Хабари рӯз

Ёддошт: Мансури Ҳаллоҷ, сӯфии маъруфи асри 10, ки барои даъвои “Ан ал-ҳақ”, яъне “ман ҳақиқат ҳастам” ё “ман Худоям” дар Бағдод ба дор кашида шуд.

Нависанда: Исмоил Фурӯғӣ, таҳлилгар

Чӣ замоне оё фарёд ва додхоҳии чанд зани маъдуд дар Кобул, мардон ва занони таҳти ситами Афғонистонро такон хоҳад дод?

Чӣ замоне оё тамоми мардум, ҳаммонанди ин чанд зани маъдуд дар баробари барбарият ва бедод, далерона ба по хоҳанд хост?

Он гоҳе, ки Мансури Ҳаллоҷро ба дастури Абулфазл Ҷаъфари муқтадир, халифаи аббосӣ, пойи чӯбаи дор мебурданд, ба хоҳараш гуфтанд, барои видоъ биёяд.

Хоҳараш омад, аммо бидуни русарӣ (рӯймол).

Мардҳо ҳама бонгаш заданд, ки: пас ҳиҷобат ку?

Ӯ гуфт: ман ин ҷо марде ҷуз Мансур намебинам... Агар шумо марде ҷуз Мансур мебинед, нишонам диҳед то мӯямро аз ӯ бипӯшонам.

Вақте ин дарси арзишманди таърихиро ёддошт мекардам, ба ин меандешидам, ки:

Мабодо ором-ором замони мо бо замони Ҳаллоҷи озодахӯй шабоҳат ёфта бошад!

Мабодо мо ҳама ба хоҳарони Ҳаллоҷ мубаддал шуда бошем!

Мабодо ором-ором мардум бо дарандахуӣ, бо тундравӣ ва таассуби диниву қавмии Толибон одат карда, ҷаҳони "тамошобин" ва беадолат низ дар муомила бо бузургтарин гурӯҳи террористии динию қавмӣ, Афғонистон ва мардуми мазлуми онро бори дигар дар озмоиши вайронгари дигаре ба сӯи нобудии комил савқ бидиҳанд!

Ба ин меандешидам, ки чаро нақши мардуми ба хоб рафтаи мо дар таъйини сарнавишташон ҳамвора сифр будааст? Чаро мардуми мо зуд фиреб мехӯранд ва аз додхоҳӣ метарсанд?

Оё ин тарс, тарс аз ҳамон истибдоди динӣ аст, ки қарнҳост моро дар худ фурӯ бурда ва дасту пойи моро бо ресмони риё бастааст!?

Ҳамакнун ҷомеа дар торикии мутлақ фурӯ рафтааст. Ситораи ҳунар ва фарҳанг дар осмони сарзамини мо уфул карда ва занон аз зиндагӣ ҳазф шудаанд. Фақру тангдастӣ дар сартосари Афғонистон бедод мекунад ва шаллоқзании пушт дар пушти занон ва мардон, тирборон кардан ва ба дор овехтан дар малои ом ва дар ҳузури баландпоятарин раҳбарони ҳукуматӣ, ба намоиши рӯзмарра мубаддал шудааст. Аммо ба ҷуз чанд зани мазлум дар Кобул, миллионҳо марду зани ватан ҳамчун тамошогарони бетараф ва бехосият, ба норавоиҳо ва мазолими дажхимони бедодгар хира-хира нигоҳ мекунанд ва ҳатто лаб ба шикояту интиқод ҳам намегушоянд.

Оё ин чанд зани мазлум ва додхоҳ дар Кобул ба хоҳарони ҳамон Ҳаллоҷи таърихӣ ҳамонанд нашудаанд?

Ҳанӯз дар андешаи танҳои хоҳарони Ҳаллоҷ будам, ки бо ғазали зебое аз Ҷовид Фарҳод, шоири фарҳехтаи мо сар хӯрдам. Ӯ ин фазои дудолуд ва танҳои хоҳарони Ҳаллоҷро ингуна тавсиф менамояд:

Об хушкид, сабзазорам фавт кард,

Барг-барг ҳар ҷо баҳорам фавт кард.

Набзи амвоҷ аз талотум боз монд,

Рӯҳи дарё дар ҷаворам фавт кард.

Сахт омад зиндагӣ, бисёр сахт,

Модарам вақте канорам фавт кард.

Даста бо хашми табар ҳамроҳ гашт,

Қомати сабзи чинорам фавт кард.

Осмон абрӣ шуду борон нашуд,

Обҳо дар рӯдборам фавт кард.

Як паранда омаду ғамгин нишаст,

Баъд бар рӯйи мазорам фавт кард.


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!