Хабари рӯз

...ва Русия Сироҷуддин Ҳаққониро ба Маскав мехонад.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”

Худо кунад Ҷанги севуми ҷаҳонӣ шӯълавар нагардад, шумо бигӯед, “омин!”, ҳаргиз оғоз нашавад.

Қароин ва нишонаҳое вуҷуд дорад, ки ҷаҳон ба тарафи ташаннуҷ ва як ҷанги тамомайёр меравад.

Ман аз ҷумлаи ашхос ва афроде ҳастам, ки андаке дар таҳлил ва табсираҳои сиёсӣ дастрасӣ дорам.

Навиштаеро, ки имрӯз мехоҳам минҳайси як таҳлил дар мавриди авоқиби ин ҷанги хатарнок ироа кунам, бовар дорам, ки теъдоди маҳдуде онро хоҳад хонд, чун аксарият мардуми Афғонистон, махсусан ҷавонон, машғули сафаҳоти Тикток ва ҷинглҳои Ютуб ба хотири пайдо кардани пул ҳастанд.

Ба бовари ман, камтар алоқаманди мақолоти таҳлилии илмӣ ва таҳқиқотӣ ҳастанд, вале ман рисолати худро адо мекунам.

Мехоҳам мақоларо ин тур оғоз кунам...

Медведев, раисҷумҳури собиқи Русия гуфтааст, ки Украина ҷузъи хоки Русия аст, мо онро ба даст меоварем ва ҳамчунин то замоне, ки раисҷумҳури Украина Зеленский бар сари қудрат бошад, ҳеҷ навъ оштӣ ва музокирае вуҷуд надорад ва Терри Бертон, комиссари Иттиҳодияи Аврупо дар умури бозори дохилӣ низ гуфтааст, ки Зеленский, раисҷумҳури Украина дар иштибоҳ мепиндорад, ки ҳама партобаҳои Иттиҳодияи Аврупо ройгон хоҳад буд.

Дар зимн Олмон гуфтааст, ки дар баҳбуҳаи таҳдиди ҳамлаи Русия, ба эъзоми дусад нерӯ ва чанд бол ҷет дар ҳарими ҳавои кишварҳои Балтика гаштзанӣ хоҳад кард. Ин чӣ маънӣ дорад?

Ва Маҷлиси намояндагони Амрико гуфтааст, ки мумкин лоиҳаи ҷадидеро барои тахсиси кӯмаки низомӣ ба Украина то апрел ироа кунад, ки шомили 66 миллиард доллар барои Исроил, Тайван ва Киев хоҳад буд.

Истихбороти Русия мегӯяд, ба лутфи иттилооте, ки пас аз гуфтугӯи байни афсарони олмонӣ дар расонаҳо мунташир шуд, метавонад ҳамлу нақли мушакҳои ғарбии Scalp ва Storm shadow ба Украинаро радёбӣ кунад.

Дар зимн шароит барои дидори Орбан ва Зеленский ҳанӯз омода нашудааст, агар Украина ба тамоми хостаҳои Будапешт дар мавриди ақаллияти маҷор дар Транскарпатия амал кунад, мантиқӣ хоҳад буд.

Ҳамчунон гуфта мешавад, ки Лукашенко, раисҷумҳури Беларус, фармонеро дар мавриди равиши интиқол созмонҳои давлатӣ ба кор дар замони ҷанг имзо кардааст.

Терри Буркҳарт, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Фаронса, мегӯяд, пешниҳодеро барои баррасии истиқрори нерӯҳои иттиҳод дар Украина ба ҳамкорони худ дар НАТО ирсол кард, аммо посухи манфӣ дарёфт кард. Ин идея чанд ҳафта қабл аз изҳороти Макрон эълом шудааст.

Ва Иттиҳодияи Аврупо намехоҳад нахуствазири Эстония, Кая Калласро ба унвони раиси дипломатияи аврупоӣ бубинад, зеро ӯ дӯст дорад русҳоро таҳрик кунад.

Бисёре аз намояндагони украинӣ аз ҳизби тарафдори раисҷумҳур "ходими мардум" ба нақл аз манобеъ дар фраксия мехоҳанд зудтар аз мавқифи худ дар парлумон истеъфо диҳанд.

Зеленский намедонад чӣ гуна бо пешравии неруҳои русӣ, неруҳои бештареро ҷазб кунад. Дафтари Зеленский ахиран эълом кард, ки аз як миллион басиҷшуда, камтар аз 300 ҳазор нафар дар хатти муқаддам ҳастанд. Аммо ҳеҷ як аз раҳбарони низомӣ ё давлати тавзеҳ надоданд, ки 700 ҳазор нафари боқимонда куҷо ҳаст ва чӣ мекунад.

Гуфта мешавад, ки хадамоти истихборотии кишварҳои НАТО ба далели ифшои иттилоот ба Русия муддатҳост, ки ба Олмон беэътимод ҳастанд.

Ҳамчунон гуфта мешавад аввалин пойгоҳи ҳавоии НАТО дар Балкани ғарбӣ дар Албания ифтитоҳ шуд.

Ва гуфта мешавад Украина сию ҳафт миллиард касри будҷа шудааст.

Ва сухангӯи вазорати хориҷаи Русия мегӯяд, “нозизудоӣ" дар Олмон комил нашудааст.

Ва давлати Олмон омодагии Олмон барои ҷанг бо Русияро рад мекунад.

Ба ҳар сурат толибони афғонӣ ҳам дар қазоёи минтақа сар меҷунбонанд. Мулло Яъқуб, сарпарасти вазорати дифоъ ба Қатар меравад ва Қатар ҳам хонаи дувуми Амрико. Ҳар кас, ки бо мақомоти Қатар мебинад, гӯё ба ниёбвти амрикоиҳо дидааст.

Сафир Русия бо Сироҷуддин Ҳаққонӣ мулоқот мекунад ва мехоҳад, ки сафаре ба Маскав дошта бошад.

Ҳамчунон Покистон мушкилоти дохилии худро дорад, аммо дар муқобили афғонҳо ва Толибон чӣ сиёсатеро пеша хоҳад кард?

Оё Эрон, Ироқ, Лубнон, Сурия, Исроил ва Фаластин яке пайи дигаре дар минтақа масъун хоҳад монд?

Ба ҳар ҳол Амрико ва Куриёи Ҷанубӣ амалиёти низомиро оғоз кардаанд. Ман ба ин бовар ҳастам, ки агар дунё бар сари ақл наёяд ва ҳушёр нашавад, хатари Ҷанги севуми ҷаҳонӣ вуҷуд дорад ва ҳама медонем, ки Ҷанги севуми ҷаҳонӣ ҷуз аз табоҳӣ ва вайронӣ чизи дигаре дар пай надорад.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!