Афғонистон сарзамини озмоишҳои дунсифаттарин ҷосусҳо аст
Нависанда: Исмоил Фурӯғӣ, таҳлилгар
Баргардон: Фирдавси Низом
Ин рӯзҳо фирориҳои ҷумҳурии фасод, яке пушти дигар ба фаъолиятҳои расонаӣ оғоз карда ва бо ба роҳ андохтани мулоқотҳо, конфронсҳои матбуотии фардӣ ва дастҷамъӣ аз роҳи онлайн ё ҳузурӣ, мехоҳанд бори дигар мардумро дар доми дигар гир биндозанд.
Ин муҳраҳои сӯхта ва бадном бе он ки ба гуноҳонашон эътироф карда ва аз адолату маҳкама тарс дошта бошанд, ба орзуи таомул бо Толибон, ҳанӯз ҳам дар андешаи қудрат ва тасоҳуби дороиҳо ва ҷойдодҳояшон ҳастанд.
Ҳарчанд инон зоҳиран ҷудо-ҷудо ва чандин гурӯҳ ба назар меоянд, аммо ҳама ҳадафи воҳид ва муштарак доранд. Агар Ҳаракати миллии адолат ва сулҳи Ҳаниф Атмар ва Маъсум Истоникзай аст ё фаъолиятҳои давомдори бешармонаи Ҳамдулло Муҳиб, Ашраф Ғанӣ ва Сарвар Дониш. Агар дасту по заданҳои Ато Муҳаммад Нур, Дӯстум, Муҳаққиқ, Халилӣ ва Раббонӣ аст ё сафарҳо, эъломияҳо ва кӯшишҳои расонаии Ҳомид Карзай, ё таъсиси Ҳизби миллии озодии Афғонистони Раҳматуллоҳ Набил ва...; ҳама як ҳадафро думбол менамоянд ва он муомила бо Толибон ва ҳифзи гегемонияи қавмии кӯҳна бо пӯшиши нави ҷоҳилияти толибонӣ.
Хеле музҳик аст, ки ҳамаи инҳо бо ниқоби демократ ва озодандеш зоҳир мешаванд. Бисёрашон ҳатто либос ва стайли ғарбӣ доранд. Тақрибан духтарони ҳамаашон дар мадрасаҳову донишгоҳҳои хориҷ дарс мехонанд. Ҳама мусиқӣ ва ҳунарро дӯст доранд, ҳама бо занону духтаронашон ба паркҳо ва синамоҳо мераванд, ҳама зоҳиран демократу озодандешанд. Аммо мехоҳанд бо толиб канор биёянд. Мехоҳанд бо Толибон ҳукумати қобили қабул ва ба назари оқои Атмар ҳукумати машрӯъ бисозанд. Бо Толибон бо ҳамон гурӯҳе, ки дар корномаҳояшон, фақат интиҳору куштори бегуноҳон, душманӣ бо зан, бо ҳунар ва бо маданият, душманӣ бо шиъаён ва ҳазораҳо, наслкушӣ ва кӯч додани иҷбории соири ақвом дарҷ асту бас.
Ҳарчанд Толибон то ҳанӯз ҳеҷ кадом аз ин фирориҳои мутамаллиқро ба андозаи магасе ҳам аҳамият надода ва ҳаргиз намехоҳанд ононро дар ҳукумат шарик бисозанд, аммо мехоҳанд бисёр моҳирона аз нияти қавмпарастонаи паштунҳои фирорию тамаллуқкор ва думболаравии гурӯҳҳои гурезии ғайрипаштун, ба наҳве суд бубаранд, ки табъан ҳама ба дастури АйЭсАй ва машвараву мудохилаи пуштпардаи Амрико ва Англис аст.
Ба бовари нозирони авзои Афғонистон, ҳадаф аз талошҳои ин фирориҳои береша, ҳама фақат сафед кардани рӯи Толибон, машрӯъият бахшидан ба терроризми динӣ ва идомаву ҳифзи гегемонияи қавмӣ - ба хашинтарин шакли он, мебошад. Онон ба сароҳат, бетарс ва бешармона изъон доштаанд, ки Толибон амнияти саросариро таъмин карда ва барои Афғонистон хуб ҳастанд, фақат ҳукуматашон бояд ҳамашумул, фарогир ва машрӯъ шавад.
Ин афрод ва гурӯҳҳои таомулталаб бо Толибон, ҳеҷ кадом тавзеҳ намедиҳанд, ки чӣ гуна метавон дар зери чатри як ҳукумати ифротии динии террористӣ, ҳукумати ҳамашумул ва фарогирро эҷод намуд?
Чӣ гуна мешавад бо толибмеҳварӣ, динмеҳварӣ, мардмеҳварӣ ва қавммеҳварӣ ба ҳукумати фарогир даст ёфт?
Ҷолиб аст, ки ҳукумати фарогир ин шиори фиребанда ва казоӣ на танҳо аз сӯйи фирориҳои ҷумҳурии фасод, балки ҳатто аз сӯи Амрико, Англис, Иттиҳодияи Аврупо ва бархе созмонҳои байналмилалӣ ҳам замзама мешавад, ки ҳеҷ ҳадафе ба ҷуз фиреби азҳони омма, машрӯъият бахшидан ба терроризм ва таомул бо Толибон наметавонад дар қибол дошта бошад.
Ба ҳар ҳол, тавре, ки таърих нишон медиҳад, Афғонистон сарзамини озмоишҳои дунсифаттарин ҷосусҳо аст. Касе намедонад, ки Амрико ва Англиси террористпарвар, боз фардо чӣ касонеро ба рӯи саҳна хоҳанд овард - шояд боз яке аз ҳамин фирориҳои ҷумҳурии фасодро... Шояд…