Хабари рӯз

Ҳоло ин муассиса дар тахриб ва кӯчонидани мардуми Панҷшер аз сарзаминашон нақши умда дорад

Муаллиф: МАҲФУЗ

Тибқи гузоришҳои ба даст омада, аз солҳо пеш бахше аз муассисаи минарӯбии инглисӣ – амрикоӣ (эҳтимолан “Ҳайло траст” (HALO Trust) дар вурудии дараи Ховоки Панҷшер мавқеият гирифта буд, ки дар кул, фаъолиятҳои машкукеро думбол мекард.

Кормандон ва раҳбарии ин муассиса ба таври комил аз сӯи Созмони иттилооти низомии Покистон (ISI) муаррифӣ ва мудирият мешавад. Аксарияти қотеъи коркунони муассиса аз сокинони Пешовар ва Нангарҳоранд, ки дар ин ҳол узви гурӯҳҳои таблиғии машҳуртарин мадориси мазҳабии Покистон низ мебошанд.

Ин муассиса тавре вонамуд мекард, ки роҳҳои масири Панҷшер, Андаробҳо ва вилояти Тахорро минарӯбӣ мекунанд. Аммо моҳияти корашон таъйини масирҳои нуфуз ба минтақа, кашфи роҳҳои иртиботи фаръии арозии Панҷшер бо вилоёти ҳамҷавор ва дар маҷмуъ, бар асоси барномаи қаблӣ, заминасозӣ барои вуруди “Толибон”* ба Панҷшер буд. Иттилооти сарҷамъёфта ва натиҷагириҳо ба дафтари аслиашон дар Пешовар ирсол мегардид.

Дар асари фаъолиятҳои дермуддат муассисаи минарӯбӣ дар Панҷшер дар солиёни ҳукумати Карзай ва Ғанӣ замина фароҳам гардид, то мавқеияти депоҳои муҳимот ва қароргоҳҳои калидии ҷанги Панҷшер ба рӯи нақша тасбит ва нишонагузорӣ шавад ва он ҳама таҳқиқоту омодагӣ барои чунин рӯзе анҷом мегирифт. Кашфи муҳимтарин сангаргоҳҳо ва анборҳои муҳимоти Ҷабҳаи муқовимат бештар аз рӯи харитаҳои қаблан тартибшудаи ҳамин муассиса имконпазир гардид.

Баъд аз суқути Панҷшер, ки “Толибон” дар масири ҷодаи умумиву роҳҳои фаръӣ ва таъмирҳои давлатӣ ҷо ба ҷо шудаанд, ин муассиса дар хидмати “Толибон” қарор дорад ва бо як тими роҳбаладони муҷаҳҳаз бо абзори кашфи мина ба хонаҳои мардум дохил мешаванд ва маҳаллоти мухталиферо ба “Толибон” нишон медиҳанд, ки ҳаффорӣ кунанд, то магар аслиҳа ва муҳимот пайдо шавад.

Ин гуруҳҳо тавре амал мекунанд, ки “Толибон” дастур ба тахриби зерсохтҳои хонаҳои мардум бидиҳанд то замина барои кӯчи сокинон аз минтақа фароҳам шавад.

HALO trust (Hazardous Area Life-support Organization ё Cозмони ҳимоят аз ҳаёт дар минтақаи хатарнок) як созмони хайрияи бритониёӣ ва ғайритиҷоратии амрикоӣ сабтшудаи ғайрисиёсӣ ва ғайримазҳабӣ аст, ки зуболаҳои ба ҷо монда аз ҷанг, бавежа, минаҳои заминиро ҳазф мекунад.

HALO trust аз соли 1988 дар Афғонистон кор карда, дар ҳоли ҳозир 3000 корманд дар 18 вилоят дорад. 9 июни соли гузашта 10 корманди ҳазораи ин муассиса аз сӯи як гуруҳи ниқобпӯш дар вилояти Бағлон кушта шуда буданд. Ин кушторро ДОИШ* ба дӯш гирифт.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!