Хабари рӯз

Чаро давлати Устод Раббонӣ ноком шуд?

Нависанда: Муҳибуллоҳ Нурӣ, раиси пешини сиёсати Шӯрои амнияти миллии Афғонистон, узви Шӯрои мушовирони “Сангар”

Дар таърихи Афғонистон ҳеҷ гоҳ Арги раёсатиҷумҳурӣ ба андозаи даврони раёсатиҷумҳурии Устод Раббонӣ мушакборон нашудааст. Ин ки чаро, далели онро дар идома тавзеҳ медиҳам.

Давлат Устод Раббонӣ ва шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд дар даҳаи 1990 бо чолишҳои печидае рӯбарӯ буданд, ки аз шаш тарҳи умда сарчашма мегирифт. Ин тарҳ ё проектҳо ба ҷойи кӯмак ба суботи Афғонистон, аҳдофи мутазоддеро думбол мекарданд, ки қабули яке ба маънои радди дигаре буд ва муҳимтар аз он бо усули истиқлол ва ваҳдати кишвар дар тазод буд. Давлати Устод Раббонӣ ин тарҳҳоро ба далели нодида гирифтани истиқлоли Давлати исломии Афғонистон, ба ҳошия рондани муҷоҳидин, ё талош барои эъмоли нуфузи хориҷӣ рад карданд.

1 - Тарҳи русҳо

Тарҳи русҳо ин буд, ки шимол ба Шӯрои Наззор дода шавад аммо дар иваз Аҳмадшоҳ Масъуд аз пешравӣ ба сӯи Кобул худдорӣ кунад. ин тарҳ аз сӯи шаҳид Масъуд рад шуд ба ин далел, ки дарвоқеъ тарҳи таҷзияи Афғонистон буд.

2 - Тарҳи Ғарб/Бенин Сивон (намояндаи Созмони Милал)

Ин тарҳ, ки аз сӯи намояндаи Созмони Милал, Бенин Сивон, дар солҳои 1991-1992 ироа шуд, ба думболи интиқоли қудрат аз доктор Наҷиб ва муҷоҳидин ба як давлати муштарак буд. Ин тарҳ ба Наҷибуллоҳ ва ҳизб коммунисти “Ватан” иҷоза медод дар раванди сиёсӣ ҳузур дошта бошанд, ки муҷоҳидин ин амрро ба ҳошия рондани худ ва ҳифзи бақоёи режими коммунистӣ медонистанд. Мухолифати сарсахти Ҳизби исломии Ҳикматёр ва Покистон бо ҳар гуна ҳузури Наҷибуллоҳ ва ҳамчунин суқути ногаҳонии Кобул дар апрели 1992, иҷрои ин тарҳро номумкин сохт.

3 - Тарҳи муштараки Покистон/Ҳикматёр

Ин тарҳ бо пуштибонии комили АйЭйАйи Покистон, Гулбиддин Ҳикматёрро ба унвони раҳбари аслии Афғонистон матраҳ мекард. Ҳадаф, эҷоди як давлати муштарак миёни Ҳизби исломӣ ва Ҷамъияти исломӣ буд то Кобул таҳти нуфузи Исломобод қарор гирад. Ин тарҳ саҳми дигар аҳзоб, ақвом ва мазоҳибро ба ҳадди ақал мерасонад ё ҳазф мекард ва хостори ҳамоҳангии сиёсати хориҷии Афғонистон бо Покистон буд. Аз он ҷое, ки ин тарҳ ба думболи ҳазфи бахши бузурге аз нерӯҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва вобаста кардани Афғонистон ба Покистон буд, аз сӯи давлати Устод Раббонӣ рад шуд.

