Хабари рӯз

Аврупоиён дер ё зуд бояд ба ин ҳақиқат пай бибранд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Аврупоро низ рақиби бузурги иқтисодиаш мепиндорад. Амрикоиён агар аз як сӯ барои тазъифи Русия талош мекунанд, аз ҷониби дигар як Аврупои воҳид ва қудратмандтар аз худро низ минҳайси рақиб, таҳаммул наменамоянд. Ва дуруст ба ҳамин далел аст, ки онон ин бор оташи ҷанг ва низоъро дар Аврупо барафрӯхтаанд.

Нависанда: Исмоил Фурӯғӣ, таҳлилгар (Олмон)  

Дар ҳоле ки таҳрикоти рӯзафзуни Амрико ва Ғарб, буҳрони Украинаро печидатар намудааст, ҷанг дар Украина ва таҳримҳои беравияи Амрико ва Ғарб алайҳи Русия, тамоми мардуми ҷаҳон, бахусус мардумони Аврупоро бо душвориҳои бузурге рӯбарӯ кардааст. Шакки он вуҷуд дорад, ки Аврупои сарватманд ба далели таварруми бесобиқа ва баланд рафтани сарсомовари қиматҳо, бахусус қимати энержӣ, ҳамонанди кишварҳои ошӯбзада ва фақири ҷаҳон, дар замистони имсол ҳатто бо қатъи барқ рӯбарӯ гардад.

Амрико ва Ғарб, ки дуруст аз аввалин рӯзҳои поёни ҷанги ҷаҳонии дувум муттафиқан ва ба таври системотик барои тазъиф, азҳампошӣ ва ҳатто нобудии Русия талош намуда ва ҳамвора сиёсати русҳаросӣ ва нафрат аз Русияро таблиғ кардаанд, бо афрӯхтани оташи ҷанг дар Украина ва фиристодани сели аслиҳа ба он кишвар, ин хусуматро ба марҳалаи ҳодд ва хатарноке расондаанд - ба марҳалае ки ҳам Украинаро то абад қарздор ва нобуд намояд ва ҳам Русияро (ҳар гоҳ битавонанд) заиф, мунзавӣ ва порча-порча кунанд.

Аммо оё чунин чизе мумкин хоҳад буд? Оё Русияи сарватманд ва бисёр қавии имрӯзӣ, ки акнун Чин, Эрон, Ҳиндустон, Бразилия ва Африқои Ҷанубиро низ дар канори худ дорад, мунзавӣ ва порча-порча хоҳад шуд? Оё раванди шаклгирии назми навини ҷаҳонӣ, ки бо ширкати ҳатмии Русия ва Чин шакл хоҳад гирифт, мутаваққиф хоҳад шуд? Ва оё таърихи азҳампошии Иттиҳоди Шӯравии собиқ дубора такрор мегардад?

Мулоқотҳои беш аз сӣ намояндаи кишварҳои мухталиф бо оқои Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар ҳошияи ҷаласоти чандрӯзаи Маҷмаъи умумии Созмони Милал ва ихтилофи назари аксарияти азими миллатҳо бо таҳримҳо ва сиёсатҳои зиддирусии Амрико, ба хубӣ возеҳ месозад, ки мунзавӣ кардани Русия ва хориҷ кардани он кишвар аз раванди шаклгирии назми нави чандқутбӣ дар ҷаҳон, душвор ва ҳатто номумкин аст.

Рӯзномаи Нюзвик ахиран ба сароҳат нигоштааст, ки ҳаштоду ҳафт дарсади миллатҳои ҷаҳон нахостаанд думболарави сиёсатҳои ҷанг ва таҳрими Амрико алайҳи Русия дар иртиботи қазияи Украина бошанд. Ҳақоиқ нишон медиҳад, ки таҳримҳо алайҳи Русия ба ҷои мунзавӣ кардани Русия сабаб шудааст то кишварҳо ва миллатҳои бисёре бо муқовамати муштарак дар баробари таҳримҳо, ҷабҳаи муттаҳиде дар баробари гегемонияталабии Амрико эҷод намоянд. Ҳамакнун байни бисёрии кишварҳои қудратманди ҷаҳон чун Чин, Ҳиндустон, Бразилия, Африқои Ҷанубӣ ва Русия системи табодулаи молӣ – тиҷории ҷадид бидуни истифода аз арзи доллар дар ҳоли рушд ва тавсеаи бештар шудааст.

