Сохти ин канал ду хатари умда дорад: яке, танишҳои минтақаӣ миёни Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ аст ва дувум, пуштунизатсияи Шимол аз ҳисоби паштунҳои ҷануби Афғонистон ва шимоли Покистон.
Нависанда: Доктор Муҳаммад Бохтариён, таҳлилгари умури Афғонистон, аз раҳбарони Ҷунбиши ҳаққи таъйини сарнавишт
Дар оғоз беҳтар аст бо истифода аз расонаҳо дар бораи канали Қӯштеппа бидонем.
Канали Қӯштеппа даштҳои шимоли кишварро бистари сарсабзу муносибе месозад барои ноқилини паштунҳои Покистон, ки фоҷиабор аст.
(Эзоҳ: ноқилин - он паштунҳо аз ҷануби Афғонистон, Хайбар Пахтунхваи Покистон ва ҳатто Ҳинд буданд, ки 100 сол ба ин сӯ аз сӯи раҳбарони паштуни Афғонистон ба сарзаминҳои шимоли Афғонистон, маҳалли сукунати ғайрипаштунҳо – тоҷикон, ҳазораҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо ва... интиқол ёфтаанд).
Маҷаллаи бритониёии “Экономист” дар матлабе, ки рӯзи ҷумъа, 28 баҳман (17 феврал) мунташир кард, навишт, канали Қӯштеппа дар шимоли Афғонистон, ки ба дасти Толибон дар ҳоли такмил шудан аст, имкон дорад ба даргириҳои минтақаӣ мунҷар шавад.
Канали Қӯштеппа, ҳудуди 50 сол қабл дар ҳокимияти Муҳаммад Довудхон (1973-1978) тарроҳӣ шуд, аммо дар ин муддат ба далели ҷангу бесуботӣ дар Афғонистон амалӣ нашуд. Дар 20 соли ҳокимияти давлати ҷумҳурӣ, Толибон, ки монеаи бузурге дар баробари проектҳои иқтисодӣ буданд, акнун талош доранд ин проектро амалӣ кунанд.
Канали Қӯштеппа оби рӯдхона Омуро ба бахшҳое аз вилоятҳои Балх, Ҷузҷон ва Форёб интиқол медиҳад, ки дар масири 285 километрии ин канал, ҳудуди 700 ҳазор гектар замин, ки акнун қобили истифода нестанд, обёрӣ хоҳанд шуд.
Ин канал 150 метр арз дорад ва дар 8 метр умқ ҳафр мешавад. Нуқтаи шурӯъи канали Қӯштеппа, аз шаҳристони Калдор дар устони Балх оғоз шудааст ва бо убур аз даштҳои Ҳайратон, Давлатобод ва Оқча ба шаҳристони Андхӯй дар Форёб мерасад.
Кор рӯи ниҳоӣ сохтани бахши аввали ин канал, ки 100 километр аст, ҷараён дорад ва бар асоси иддаои Толибон, ин бахш ба зудӣ (моҳи июни соли ҷорӣ) такмил хоҳад шуд. Бахши аввали ин канал 91 миллион доллар ҳазина бардоштааст, ки Толибон мегӯянд, аз даромади дохилӣ таъмин мешавад.
Дар проекти сохти ин канал ҳудуди 5 ҳазор нафар кор мекунанд ва дар он аз 3300 қитъа мошинолоти сохтмонӣ истифода мешавад.
Бар асоси матлаби “Экономист”, гармоиши замин ва хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ, дастрасӣ ба обро ба як нигаронии ҷиддӣ табдил кардааст ва ҳафр шудани канале дар шимоли Афғонистон, ки 650 метр мукааб обро дар сония аз рӯди Ому ба киштзорҳои дохили Афғонистон интиқол медиҳад, мумкин аст мунҷар ба даргириҳои минтақаӣ шавад (Туркманистон 75 ва Ӯзбекистон 65% эҳтиёҷоти худро аз оби Ому таъмин мекунанд).
