Аввалин ривоятҳои Шӯравиву Афғонистон аз куҷо оғоз шуд?
Нависанда: Александр Князев
Ба наҳве, таърихи муҳимме аз сӯи мо нодида гирифта шуд: 27 марти 1919, Русияи Шӯравӣ расман Афғонистонро ба расмият шинохт. Афғонистон низ ба навбаи худ аввалин кишвар дар ҷаҳон буд, ки Русияи Шӯравиро ба расмият шинохт.
Равобити мо бо Афғонистон то соли 1929 бисёр мусбат буд, аз ҷумла кӯмаки низомии Шӯравӣ дар ҷанги севуми Инглису Афғонистон ва баъдан дар саркӯби қиёмҳои қабоили шарқии паштун, ки тавассути Англис таҳрик шуда буд. Ҳатто ривоятҳое вуҷуд дорад мабнӣ бар инки Андрей Евгеневич Снесарёв (1865-1930, ҷуғрофиядони низомӣ ва шарқшинос, узви комили Анҷумани ҷуғрофиёии Русия) дар эҷоди барномаҳои аслии стратегӣ барои ҷанги севуми Инглису Афғонистон кӯмак карда буд.
Ба ҳар ҳол, ҷанги севуми Инглису Афғонистон шояд танҳо маврид дар таърих бошад, ки ин Бритониё набуд, ки ба касе эълом ҷанг кард, балки ба Бритониё эъломи ҷанг карданд ва он ҷангро бохт.
Дар соли 1929, мухолифи мо Амонуллоҳхон тавассути артиши шӯришиёни Бачаи Сақо (маъруф ба таъбири тоҷикии Ҳабибуллоҳи Ғозӣ) сарнагун шуд. Ин аввалин таҷриба аз рӯйи кор омадани як ғайрипаштун дар Афғонистон аст. Ин таҷрибаи номувафақ буд, камтар аз як сол баъд Бачаи Сақо ба дор овехта шуд. Мутасаддии Бачаи Сақо, ки тадоруки қиём ва дар айни ҳол барангехтани андешаи эҷоди як кишвари ӯзбекӣ-тоҷикӣ дар шимоли Афғонистон таҳти идораи босмачиёни қӯрбошии маъруф Иброҳимбек буд, Лоурнеси Арабии афсонаӣ буд, ки дар манотиқи қабоилии паштун бо номи мустаори Пир Карамшоҳ кор мекард.
Ин бисёр шабеҳ ба вазъияти феълӣ аст - англосаксонҳо рӯйи ақаллиятҳои қавмӣ ва ихтилофҳои байниқавмӣ ҳисоб мекунанд. Ман ҳамеша мегӯям ва такрор мекунам - ҳеҷ чизи ҷадиде дар таърих вуҷуд надорад.
Вазъияти соли 1929 танҳо маврид барои он давра аст, ки мо (русҳо) талош кардем дар умури дохилии Афғонистон мудохила кунем. Як гурӯҳи муттаҳиди Артиши Сурх ба фармондеҳии Виталий Примаков ва ташкилоти низомии ҳазораҳо аз тарафдорони Амонуллоҳ аз Тирмиз вориди Афғонистон шуд.
Дар ин ҷо ду ҷузъиёти ҷолиб вуҷуд дорад. Ҳазораҳо ба дифоъ аз амири паштун бархостанд. Ин аввал. Ва сониян, гурӯҳи мусалсалдори ин экспедитсия тавассути генерали машҳури Артиши Сурх Иван Василевич Панфилов, ҳамон фармондеҳи дивизияи Панфилов, ки дар соли 1941 аз Москва дифоъ кард, раҳбарӣ мешуд.
Агар касе ба ин экспедитсия алоқаманд бошад, шабакаи интернет чизҳои зиёде дар мавриди он дорад.
Аз сафҳаи телеграми “Баррасиҳои шарқии Александр Князев”
“https://t.me/orientalreviewAK/1152