Амрикоиҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба истилоҳ, сармоягузории сиёсӣ мекунанд, яъне созмонҳои ғайридавлатиро ба вуҷуд меоранд ва мақомоту сиёсатмадоронро мехаранд.
Нависанда: Эдвард Футуре, “Ридус” (Русия)
Коршиносони “Ҳалқаи назарҳо” дар мавриди фишори Иёлот Муттаҳида бар кишварҳои Осиёи Марказӣ баҳс карданд.
Проекти “Ҳалқаи назарҳо” бо ҳимояти нашрияи онлайнии “Ридус” конфронси савтии дигареро баргузор кард. Коршиносон дар бораи фишори Амрико бар кишварҳои Осиёи Марказӣ баҳс карданд.
Ба гуфтаи ширкаткунандагон дар конфронс, Вашингтон дар талош аст то кишварҳои Осиёи Марказиро маҷбур ба пайвастан ба таҳримҳо алайҳи Русия кунад.
Виктор Василев, стратегисти сиёсӣ гуфт: “Пешниҳоди Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Иёлот Муттаҳида барои пӯшиши зиёни ширкатҳо дар сурати имтиноъ аз ҳамкорӣ бо Русия бисёр музҳик ба назар мерасад. Блинкен 25 миллион долларро ваъда медиҳад, аммо маболиғи интиқолии муҳоҷирони корӣ, ки танҳо дар Русия кор мекунанд, бамаротиб болотар аст. Ман дар мавриди сармоягузории ширкатҳои русӣ дар минтақа сӯҳбат намекунам”.
Дониёр Ҳошимбоев, донишманди улуми сиёсӣ аз Қазоқистон, афзуд, ки амрикоиҳо барои чандин даҳа талош кардаанд то нуфузи Русияро дар Осиёи Марказӣ коҳиш диҳанд.
“Кулли маҷмӯаи абзорҳо ба хубӣ шинохта шудааст. Дар авохири даҳаи 80 тавассути созмонҳои миллигаро, пантуркист ва панисломӣ буруз дода ва пазируфта шуданд. Возеҳ аст, ки ин эҳсосот дар ҷомеа вуҷуд дорад ва ба дур аз воқеият нестанд. Дар айни ҳол, бо сӯҳбат аз дипломатияи сирфан амрикоӣ, бояд дар назар дошта бошем, ки нуфузи он нисбатан маҳдуд аст. Барои мисол, дар Қазоқистон ҳеҷ нерӯи либерал ва сиёсатмадоре бонуфуз дар ҷомеа вуҷуд надорад”, гуфт Ҳошимбоев.
Бахтиёр Эргашев, раиси Маркази ибтикороти таҳқиқотии “Маъно”, изофа кард: “Осиёи Марказии ором яке аз манофеъи калидии Русия ва Чин аст. Бо таваҷҷуҳ ба эҳсосоти мусбат дар ҷавомеъи Осиёи Марказӣ, ман фикр намекунам, ки минтақа оташ бигирад. Аммо, бидуни шак, талошҳое барои мунфаҷир кардани вазъият сурат хоҳад гирифт”.
Дмитрий Орлов, мудири кулли Маркази таҳлилии “Стратегияи Шарқ-Ғарб” дар поён гуфт: “Амрикоиҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба истилоҳ, сармоягузории сиёсӣ мекунанд, яъне созмонҳои ғайридавлатиро ба вуҷуд меоранд ва мақомоту сиёсатмадоронро мехаранд. Бадеҳист, ки талош барои қарор гирифтани кишварҳои минтақа дар баробари Русия ва Чин вуҷуд дорад.”
Пеш аз ин коршиносони “Ҳалқаи назарҳо” эътирозоти Гурҷистон, буҳрони Арманистон, нақши геополитикии Осиё, арзёбии эътирозот дар Эрон, таҷзия ва таҳлили натоиҷи иҷлоси Созмони ҳамкории Шонгҳой, баррасии паёмадҳои эҳтимолии геополитикии истеъфои нахуствазири Англис Борис Ҷонсон, амнияти ғизоӣ дар кишварҳои африқоӣ, ташдиди даргириҳо дар Тоҷикистон ва ҳамчунин сиёсати баҳсбарангез Туркияро дар назми ҷаҳонӣ баррасӣ карда буданд.
Манбаъ: “Ридус”