Аксарияти Толибони дирӯз дар манотиқи шимоли Афғонистон ба Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон тамос қоим карда ва мунтазири як ҳаракатанд
Нависанда: Ҳафиз Мансур, собиқ вазири фарҳанг ва раиси Кумитаи радио ва телевизиони Афғонистон
Иморати Толибон* дар маърази фурӯпошӣ қарор дорад.
Иморати Толибон бо мушкили чаҳоргонаи ҷиддӣ мувоҷиҳ аст. Ва бо гузашти ҳар рӯз ин мушкилот амиқтар шуда мераванд.
1 - адами шиносоии иморати Толибон аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба унвони як давлати машрӯъ ва қонунӣ;
2 - адами ташкили як давлати коро ва фарогир аз сӯи Толибон, ки битавонад, асбоби қаноати мардуми Афғонистон, ҷиноҳҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои маданиро фароҳам оварад;
3 - мушкилоти молӣ ва иқтисодӣ, ки бо ҳузури Толибон дар Кобул, мусоидатҳои ҷаҳонӣ ба Афғонистон қатъ гардид;
4 - сафбандиҳои дарунии Толибон, ки бо гузашти замон фосилаи миёни онҳо зиёдтар шуда меравад.
Таҳрики Толибон бо чанд тааҳҳуд, ризояти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои минтақаро ба даст оварда буданд, то ҷогузини ҳукумати Ашраф Ғанӣ шуданд;
Ба Амрико ва муттаҳидонаш тааҳҳуд супурда буданд, ки аз қаламрави Афғонистон таҳдиде мутаваҷҷеҳи манофеъи он кишварҳо сурат намегирад. Ҳамчунон кишварҳои ҳамсояро қонеъ сохта буданд, ки Афғонистон оянда пойгоҳи таҳдид дар баробари онҳо намебошад. Аз ҳамин бобат буд, ки вуруди Толибонро ба шаҳрҳои бузург ва бавежа шаҳри Кобул бо сукут пайгирӣ карданд. Толибон ваъда супурда буданд, ки дигар он гурӯҳи сахтгир, зидди ҳуқуқи башар нестанд, бо занон, аҳзоби сиёсӣ, ниҳодҳои маданӣ ва кормандони давлати қаблӣ мутобиқи қавонин ва меъёрҳои байналмилалӣ рафтор хоҳанд намуд, вале дар амал онҳо бори дигар собит карданд, ки ҳеҷ гуна тағйире дар гуфтору рафторашон ба миён наомадааст.
Кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки фикр мекарданд, Афғонистон зери идораи Толибон метавонад, сулҳу суботро дар ин кишвар баргардонад, дида шуд, ки ҳамалоте аз қаламрави Афғонистон дар Покистон сурат гирифт, дар чанд навбат танишҳои марзӣ миёни Эрон ва Афғонистон ба вуқӯъ пайваст ва танишҳо дар ҳадде расид, ки Эрон ногузир гардид, неруҳои бештареро дар марзи шарқии худ мустақар намояд. Ҳамалоти ракетӣ ба Ӯзбекистон анҷом шуд, ки дасти кам дар се даҳаи пасин бесобиқа будааст.
Кишварҳои ҳамсоя, ки ДОИШ*-ро таҳдиде ҷиддӣ барои амнияти минтақа медонанд, ба ваъдаҳои Толибон дил баста буданд, ки гӯё таҳаррукоти ДОИШ ба василаи Толибон маҳор зада хоҳад шуд, аммо дида шуд, ки ДОИШ дар чандин шаҳри Афғонистон ҳамалоти хунинро ба роҳ андохт ва тавоноии идораи Толибонро дар амри таъмини амният башиддат зери савол бурд. Аз он гузашта шавоҳиде дида шуд, ки Толибон ба манзури зери фишор қарор додани ҳамсояҳои Афғонистон, худ ба доишсозӣ пардохта ва ҳамалотеро дар баробари онҳо худ созмондеҳӣ мекунад, то аз ин тариқ битавонад имтиёзоти бештареро ба даст оварад.
Дар маҷмӯъ дар ин арса, агар андак хушбиниҳое дар ҳашт моҳи қабл нисбат ба иморати Толибон вуҷуд дошт, тайи ин муддат сайри нузулии худро паймудааст ва тармими он ба василаи Толибон корест, ки гумон намеравад аз тавони он гурӯҳ буда бошад.
