Хабари рӯз

Расонаҳои ғарбӣ абзори ҷанганд. Сарбозонашон бо бомба ва расонаҳояшон бо сухану тасвир меҷанганд. Фиреб нахӯред.

Нависанда: Юнус Нигоҳ

Вақте Амрико болои Ироқ ҳамла кард, расонаҳои ғарбӣ ҷашн доштанд. Сӯҳбат аз амалиёт алайҳ диктатор, наҷоти башар аз дастрасии як режими золим ба бомбае, ки танҳо кишварҳои хуб бояд дошта бошанд, ва тарвиҷи демократия буд.

Эътирозот ҳам дар ҷавомеъи ғарбӣ бисёр буд. Аммо расонаҳо он эътирозотро ҷиддӣ намегирифтанд ва чунон таблиғот буд, ки хелеҳо дар Ховари Миёна ва кишварҳои исломӣ низ тасаввур мекарданд, рӯзҳои хуше дар роҳ аст.

Ҳанӯз ривоятҳо аз ҳамалоти НАТО дар Ховари Миёна, вайрониҳо ва гӯристонҳое, ки ба ҷо гузошта шуда, дар расонаҳои Ғарб таврест, ки гӯё як маъракаи башардӯстона бо шикаст рӯбарӯ шудааст. Шикаст низ ба гардани қурбониён андохта мешавад ва мегӯянд, онҳо лаёқат (сазовор) - и бомбаҳои демократии моро надоштанд.

Аз ҳамлаи Русия бар Украина, аммо тасвири дигаре дода мешавад. Гӯё баъд аз Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ, ин аввалин бор аст, ки Иблис бедор шудааст. То имрӯз сулҳи ҷаҳонӣ барқарор буда, ҳоло Русия девона шуда ва мехоҳад сулҳро барҳам бизанад!

Ҳамлаи Русия бар Украина, мисли ҳамлаи Амрико бар Ироқу Афғонистон ва Сурияву Либия ваҳшиёна аст. Расонаҳои ғарбӣ абзори ҷанганд. Сарбозонашон бо бомба ва расонаҳояшон бо сухану тасвир меҷанганд. Фиреб нахӯред. Дар ин ҷанг танҳо Русия дев нест, НАТО низ дев аст.

Барҷастагии ин ҷанг дар рӯёрӯии урёнтари НАТО ва Русия аст, фарқи дигаре бо ҷангҳои Ховари Миёна ва Балкану Африқо надорад.

Як чизи дигар ҳам аст, ки хуни сафедпӯстон ва аврупоиҳо бо хуни сиёҳпӯстон ва мусулмонон дар тарозуи расонаҳои ғарбӣ баробар нест.

Бештар расонаҳо ва теъдоде аз равшанфикрони мо низ, ки мутаассифона, фикрашон тарҷума аст, боварҳояшон тарҷума аст ва рафторашон бар асоси тарҷума ва тақлид танзим мегардад, пасмондаҳои расонаҳои ғарбиро меҷаванд.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!