Ҳикматёрро чӣ гуна мешавад дар мизони мутолиаи афкор шинохт?
Нависанда: Доктор Фазлмануллоҳ Мумтоз, таҳлилгари умури Афғонистон ва минтақа (Кобул), махсус барои "Сангар"
Оқои Гулбиддин Ҳикматёр яке аз бозигарони сиёсӣ, низомӣ ва фарҳангии Афғонистон аст, ки ним қарн мешавад дар таҳаввулоти Афғонистон нақши мусбат ва манфиро бозӣ намудааст, зеро мавқифи мутаноқиз ба арзёбии ҳамаҷониба аз нигоҳи мутолиаи афкор дорад.
Дар робита ба шахсияти ҷанҷолбарангези эшон ҳазорҳо мақола, мазмун ва китоб аз ҷониби ҳаводорону руқабои вай таҳрир ёфтааст, аммо то ҳол шахсияти эшонро касе аз нигоҳи мутолиаи афкор арзёбӣ накардааст.
96 дарсади ҳамкорони наҳзатӣ ва ҳизбии ӯ ё аз ҳизбашон иншиоб кардаанд ва ё ҳам хомӯшона фосила гирифтаанд. Аксарияти қотеи он рӯйи маслиҳат ва ё хавф дар мавриди ибрози нуқоти манфии Ҳикматёр хомӯш будаанд, чун ҳама медонанд, ки эшон дар муқобили руқабои худ ниҳоят бераҳм ва хашин аст. Таърихаш мамлув аз интиқомҷӯӣ буда, бахусус, дар қиболи руқабои дохилаи ҳизби худ, хеле уқдамандона рафтор кардааст ва мекунад. Лиҳозо дар ин мазмун ба таври мухтасар ба бархе аз хусусиятҳои шахсияти ҷанҷолбарангези эшон ишора мекунам:
1 - Оқои Ҳикматёр дар зоҳир хеле хуштабъ, хушбархурд ва ором ба назар меояд, аммо дар ботини ӯ шароратҳо дар ҷӯш аст;
2 - Оқои Ҳикматёр ниҳоят кунҷусу фоқиди эҳсос, шуур, ҳамдардӣ ва эҳсонфаромӯш аст;
3 - Оқои Ҳикматёр ниҳоят бевафо, ваъдахилоф ва ноқизи аҳд аст, баръакс он ки дар зоҳир маълум мешавад, ҳама иътилофҳо ва рафоқатҳои ӯ муваққат ва маслиҳатӣ будааст;
4 - Оқои Ҳикматёр ниҳоят худхоҳу ҷоҳталаб аст, барои расидан ба аҳдоф аз ҳеҷ василае дареғ нанамуда ва наменамояд;
5 - Оқои Ҳикматёр дорои истеъдоди ҳодду фавқулоддаи манфинигар ва фоқиди барномаи дарозмуддат аст;
6 - Оқои Ҳикматёр дар ҳаёти худ бар ҳеҷ кас эътимод надорад, ҳамеша дар тағйиру табдили ёрони худ аст, бахусус аз ашхоси боистеъдод бисёр ҳарос дорад. Ба суръат дар фикри террори шахсиятии онҳо мешавад;
7 - Умуроти молии ӯ комилан мубҳам ва маҷҳул аст. Аз муддати панҷоҳ сол бад-ин сӯ ҳеҷ кас сарвати ҳизби эшонро намедонад ба ҷуз бархе аз ақориб, монанди домодҳояшон, ки ҳатто ба эшон ҳам эътимод надорад;
8 - Оқои Ҳикматёр ҳеҷ гоҳ дар ҳифзи асрори худ амин нест, дар мавқеи эҳсосот асрори розҳояш ифшо мегардад. Хушҳолӣ ва нафрати худро ҳатман ба шакле аз ашкол зоҳир мекунад. Ҳама асрори Ҳикматёр қабл аз қабл кашф шуда, илло мавзӯъоти молии ӯ.
9 - Оқои Ҳикматёр ҳеҷ вақт дӯсту душмани доимӣ надорад, тибқи масолеҳи худ бо ҳар мусулмону мулҳид канор меояд;
10 - Оқои Ҳикматёр ҳеҷ вақт бо ҳикмат ёру созгор нест, баръакс, тахаллусаш ҳамеша аъмол ва афъолашон ҳамроҳ бо эҳсосот аст ва дар охирин лаҳза бо қофилаҳои шикастхӯрда ҳамроҳ ва дар киштиҳои шикаста савор мешавад;
11 - Ҳамеша калиду қуфли умури молӣ, сиёсӣ, низомӣ ва матбуотӣ ба дасти худашон аст, аъзои иҷроия ва мушовиринашон фақат “Оғо, бале” ҳастанд, аз афроди мустақилу озодандеш бисёр нафрат дорад. Рӯйи ҳамин сабаб 96 дар сад ёронашон аз вай фосила гирифтаанд;
12 - Оқои Ҳикматёр таассуби қавмӣ надорад, валекин агар масолеҳаш тақозо кунад, аз он ҳам дареғ намекунад. Дар замоне онро саркӯб кардааст ва бархе аз авқот аз он ҳамкорӣ ва ёрӣ хостааст ва ба наъроти қавмӣ паноҳ бурдааст;
13 - Оқои Ҳикматёр хеле шахсияти ҳасуд, тақобулӣ, танишзо, кинатӯз, шаккок, чоплуспазир ва эҳсонфаромӯш аст.
14 - Оқои Ҳикматёр аз меҳмоннавозӣ, саховат, аъмоли хайрия ва равобит бо иҷтимоъ хеле нафрат дорад. Ҳамеша барои муроҷиини худ хатти роҳдории ҷаннат медиҳаду бас.
15 - Оқои Ҳикматёр як шахсияти мутаноқиз ва чандбуъдӣ аст, истеъдоди ҳодди ӯ боисм ғиномандии ғурури козиби ӯ шудааст;
16 - Дар ниҳоят бояд гуфт, ки эшон як раҳбари шикастхӯрдаи ноком ва адамтадбир аст. Саволе, ки дар зеҳни ҳама хутур мекунад он ин ки бо вуҷуди ин ҳама навоқису илал эшонро раҳбар сохт, посух ин аст, дагарвол Юсуф соҳиби китоби “Талаки хирс” чунин мегӯяд: “Вақте, ки Ҳикматёр мулоқоти Рейганро напазируфт, Зиёулҳақ ба ман гуфт: ба Ҳикматёр бигӯ, аз ин худсариҳоят канор бирав. Мо шуморо сохтаем ва мо қодир ҳастем, ки дубора шуморо ба замин яксон намоем”.