Хабари рӯз

Чаро сиёсатмадорони Афғонистон аз Созмони ҳамкории Шонгҳой ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ наметавонанд истифода кунанд?

Нависанда: Муҳаммад Қодир Мисбоҳ, коршиноси масоили минтақа, махсус барои "Сангар"

Иҷлоси ахири Созмони ҳамкории Шонгҳой тариқи маҷозӣ ва бо мизбонии Нориндро Моди, нахуствазири Ҳинд, ки ба тозагӣ аз сафари Вашингтон ва қарордодҳои роҳбурдӣ бо амрикоиҳо бозгаштааст, ҳомили паёми равшане буд.

Созмони ҳамкории Шонгҳой, ки як созмони байнулмилалӣ ва авруосиёӣ аст, ба номи “Панҷгонаи Шонгҳой” дар қолаби як эътилофи сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомӣ дар шаҳри Шонгҳойи Чин дар 15 июни 2001 тавассути 6 кишвар - Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон поягузорӣ шуда буд. Ҳинду Покистон дар 9 июни 2017 дар нишасти остонаи Қазоқистон ба унвони аъзои комили ин созмон табдил шуд. Дар нишасти Деҳлии Нав узвияти Эрон низ дар Созмони ҳамкории Шонгҳой эълом гардид.

Иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой ҳамасола бо мавзӯъи роҳбурди ҳамкориҳои чандҷониба ва ҳавзаҳои авлавиятдори тавсеа, расидагӣ ба мавзӯъоти муҳим ва тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсии аъзо баргузор мешавад.

Афғонистон илова бар густурдагии кори авлавиятдори ин созмон яке аз калидитарин баҳсҳои солонаи дарунгурӯҳии он мебошад. Бо вуҷуди тасаллути Толибон бар Кобул ва хушбиниҳои покистониҳо, эрониҳо, русҳо ва чиноиҳо аз хурӯҷи шитобзадаи нерӯҳои хориҷӣ дар 15 августи 2021 аз кишвар ва эҳсоси боз шудани майдони бозӣ барои чона задан сиёсатҳои минтақаии тороҷи маодин, “Як камарбанд ва як ҷода” – и Чин, CASA-1000, ТАПИ, ТУТАП, даҳлезҳои ҳавоӣ, коридори роҳи оҳан ва камарбанди Ҷодаи Лоҷувард дар хало мавҷуд, кейкҳои асалдори ин бозӣ ба шумор мерафт. Созмонҳои минтақаӣ, бахусус Созмони ҳамкории Шонгҳой дар тақсим кардани он чашм дӯхта буд. Аммо аз бахти бад ва ё хушшонсии мардуми Афғонистон аст, ки ҳанӯз судури ифротият, терроризм, маводи мухаддир, нақзи ҳарими марзӣ як таҳдиди ҷиддӣ ба шумор меравад. Аз ин хотир, фазои эътимоди комил байни аъзои Созмони ҳамкории Шонгҳойро нисбат ба ҳокимияти ҷадиди Афғонистон дучори бадбинӣ ва суъизан шудааст.

Ва дар ҷиҳати дигар нерӯҳои мухолифи Толибон низ бо гузаштаи начандон матлуб аз заъфҳое ранҷ мебарад, ки натавонистанд тавоноиҳои роҳбурдии ҷойгузини худро барои ин созмон ва на ҳеҷ марҷаъи байналмилалии дигаре, ки мунҷар ба эътимодсозӣ шавад, ироа кунанд.

Сиёсатмадорони мо гоҳе маризии фаромӯшхотирӣ мегиранд ва фаромӯш мекунанд, ки сиёсат майдони бозии фароху густурда аст. Аммо бозигарони ин арса бо вуҷуди фурсатҳои қобили таваҷҷуҳ, ҳамроҳии занон, таҳсилёфтагон, ҳунармандон, варзишкорон, муҳоҷирин, нерӯҳои амниятӣ, кишварҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва муҳиммтар аз ҳама аркони дипломатӣ дар Милали Муттаҳид дучори пирии зудрас шуда ва ба куҳулат савқ дода шудаанд, ки аз давидан боз монда ва оҳиста-оҳиста фурсатҳоро ба баракати рахват ва сустӣ табдил ба зиддифурсат кардаанд.

Ба назар мерасад, ки шояд хуб наёмухтаем, ки сиёсат ақида нест, балки ёфтани роҳҳои ҳалли мумкин барои убур аз буҳронҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятӣ аст. Як нигоҳ гузаро ба ду кишвари ҳамсоя - Ҳинду Покистон, Эрону Арабистон, Чину Русия бияндозем ва ибрат бигирем, ки чӣ тавр ин кишварҳо тавоноиҳои роҳбурдии ҷойгузинро ба ҷои афзоиши таниш ба кор бурдаанд?

Дар ҳоле ки мо ҳама бадбахтииҳои худро бо халқи буҳрон ба гардани ҳамдигар ва ҳатто ҳамсояҳо ва фаротар аз онҳо меандозем, бехабар аз онем, ки таъсири он устухонсӯз аст ва бемасъулиятии моро нишон медиҳад. Ҳар рӯз амрикоиҳо, покистониҳо, эрониҳо ва...ро фӯҳшу носазо медиҳем ва ононро муқассир медонем ва худро татҳир мекунем ва муҷаддадан талаби кӯмак мекунем, як масали машҳур аст, ки мегӯяд: “Агар бародаратро рӯз се бор носазо бигӯӣ, рӯзи чаҳорум баргашта яханатро хоҳад гирифт. Ҳоло ҳама яхани Афғонистонро гирифта.

То замоне ки чашмандози мо тағйир накунад ва ҷаҳон аз айнаки линздори душмани мутлақ ва дӯсти мутлақ берун нашавад, бадбахтиҳои нотамом ҳамчунон фарбеҳу фарбеҳ тар хоҳад шуд.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!