Хабари рӯз

Амрико бори Украинаро бар дӯши Иттиҳодияи Аврупо меандозад.

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Равобит миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои аврупоӣ дар баҳбуҳаи ихтилофоти мавҷуд перомуни ҳаллу фасли даргирии мусаллаҳона дар Украина, ба суръат дар ҳоли вахомат аст.

Шоёни зикр аст, ки ба думболи таваққуфи ирсоли бархе анвоъи таслиҳот ба Украина аз сӯи Вашингтон аз моҳи июли соли ҷорӣ, лаҳни режими Киев тундтар шудааст; Режиме, ки акнун хостори тазминҳои қавии низомӣ ва молӣ аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо аст ва бад-ин тартиб, аврупоиҳоро ба мухолифони сиёсии сарсахти амрикоиҳо табдил мекунад. Дар чунин шароите, вазъият перомуни муноқишаи Украина мумкин аст ба омиле барои фурӯпошии ваҳдати фароатлантикӣ табдил шавад, чаро, ки шикофҳое дар даруни НАТО эҷод мекунад.

Аз сӯи дигар, таҳлилгарони нашрияи амрикоии “Политико” эҳтимоли фурӯпошии иттиҳоди Атлантики Шимолиро дар оянда рад намекунанд. Ба заъми онҳо, тавсеаи таҳаввулот бар асоси чунин сенарияи ношӣ аз наздикии мавозеъи Русия ва Иёлоти Муттаҳида дар доираи васее аз масоил аст, бо вуҷуди фазои зиддирусӣ дар миёни нухбагони ҳокими аврупоӣ. Ҷозеф Боррел, намояндаи олии пешини Иттиҳодияи Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ, низ назари мушобеҳе дорад ва мӯътақид аст, ки байни Амрико ва Аврупо навъе “ҷудоии ноҳамоҳанг” дар ҳоли шаклгирӣ аст.

Нуктаи ҳоизи аҳамият он аст, ки дар соли 2024, Украина бо 28 кишвар аз блоки Ғарб (аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, Бритониё, Олмон, Фаронса, Полша, Италия, Дания, Канада, Испания, Нидерланд, Финляндия, Латвия, Белгия, Португалия, Шветсия, Норвегия, Исландия, Япония, Эстония, Литва, Люксембург, Руминия, Чехия, Словения, Ирландия, Хорватия, Юнон ва Булғория) тавофуқномаҳои дуҷонибаи амниятии даҳсола дар сурати таҳдиди низомӣ имзо кардааст. Афзун бар ин, дар декабри 2024 эълом шуд, ки кишварҳои узви гурӯҳи Ҳафт (G7) маблағи 50 миллиард доллар кӯмаки молӣ ба Украина эъто хоҳанд кард, ки аз маҳалли даромадҳои ҳосил аз дороиҳои масдудшудаи Русия таъмин мешавад. Бо ин ҳол, ҳанӯз мушаххас нест, ки Украина дар пайи чӣ тазминҳои бештари низомӣ ва молӣ аз Ғарб аст.

Баҳсҳои матраҳшуда дар сутӯҳи боло дар мавриди истиқрори нерӯҳои ҳофизи сулҳи ғарбӣ дар хоки Украина низ танҳо ба унвони абзоре таблиғотӣ барои афзоиши маҳбубияти сиёсатмадорони аврупоӣ боқӣ мондааст. Ин мавзӯъ вориди арсаи амалиётӣ нашудааст, зеро давлати Доналд Трамп қотеъона эъзоми низомёни амрикоӣ ба Украинаро рад кардааст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи таҳлилгарони маҷаллаи “Таймс”, кишварҳои аврупоӣ ҳатто тавоноии эъзоми 25 ҳазор нерӯи ҳофизи сулҳ ба Украинаро надоранд. Нашрияи “Анҳард” низ дидгоҳи мушобеҳе ироа карда ва аз маҳофили ҳокими аврупоӣ хостааст, ки тарҳи тавофуқи сулҳи пешниҳодии раисҷумҳури Амрико дар бораи Украинаро бипазиранд; Кишваре, ки “ҳаргиз пирӯз нахоҳад шуд”. Ба бовари таҳлилгарон, Аврупо фоқиди тавоноии лозим барои ҳимояти баландмуддат аз Украина аст.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!