Хабари рӯз

Сӯъиқасд ба Трамп ба зудӣ ба демократҳо ва либерал-демократияи Амрико мусобатҳои бузургеро хоҳад овард.

Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Ҳайати мушовирони “Сангар”

Вазъияти асафноки саломатии Ҷо Байден аз як сӯ ва фишори дугонаву мутазоди демократҳо бар вай нишонаи буҳронест, ки ҷомеаи Амрико ба он мувоҷиҳ гардидааст.

 - Як гурӯҳи ҷавон ва моҷароҷӯ дар Қасри Сафед бар номзадии дубораи вай пофишорӣ доранд,

 - Ва гурӯҳи Клинтонҳо ва Обамаҳо бар канор рафтани вай.

Ҳатто чашмаҳои молӣ барои идомаи муборизоти интихоботии Байден ва тарафдоронаш дар Конгресс дар ҳоли хушк шудан аст ва ҳамчунон ҳарфҳо дар бораи адами тавоноии Байден ва канор гузоштанаш аз тариқи Конгресс тавассути демократҳо ба ҳайси як гузина дар гардиш мебошад.

Аз сӯи дигар, иддае аз шахсиятҳои барҷастаи демократ ва расонаҳои бузургу мӯътабари наздик ба демократҳо борҳо аз ҳазфи физикии Трамп сухан ронда ва ӯро ба Адолф Ҳитлер ташбеҳ кардаанд.

Табиист, ки дар чунин ҷав, афкори умумӣ башиддат мултаҳиб шуда ва ҷомеа башиддат ба инқитоб рафтааст. Ҷамъ кардани онро коршиносони барҷастаи ҳавзаи сиёсии Амрико душвор медонанд ва хатари ҷанги дохилиро дур аз имкон намепиндоранд.

Ҳоло сӯъиқасд ба ҷони Трамп сурат гирифт, ки силсилаи сӯъиқасдҳо алайҳи мухолифони либерал- демократия будааст ва намунаи боризи он алайҳи ҷони нахуствазири словак буд.

Такер Карлсон як сол қабл эҳтимоли террори Трампро ҳушдор дода буд.

Дар ҳодисаи сӯъиқасд ба ҷони Трамп, бидуни шак, дастгоҳи истихборот ва “давлати пинҳон”-и Амрико нақш доранд.

Ҷавони 20-сола бар боми як таъмир бо аслиҳааш ҷобаҷо мешавад ва нерӯҳои амниятӣ дар баробари он чашм мебанданд.

Ҳатто видеое, ки берун шудааст, такнишонзан дар лаҳзаи оташ гушудан ба Трампро дидааст, вале иқдом намекунад, дуруст мисли террори Ҷон Ф. Кеннеди. Ва пас аз оташи се гулӯла вайро мекушад - акси фавқ аз лаҳзае, ки тирандозӣ мешавад, гирифта шудааст.

Тактирандоз сӯъиқасдкунандаро сареъ аз по даровард то дар ваҳлаи нахуст санад боқӣ намонад.

Аммо ин иқдом ба зудӣ ба мусибат ба демократҳо ва либерал-демократияи Амрико мубаддал хоҳад шуд.

Шояд интихоботи ояндаи Амрико хунҳои дигареро низ сабаб шавад!


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!