Хабари рӯз

Барои намояндагии хоси Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон ду номзади дигар пешниҳод шудааст.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”

Баъд аз интизори зиёд, хушбиниҳо ва бадбиниҳо билохира нишасти Доҳа дар мавриди Афғонистон ба таърихи 18 ва 19 феврал таҳти раёсати оқои Гуттереш, сармуншии Созмони Милали Муттаҳид баргузор мешавад.

Мавзӯъоте, ки дар ин нишаст мавриди баҳс қарор мегирад ё намегирад мехоҳам бо шумо шарик созам.

1 - Дар мавриди машрӯъият бахшидан ба ҳокимияти Толибон ё ба расмият шинохтани онҳо ҳеҷ барномае вуҷуд надорад ва дар ин нишаст файсалае сурат намегирад.

2 - Иштироккунандагони ин нишаст танҳо ва танҳо намояндаҳои хоси кишварҳо аст. Аз Амрико Том Вест ва хонум Рино Амирӣ иштирок мекунанд, аз Эрон Козимии Қумӣ ва ба ҳамин тартиб аз баъзе кишварҳо танҳо намояндаҳои хос иштирок менамоянд дар сатҳи вазири хориҷа ва муовини вазири хориҷа ҳеҷ касе ширкат нмекунад.

3 - Аммо Толибон гуфтаанд, мо ба шарте дар ин нишаст иштирок менамоем, ки сармуншии Созмони Милали Муттаҳид намояндаи хосро, ки мехоҳад муаррифӣ кунад, дар ин нишаст муаррифӣ накунад, баъдан муаррифӣ кунад ва дар зимн сармуншии Милали Муттаҳид оқои Гуттереш дар нишасти Доҳа ваъда диҳад, ки бо ҳайати Толибон ба таври расмӣ ва мухтасар мулоқот мекунад.

Аммо то ҳанӯз сармуншии Милали Муттаҳид дар ин маврид, ки бо Толибон сӯҳбат мекунад ё намекунад ва дар мавриди намояндаи хос чизе мегӯяд ё намегӯяд, сӯҳбат нашудааст.

4 - Ба намояндагӣ аз ҷомеаи маданӣ ва мардуми Афғонистон 4 нафар аз хонумҳо ва 2 нафар аз мардҳо ба муаррифии дафтари ЮНАМО аз Кобул он ҳам касоне, ки ба наҳве бо дафтари ЮНАМО дар иртибот ҳастанд ва НҶО (созмонҳои ғайридавлатӣ) доранд ва ба Толибон низ хушбинӣ ва наздикиҳое доранд, дар ин нишаст иштирок мекунанд, ки инҳо ҳаргиз намояндаи занону мардуми Афғонистон шумурда намешаванд.

Ҳоло бармегардем ба намояндаи хоси сармуншии Милали Муттаҳид, ки кӣ таъйин хоҳад шуд.

Қарори маълумоте, ки ман дорам, оқои Фаридун Синирли Ӯғлу, ки гуфта мешавад, як бори дигар намояндаи хос таъйин мешавад, намояндаи хос таъйин намешавад, балки эҳтимоли зиёд меравад, ки ду шахси дигар (Ҷиҳод Аргиной) сафири пешини Туркия дар Кобул 80 фисад чонс дорад, ки ба ҳайси намояндаи хос таъйин шавад.

Ва аз сӯи дигар Зайд Раъд ал-Ҳусайн, собиқ раиси созмони ҳуқуқи башар дар Женева, ки писари кокои малик Абдуллоҳ подшоҳи Урдун аст, он низ 20 фисад чонс дорад, ки намоянда хос таъйин гардад.

Аммо дар ин нишаст чаҳор кишвар хеле талош мекунанд, аз ҷумла Чин, Русия, Эрон ва Ӯзбекистон, ки раъйи таомул бо Толибон бояд пайгирӣ шавад, яъне мехоҳанд, ки Милали Муттаҳид тааҳҳуд биспорад, ки мо раъйи пайгирӣ ва таомул бо Толибонро думбол мекунем, то яке ва ду сол баъд ба натиҷае бирасем.

Дар зимн ба хотири ин ки нишасти Доҳа зери савол биравад, Кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси санои Амрико Залмай Халилзодро эҳзор кардааст, то дар мавриди музокироти Доҳа маълумот бидиҳад, ки чаро файсалаҳои Доҳа татбиқ нашуд ва чаро сарнавишти мардуми Афғонистон бо буҳрон мувоҷеҳ шуд ва иззату ҳайсияти Амрико дар сатҳи милливу байналмилалӣ зери по гардид. Баъдан дида шавад, ки посухҳои Залмай Халилзод чӣ будааст.

Ба ҳар сурат нишасти Доҳа, ки ба торихи 18 ва 19 феврал доир мегардад, ду рӯз давом мекунад ва тамоми файсалаву натоиҷи он ҳамон хоҳад буд, ки хидмати шумо арз кардам.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!