Роҳ ба ояндаи Афғонистон аз роҳи 20 соли ҷумҳурии гузашта боз мешавад.
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Моҳ август, севумин соли Афғонистон таҳти контроли Толибон аст. Суқути ғайримунтазираи ҷумҳурӣ ва хурӯҷи ҷомеаи байналмилалӣ аз Афғонистон, заминаро барои Толибон фароҳам кард то бар тамоми Афғонистон тасаллут ёбанд. Машқу тамрини демократия дар Афғонистон, алорағми ҳузури бист соли ҷомеаи байналмилалӣ, як тамрини ноком буд ва бо бунбаст мувоҷеҳ гардид.
Ҳузури бистсолаи ҷомеаи байналмилалӣ дар Афғонистон, алорағми дастовардҳои маҳсус дар заминаи ҳузури занон дар Афғонистон, таҳсилоти олӣ, таъмини иртиботи Афғонистон бо ҷаҳони берун, ҳузури пурранги расонаҳо, натавонист ба муваффақият бирасад. Билохира, Толибон ба қудрат расиданд ва ҳама дастовардҳо, нобуд шуд.
Толибони имрӯз, ҳеҷ тафовуте бо Толибони соли 1996 надоранд. Режими саркӯбгар, занситез ва мухолифи арзишҳои демократӣ, ҷомеаи баста ва ба дур аз ҳукуматдории модерн, мамнуъияти аҳзоби сиёсӣ, манъи таҳсили занон ва саркӯби сохторӣ аз ҷумлаи амалкардҳои Толибон аст, ки дар ин се сол бар хилофи интизори мардуму ҷаҳон, ба он даст ёзидаанд.
Ҳоло вазъияти Афғонистон бо бунбаст мувоҷеҳ аст. Тафоҳум бо Толибон ба асоси хусусияти идеологӣ ва ифротии он, ғайри қобили дастрас аст ва ба ҳамин иллат аст, ки то ҳанӯз ҳеҷ кишваре ҳозир нашуда то режими Толибонро ба расмият бишносад ва бо он робитаи расмӣ ва дипломатӣ барқарор кунад.
Таомули муваққатӣ ва аз рӯи ниёз, заминаро барои истеҳкоми пояҳои режими Толибон, мусоид сохтааст. СИГАР - идораи бозраси вежаи Амрико барои бозсозии Афғонистон - ҳафтаи гузашта эълон кард, ки дар ин се сол, наздик ба 21 миллиард доллар ба Афғонистони таҳти контроли Толибон кӯмак шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба мизони пули кӯмакшуда ба Афғонистон ва ин ки маҷмӯъи ин пул ба хизонаи режими Толибон сарозер шудааст, боис шуда то режими Толибон бештар саркӯбгар шавад ва бо ҷасорат ба ҳукумати истибдодиаш идома диҳад.
Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти ҷаҳон, буҳрони Украина, даргирӣ дар Ховари Миёна, таҳаввулот дар Иттиҳодияи Аврупову Ҷануби Осиё ва Африқо, муъзалҳои сиёсӣ дар Амрикои Ҷанубӣ, ҷаҳони имрӯзи мо шоҳиди як анархизм аст ва Афғонистон наметавонад буҳрони ҷудо аз он фарз шавад.
Дар ин ҷо ниёз аст то муъзали Афғонистон ба гунаи бунёдӣ ба воситаи як механизми чандҷониба, мушорикати фаъол минтақаӣ ва фароминтақа, тавофуқ бар сари таъмини сулҳ дар ин кишвар ва эҷоди фазои демократӣ, ки афғонҳо битавонанд бар сарнавишташон ҳоким шаванд, ниёз аст. Ин механизм бо хусусияти чандҷонибагароӣ дар ибтидои амр, заминаи ҳар хел ихтилофро мардуд месозад ва дар қадами дувум заминаро барои интиқоли мусолиматомези қудрат дар ин кишвари даргири буҳрони чанддаҳаӣ, фароҳам хоҳад овард.
Барои ин муҳимм, ниёз аст то минтақаву фароминтақа ба шумули аъзои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, механизмҳо ва сохторҳои минтақаиву байнулмилалӣ ба шумули Иттиҳодияи Аврупо, барои эъзоми нерӯҳои ҳофизи сулҳи чандмиллиятӣ, иқдоми фаврӣ кунанд.
Ҷуғрофияи Афғонистон бояд ғайринизомӣ эълом гардад ва як ҳукумати муваққат барои шаш моҳ рӯи кор ояд. То шаш моҳ, бистари лозим барои интихобот мусоид гардад ва Қонуни асосии Афғонистон, ки то суқути низоми ҷумҳурият ҳоким буд, бо андак таъдилот, дубора тасвиб шавад.
Дар ин муддат ниёз аст то сохторҳои давлати Афғонистон, бори дигар иъода шуда ва хадамот ба шаҳрвандон, ироа гардад. Модели низоми кишвари Суис (Шветсария), бетарафӣ дар мунозиъоти минтақаӣ ва фароминтақаӣ, як сохтори сиёсии мутаносиб бо ниёзҳои ин кишвар, рӯи кор ояд.
Ба ин тартиб дастовардҳои бист соли гузашта Афғонистон, ки дар натиҷаи ҳузури ҷомеаи байналмилалӣ ба даст омада буд, ҳифз шуда ва нуқтаи поёнӣ барои муъзали бо бунбаст мувоҷеҳшудаи Афғонистон, фароҳам хоҳад гардид.