Бо оби канали Қӯштеппа даштҳои Шимол сарсабз хоҳад шуд ва бистари муносибе густурда мешавад барои ноқилини паштунҳои Покистон дар манотиқи ҳосилхези Шимоли сарзамини толибонизашудаи мо, ки як фоҷиаи бузург хоҳад буд.
(Сангар: Бино ба маълумоти мухталиф, дар ду тарафи канал шаҳракҳои модерн сохта шуда, дар онҳо то 3 миллион нафар аз паштунҳои минтақаи қабоили Покистон ҷобаҷо мешаванд. Ин ҳамон мардумеанд, ки бо қонунҳои қабилаӣ зиндагӣ мекунанд ва нерӯи аслии терроризми ҷаҳониро ташкил мекунанд. Ба маълумоти дигар, дар ин шаҳракҳо террористони хориҷӣ низ ҷой дода мешаванд, то як қаламрав ё “давлат андар давлат”-и террористӣ ба манзури анҷоми ҳамлаҳои террористӣ ба Осиёи Марказӣ таъсис ёбад. Тарҳро Амрико ва Покистон сармоягузорӣ мекунанд ва тавофуқ миёни онҳо Исломобод ду соли пеш ҳосил шудааст).
ТАРҲҲОИ ҶИЛАВГИРӢ АЗ НОҚИЛСОЗИИ ШИМОЛ
Ба асоси мутолиот ду навъ нигаронӣ дар бораи канали Қӯштеппа вуҷуд дорад, яке танишҳои минтақаӣ миёни Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи Осиёи Миёна аст ва дувум, ноқилсозии паштунҳои покистонӣ ва паштунҳои афғонистонӣ ба манотиқи Шимол.
То кунун дар миёни ақвоми ғайрипаштун (тоҷик, ҳазора, ӯзбек, туркман ва...) чанд то тарҳвора вуҷуд дорад. Бояд баррасӣ кунем, ки кадом як аз инҳо барои ҷилавгирӣ аз ноқилсозӣ муфид ва коромад аст.
1 - Барномаҳое дар чорчӯби Афғонистон
А - Ҳукумати ҳамашумул бо Толибон: ин барномаи Амрико ва тақрибан кулли ҷаҳон аст. Сиёсатмадорони ҷумҳуриятӣ низ барои он дил хуш кардаанд. Тарҳе, ки то ҳанӯз Толибон онро қабул накардаанд.
Пурсиш: оё барои ҷилавгирӣ аз ноқилсозӣ – паштунизатсия муфид аст?
Посух: ҳукумати мушорикатӣ агар сурат бигирад, айнан монанди ҳукумати Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай аст. Яъне як "зай" дар раъси он мебошад. Дар ҳукумати Карзай ва Аҳмадзай бештарин ноқилсозӣ дар Ҳирот ва ҳатто вилоёти Шимол сурат гирифт. Фиристодани кӯчиҳо ба ҷанги деҳнишинони дигар ақвом ва аз он тариқ ноамнсозии манотиқи ғайрипаштун худ як барномаи бузург буд. Пас ҳукумати ҳамашумул як ҳукумати ноқилсоз аст.
Б - Ҳукумати ғайримутамаркиз: барномаи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аст. Ин барнома мумкин як нахуствазири тоҷик ва як раисҷумҳури паштун дошта бошад. Монанди модели Фаронса. Раисҷумҳур тавоноии инҳилоли Маҷлис ва дар натиҷа нахуствазиреро медошта бошад. Пас чандон тафовут бо ҳукумати ҳамашумули мушорикатӣ нахоҳад дошт.
Кори вежа дар баробари ноқилсозӣ: ҳеҷ тафовуте бо ҳукумати ҳамашумул нахоҳад дошт. Раисҷумҳури паштун бо харидории қавмфурӯшони дигар ақвом, ки кам нестанд - монанди парлумони бист соли ҷумҳурият - ҳамаро мехарад ва вазиру вакили беихтиёр месозад. Худи инҳо барномаҳои ноқилсозиро тасвиб мекунанд. Дар ахир худашонро низ паштуни тоҷикшуда муаррифӣ мекунанд. Пас худ ин ҳукумати ноқилсоз хоҳад буд.
