Хабари рӯз

Номаи сиёсатмадорони Афғонистон ба Конгресси Амрико додхоҳии гӯсфанд аз гург аст.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистон ва минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”

Дар дунёи имрӯзӣ, бахусус абарқудратҳои ҷаҳонӣ, дар раъси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар тамоми зиндагӣ сиёсатҳои дугонае доранд.

Баъзе аз сиёсатҳои аланӣ, монанди ҳуҷуми асокир бо тонку тӯп ва саркӯби мардум... Аммо як теъдод аз сиёсатҳои махфиву пинҳонӣ дар таъйини сарнавишт, монанди қарордоди Доҳа бо Толибон.

 Аммо аз сӯйи дигар ман намедонам афғонҳои азиз ва сиёсиёни мо чӣ вақте ҳушёр мешаванд, чӣ вақте ҳақоиқро медонанд.

Мутаассифона, рӯзи гузашта шунидам, ки як теъдоде аз сиёсатмадорони мо номаеро ба Конгреси Амрико навиштаанд ва аз онҳо талаби кӯмаку ҳамкорӣ намудаанд. Инҳо ҳанӯз аз Амрико мехоҳанд, ҳанӯз болои Амрико бовару умед доранд, намедонам мо чӣ вақт ҳушёр мешавем, мо чӣ вақт мефаҳмем, ки моро кӣ фурӯхт, аммо чӣ қадар арзон ва чӣ бемавқеъ фурӯхт.

Сиёсат ба ду навъ аст, сиёсати эъломӣ ё изҳорист, ки бар ҳама возеҳ аст, ӯро ҳар кас медонад ва сиёсати ахфо ё пинҳон, ки мисли замоими мувофиқатномаҳоест, ки ҳанӯз мардуми Афғонистон ба ормонаш ҳастанд, вале намефаҳманд, ки чӣ буду чӣ шуд ва ба куҷо расид.

Ҳоло бо таваҷҷуҳ ба рӯҳияи ахбори моҳҳои ахир, суханони тозаи Ҷо Байден, таҳлилҳои сиёсии сиёсиён.

Агар ин мабоҳиси сиёсиро дар қолаби мудирияти барнома қарор диҳем, ман ҳадс мезанам, ки проекти ҷанги 20-солаи Афғонистон ба хубӣ татбиқ шуда, марҳалаи таслимдиҳӣ ҳам ба хубӣ тамом шуда, марҳалаи тафтиш ҳам тавассути гузоришҳои “Сигор” тамом шуда ва феълан дар марҳалаи арзёбии таъсироти татбиқи проекти 20-солаи ҳузури Амрико дар Афғонистон қарор дорем.

Агар аз ин манзар ба қазия нигоҳ шавад, мо, ки минҳайси тамошобини ин сериёл, фоҷиаи ин филмро аз аввал то ахир тамошо кардем ва ҳанӯз зиндаем, ба ин натиҷаи ибтидоӣ мерасем, ки мумкин аслан аз ибтидо ҳадафи боз шудани дафтари Доҳа аз даҳ соли қабл, ташкили Шӯрои олии сулҳ, ташкили вазорати давлат дар умури сулҳ, барномаҳои “Дайак” (DIAG) ва ДиДиОр (DDR), ки аз соли 2004 шурӯъ шуд ва миллионҳо доллар масраф шуд, ҳама мумкин барномарезӣ барои заминасозӣ ва татбиқи стратегияҳои хурӯҷи амни Амрикову НАТО аз Афғонистон буда бошад.

Ин ки мо фикр мекунем, ки ҳадаф фақат ва фақат овардани сулҳи доимӣ, рифоҳу инкишофи Афғонистони ҷангзада буда, мумкин дучори ғалатфаҳмии таърихӣ шуда бошем... Ин ки чаро тамоми барномаҳои калон татбиқ шуда, давлату муассисоти мунтаҷ ба ҳувияти миллӣ, муттаҳид сохтани афғонистониҳо байни худашон нашуд, муҳоҷират, ғурбат, оворагӣ хатм нашуд ва таъсироти малмусе ба зиндагии 35 миллион афғонистонӣ ворид накард, дар ҳоле, ки мушобеҳи чунин ҳазина тарҳи Моршол буд, ки Аврупоро дигаргун кард ва ба қавли шоире, он дигаронро кошифи сайёраҳо кард, вале азҳони мо ҳамчунон кӯру бидуни пешрафт боқӣ монданд.

Намедонам оё боз ҳам бояд мунтазир буд, то беҳтар дарк кунем, таърих чиро мехоҳад барои мо рақам бизанад?!

Ҳадиси неку бади мо навишта хоҳад шуд,

Замонаро қаламе, дафтареву девонест.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!