Тавре ки дида мешавад, таҳримҳои беравияи Амрико ва Ғарб алайҳи Русия бештарин зарар ва осебро ба кишварҳои аврупоӣ ворид карда ва тақрибан тамоми ин кишварҳоро ба рукуди иқтисодии таърихӣ мувоҷеҳ намудааст. Таҳримҳои беравияи Амрико ва маҷбур кардани аврупоиён ба кӯмаки низомӣ - иқтисодӣ барои Украина, тавони молӣ ва назми иқтисодӣ - иҷтимоиро дар Аврупо барҳам задааст. Садҳо ширкат ва кампании хурду бузурге, ки бо Русия дар муровида буданд, аз кор афтода ва ҳазорон фард шуғлҳояшонро аз даст додаанд. Баланд рафтани қимати энержӣ ва таварруми молии иқтисодӣ дар кулли Аврупо сабаби афзоиши сарсомовари қиматҳо шуда, фиғони мардумро ба осмонҳо баланд карда ва мардумро фақиртар кардааст.

Тақрибан тамоми кишварҳои аврупоӣ бо нархи таварруми бештар аз даҳ фисад рӯбарӯ гардидаанд, ки тай чиҳил-панҷоҳ соли ахир бесобиқа мебошад.

Ба асоси гузоришҳои расмӣ, саноати Аврупо дар маърази таҳдиди ҷиддии буҳрони энержии мавҷуд қарор гирифта ва тарси он вуҷуд дорад, ки афзоиши сарсомовари баҳои энержӣ, саноеъи Аврупоро дарҳам бишиканад. Ба вуҷуд омадани тағайюроти ҷабрӣ дар стратегияи ҷогузини энержии пок ба ҷои сӯхтҳои фусилӣ, яке дигар аз асароти ногувори ҷанги Украина бар кишварҳои аврупоист. Ҳамакнун буҳрони энержӣ бисёре кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Олмонро маҷбур сохтааст, то ба истифода аз зуғолсанг ва соири сӯхтҳои фусилӣ рӯ оварда, нирӯгоҳҳои тавлиди энержии атомиашонро, ки қасди бастани дарвозаҳои онро доштанд, ҳамчунон фаъол нигаҳ доранд.

Ҳақоиқ нишон медиҳад, ки бозандаи бузурги ин ҷанг Аврупо хоҳад буд. Ва ин яке аз аҳдофи шайтанатомези Амрико дар ба роҳ андохтани ҷанги Украина аст. Буҳрони иқтисодӣ ва ошуфтагиҳои сиёсӣ дар тамоми кишварҳои аврупоӣ яке аз самараҳои вайронгари ин ҷанг аст.

Ба бовари ман, таомул ва дӯстии Аврупо бо Русия - ин бузургтарин кишвари ҷаҳон, ки ҷузъи ҷудоинопазири Аврупост, бисёр самарбахштар аз хусумат ва душманӣ бо он кишвар аст. Ва ин орзуест, ки аксарияти мутлақи аврупоиён зимни тазоҳуроташон дар кишварҳои мухталиф бозтоб додаанд.

Аврупоиён дер ё зуд бояд ба ин ҳақиқат пай бибранд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Аврупоро низ рақиби бузурги иқтисодиаш мепиндорад. Амрикоиён агар аз як сӯ барои тазъифи Русия талош мекунанд, аз ҷониби дигар як Аврупои воҳид ва қудратмандтар аз худро низ минҳайси рақиб, таҳаммул наменамоянд. Ва дуруст ба ҳамин далел аст, ки онон ин бор оташи ҷанг ва низоъро дар Аврупо барафрӯхтаанд.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!