В - Ҳукумати федерали демократӣ: федерал бихоҳӣ нахоҳӣ дар ин кишвари қавмӣ - сарзамине хоҳад буд. Билфарз ғолиб шудани назарияи федерал, дар аёлоти федерал пулис хоҳад дошт ва артиш як амри миллӣ хоҳад буд. Бо таваҷҷуҳ ба шинохти таърихии таҷрибӣ аз паштунҳо, артиш ва фармондеҳии онро дар ихтиёр хоҳанд дошт.
Кори вижа дар баробари ноқилсозӣ: ба назар мерасад, ки ҳукумати федерал ба раҳбарии паштунҳо, аёлоти федералро демократӣ ва ором нахоҳад гузошт, балки барномаҳои ноқилсозии худро ба зӯри артиш болои онҳо хоҳад қабулонд.
2 - Барномаҳое хориҷ аз чорчӯби Афғонистон:
А - Ҳукумати мутамаркизи Хуросон: ормону барнома бар ин аст, ки ақвоми хуросонӣ (ақвоми ғайрипаштун) дар иттиҳод бо ҳам ҳукуматро ба зӯр бигиранд, монанди ҳукумати Амир Ҳабибуллоҳ Калаконӣ ва ҳукумати устод Раббонӣ. Сипас болои кулли кишвар монанди ҳукуматҳои мутамаркизи паштунӣ ҳукумат кунанд.
Кори вижа дар баробари ноқилсозӣ: дар сурати ташкили чунин ҳукумате, дар гоми нахуст метавонад аз ноқилсозӣ ҷилавгирӣ кунад ва дар гоми дувум проекти ноқилсозиро баракс кунад. Яъне ақвоми дигарро ба манотиқи паштуннишин ноқилсозӣ кунад. Бад-ин гуна фишореро, ки аз ноқилсози ба манотиқи дигар сурат мегирад, бар манотиқи паштуннишин интиқол бидиҳад.
Б - Ташкили ҳукумати мустақили порсизабонон ва ақвоми муттаҳиди он (кишвари Бохтариён):
Дар ин сурат Афғонистон ба ду кишвари паштун ва ғайрипаштун ба асос як нақшае, ки зӯри марзҳои онро мушаххас хоҳад кард, ташкил хоҳад шуд.
Кори вежа барои ноқилсозӣ: Дар ин ҳукумат бояд бо ҳукумати паштунӣ қатъи иртиботи доимӣ вуҷуд дошта бошад. Садди бузург монанди садди Зулқарнайн бо артиши қавӣ дар баробари онон кашида шавад. Онон бо Покистон бираванд равобит ва зиндагии худро шакл бидиҳанд. Бинобарин, ин ҳукумат метавонад аз ноқилсозӣ барои абад ҷилавгирӣ кунад.
ПАСГУФТОР
Ҳақиқат ин аст, ки ин барномаҳо феълан ҳама як ормон аст. Ҳеҷ кадом сурати ҳақиқӣ надоранд. Ҳар кадом аз якдигар сахттар менамояд.
Оё роҳи кӯтоҳмуддат барои ҷилавгирӣ аз ноқилсозӣ вуҷуд дорад?
Дар ин сурат шиори "Чизе, ки барои ман намешавад, барои ҳеҷ кас нашавад" бояд дар пеш гирифта шавад.
Дар ин сурат бояд чанд кор сурат бигирад:
1 - ба асоси техникҳои ҷанги чирикӣ дар барномаҳои монанди Қӯштеппа бояд харобкорӣ сурат бигирад. Нагузоранд, ки ин барномаҳо такмил шаванд, монанди ин ки дар ин панҷоҳ сол такмил нашуд.
2 - Ноқилини кӯҳна ва нав ҳадаф гирифта шаванд. Оромишашон барҳам зада шавад. Дар ин сурат ноқилин худ ба худ маҷбур ба муҳоҷират ва ақибнишинӣ мешаванд. Монанди даврони ҷиҳод, даврони муқовамат ва авоили даврони ҷумҳурият.