4 - Тарҳи Ҷабалуссироҷ

Ин тарҳ аз сӯи Устод Мазорӣ ва маршал Дӯстум ироа шуд ва бар ташкили як ҳукумати муштарак миёни Ҷамъияти исломӣ, Ҳизби ваҳдат ва Ҷунбиши миллӣ таъкид дошт. Мутобиқи ин тарҳ Аҳмадшоҳ Масъуд ба ҳайси раисҷумҳур, Абдулалӣ Мазорӣ - нахуствазир ва генерал Дӯстум ба ҳайси вазири дифоъ таъйин мешуданд. Ин тарҳ ба думболи нодида гирифтани аҳзоби ҷануб, бавежа Ҳизби исломӣ ва саҳмдиҳӣ ба нерӯҳои Шимол ва Марказ буд. Ин иқдом ба маънои ҳазфи бахше аз муҷоҳидин аз қудрат буд ва ба далели моҳияти инҳисориаш, бо дидгоҳи давлати Раббонӣ, ки бар ташкили як давлати фарогир таъкид дошт, созгор набуд.

5 - Тарҳи Толибон

Ин тарҳ пеш аз таъсиси таҳрики Толибон ба давлати Устод Раббонӣ ироа шуд ва бар мабнои маҳдудиятҳои иҷтимоӣ ва мазҳабӣ буд. Аъзои Толибон, ки баъдан Толибонро ташкил доданд, аз давлати Устод Раббонӣ хостанд то занонро аз кору духтаронро аз таҳсил манъ кунад ва шиъаёнро дар ҳукумат маҳдуд созад ва таҳдид карданд, ки агар ин кор накунад алайҳи давлати ӯ қиём мекунанд. Ин тарҳ ба вузӯҳ бо усули озодиҳои иҷтимоӣ ва фарогирии ҷинисиятӣ ва мазҳабие, ки Давлати Исломӣ ба он эътиқод дошт, дар тазод буд. Таҳдид ба қиём дар сурати адами пазириши ин матолибот низ ба таври мустақим каёни давлатро ҳадаф қарор медод.

6 - Тарҳи Зоҳиршоҳ/Бонн

Бахшҳое аз ин тарҳ, ки баъдҳо дар конфронси Бонн низ тавассути чеҳраҳое, монанди Халилзод ва Ашраф Ғанӣ ва Шӯрои Рим пайгирӣ шуд, бар бозгашти шоҳи собиқ, Муҳаммад Зоҳиршоҳ, ба Кобул ва ташкили давлати фарогир аз тариқи Луи Ҷирга таъкид дошт. Бо ин ҳол, ин тарҳ ба далели мухолифати шадиди Покистон, мухолифати бархе аз муҷоҳидин ва рақобатҳои дохилӣ дар ниҳоят ба натиҷа нарасид. Давлати Устод Раббонӣ ин тарҳро дар чорчӯби як роҳҳали намодин ва суннатӣ медиданд, ки дар шароити ҷангии он замон қобилияти иҷроӣ надошт. Ҳарчанд Аҳмадшоҳ Масъуд ва Устод Раббонӣ бо тарҳи як давлати интиқолии фарогир ва баргузории интихобот мувофиқ буданд ва дар даврони муқовимат ҳам рӯи ин тарҳ кор мекарданд, аммо ба шевае, ки раҳравони онҳо дар конфронси Бонн тавофуқ карданд, мувофиқ набуданд.

Натиҷагирӣ

Давлати Устод Раббонӣ ва шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд ҳар шаш тарҳи фавқро ба далели талош барои инҳисори қудрат тавассути ҷиноҳҳои хоси дохилӣ, ё эъмоли нуфузи хориҷӣ ва зери савол бурдани истиқлоли кишвар рад карданд. Онҳо ба ҷои пазириши ин тарҳҳо, бар рӯи ташкили як давлати фарогир, мӯътадил ва мутавозин, ки ҳама нерӯҳои сиёсӣ ва иҷтимоиро шомил шавад ва аз тариқи механизми интихобот амалӣ шавад, таъкид доштанд.


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!