз кишварҳои дуру наздики муддаии таомул бо Толибон мехоҳам худашон по пеш бигузоранд ва таомул кунанд то улгуе шавад барои дигарон.
Масалан, таомул кунанд. Дар мавриди сарнавишти духтарону занонашон бо Толибон таомул кунанд, дар мавриди улгугирӣ аз хилофат ва иморат исломӣ ҳам таомул кунанд ва нисф лай ва нисф лакро бигиранд. Навъияти ҳукумат, ки дар он раъйи Худову бандгонаш нест, фақат дар Қандаҳор тасмим гирифта мешавад, таомул кунанд.
Дар мавриди чигунагии меҳмондории Алқоида ва Таҳрики Толибони Покистон ва вазъулҷайши рӯзонаашон ба манотиқи мухталифи кишварҳояшон низ як навъ таомул бикунанд, ки на сих бисӯзад ва на кабоб. Хулоса, таомули ҷаҳон бо Толибон аз дидгоҳи ман қурбонии тамоми арзишҳо ва мазоҳири маданият ба пойи модел ва ё ҳаюлое ба шакли Одамхон аст.
Ҳоло равшантар бинависам, агар рост мегӯянд, аввал Покистон таомул кунад? Покистон гоҳе ба мех мекӯбад ва гоҳе ба наъл. Ҳар рӯз мегӯяд, Афғонистон хонаи амни террористҳост ва Толибон қудрати мубориза бо ДОИШ ва соири террористонро надорад. Хуб, чӣ гуна таомул мекунед? Шояд бихоҳед ниме аз ин гурӯҳҳоро ба Шумо таслим диҳанд, то бо фурӯшашон ба кишварҳои бузург қути лоямут ба даст оваред?
Ҳоло дар мавриди наҳваи таомули Русия, Чин ва Эрон наменависам, чун инҳо ҳеҷ кадом як платформае барои таомул, ки гузораи ду тараф бишавад, ироа накардаанд, фақат аз таомул ва наздикӣ бо Толибон сӯҳбат микунанд.
Воқеият ин аст, ки ҳама аз Толибон метарсанд ва дар садади наздик шудан ба Толибон ба номи таомул ҳастанд, то хатароти эҳтимолиро дафъ кунанд ва ҳатто бархе афғонҳо ба хотири мулкиятҳои баҷомонда дар Афғонистон, монанди Чакарӣ, боли шавқашон ба сӯи Афғонистон дар ҳоли парвоз аст, аммо намедонанд чӣ бар сарашон меояд.
Кишварҳои Эрон, Русия ва Чин ба дурустӣ медонанд, ки чӣ қадар ҷангҷӯи хориҷӣ дар Афғонистон вуҷуд дорад, ки алайҳи Чин, Русия ва Эрон дандон тез кардаанд, ба ҳамин далел бо зикри калимаи таомул таври муваққат дафъи зарар мекунанд.
Агар ҳадафашон таомули Амрико ва ҷомеа ҷаҳонӣ аст, бояд бидонанд Амрико ҳарф намезанад, ҳар рӯз таомул дорад. Дар нахустин рӯзҳои суқут ҳама мухолифини Толибонро аз Афғонистон берун кард ва дар фазои бесарнавиштӣ руҳияро аз эшон гирифт. Ҳоло онҳо дигар ҳеҷ вақт орзуи ҳукумат кардан дар Афғонистонро надоранд. Ва баъд парвандаи Толибонро бо ирсоли чиҳил миллиюн доллар дар ҳафта нақдан мепардозад ва бо нишон додани чароғи сабз ба кишварҳои зери назараш Толибон дар нишастҳои кишварҳои аврупоӣ даъват мешаванд. Лизо таомули Амрико ошкор аст.
Кишварҳои рақиби Амрико, ки муштоқи таомул бо Толибонанд, кӯшиш кунанд раҳбарияти кишварҳоро нимаиморат ва амр ба маъруфро дохили вазоратҳои фарҳангу иршод кунанд ва ба мактабу маориф ҳам пушт кунанд ва занонро дар хона соярас кунанд, мешавад таомул.
Ҳарфи охир:
Толибон, ки ҳокимияти мавҷудро ғазаб ва ӯро як ғанимати ҷангӣ медонанд ва ба ин ақида ҳастанд, ки ғайр аз толиб, мулло ва мавлавӣ, ки дар ҳимояти иморати исломӣ ҳастанд, дигар ҳама мардум ватанфурӯшу кофиранд ва ба ин бовар ҳастанд, ки мо Амрикоро шикаст додаем.
Ба бовари ман, то замоне ки толиб аз ин ақидаи худ ақибнишинӣ накунад, таомул бо толиб ҳарфи тифлона, ғайримантиқӣ ва бемаъное беш нест.