Таҳрики Толибон 20 сол қабл ҳам барои чанд соле бар аксарияти ҷуғрофиёии Афғонистон ҳоким буданд. Фикр бар ин буд, ки ин навбат бо ибратомӯзӣ аз гузашта, дар ҳиссаи ташкили ҳукумат ва истихдоми ашхоси бофаҳм аз худ ибтикор ба харҷ хоҳанд дод, аммо боз ҳам, роҳеро думбол карданд, ки дар гузашта паймуда буданд, дар саросари ҳукумат қорӣ ва мавлавиро дар корҳои фаннӣ ва маслакӣ тавзиф намуданд, ки натиҷаи он чизе ғайр аз рукуд ва фалаҷи идорот буда наметавонад. Толибон вонамуд мекарданд, ки ашхоси маслакиро ҳифз медоранд, вале ин гурӯҳ сиёсатеро эъмол доштанд, ки натанҳо дар Афғонистон, ки дар ҳеҷ ҷойи ҷаҳон собиқа ва намуна надорад. Аҳзоби сиёсиро манъ эълом карданд, ҷое барои фаъолияти ниҳодҳои маданӣ нагузоштанд, артиш ва пулиси миллиро нобуд намуданд, ба ҷои он афроди таълимнодида ва мактабнарафтаро ба истихдом гирифтанд. Ҳосили чунин ташкилоте фақру бекории саросарӣ, заҷру шиканҷаи мардум, худсариву беқонунӣ, норизоятӣ ва фирор аз кишвар аст ва ҳаргиз наметавонад, асбоби бақоро барои он гурӯҳ фароҳам намояд ва машрӯъияти байналмилалиро ба ҳамроҳ оварад.
Таҳрики Толибон ба сони танзимҳои ҷиҳодӣ башиддат фиреби ваъдаҳои чарбу нарми кишварҳои ҳамсояро хӯрда буданд ва фикр мекарданд, пас аз хурӯҷи неруҳои амрикоӣ кӯмакҳои миллиарддолларии Чин, Русия, Эрон ва Покистон ба Афғонистон сарозер мешавад, он гурӯҳ бо хаёли роҳат ба ҳукуматдорӣ мепардозанд, ноогоҳ аз ин ки Толибон ҳеҷ гоҳ номзади ҳукумат кардан набудаанд ва аз онҳо истифодаи абзорӣ ба амал омад. Вақте Толибон вориди Кобул шуданд, интизори зиёде доштанд, аммо умдатарин ҳомии онҳо кишвари Чин бо ирсоли 1000 тахта кампал иморати Толибонро мавриди ҳимоят қарор дод ва аз дигарон, ки ҳеҷ хабаре нашуд. Имрӯз ҳама ниҳодҳои давлатӣ ба гунае фалаҷ буда, маоши пизишкон ва муаллимон ба василаи муассисоти байналмилалӣ таъмин мегардад. Касире аз қитаоти низомии онҳо, аз фарти гуруснагӣ ба хонаҳояшон баргаштаанд ва дар бархе аз вилоёт барои дафъи фақру гуруснагӣ рӯи гирдоварии молия ва ушр миёни нерӯҳояшон даргириҳои хунин сурат гирифта ва мегирад.
Пули Афғонистон дар Бонки ҷаҳонӣ мунҷамид гардида ва аз дастрасии Толибон хориҷ сохта шудааст. Барои ҷуброни ин мушкил, тамоми тавони худро Толибон дар истихроҷи маодини хурду кӯчак ба масраф мерасонанд, монанди зуғолсанг, нафти хом ва гирдоварии таксу молия аз дӯкондорон, ки ҳаргиз наметавонад ниёзмандии як давлатро кифоят намояд. Кишти тарёкро ташвиқ ва густариш додаанд, то битавонанд дар поёни фасл аз ин ноҳия ниёзмандиҳои молиашон бароварда гардад, аммо барои минтақа ва ҷаҳон заҳр коштаанд, дарду мусибат пахш медоранд.
Гузоришҳо мерасонад, ки нерӯи Толибон аз чанд моҳ бад-ин сӯ маош дарёфт накардаанд ва дигар ангезае барои ҷангидан надоранд, аз ҳамин рӯст, ки башиддат бо камбуди нерӯи ҷангӣ мувоҷеҳ мебошанд.
Рафтори табъизомези иморати Толибон дар гоми нахуст толибони марбути тоҷикҳо, ӯзбекҳо ва туркманҳоро нороз гардонид, дар амал наметавон онҳоро нерӯи вобаста ба Толибон ба ҳисоб овард. Шуморе аз сарони онҳо халъи силоҳ ва иддае ҳам ба вазоифи ғайримуҳим гумошта шудаанд. Манотиқи шимолшарқӣ ва шимоли Афғонистон ба василаи фармондеҳони паштунтабори Толибон мудирият ва раҳбарӣ мешавад. Беҷиҳат нест, ки аксарияти Толибони дирӯз дар манотиқи шимоли Афғонистон ба Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон тамос қоим карда ва мунтазири як ҳаракатанд.
Дар миёни Толибони ҷануб ва ҷанубу ғарби Афғонистон низ равобити матлубе барқарор намебошад. Ин гурӯҳ аз ибтидо, як нерӯи мунсаҷим ва мутамаркиз набуд, балки аз сӯи кишварҳои мухталиф раҳбарӣ ва ҳимоят мешуданд. Ҷиноҳи Мулло Бародар, ки ба сурати умда дар Қандаҳор ва Ҳилманд марказият доранд, аз сӯи Эрон пуштибонӣ мешуданд. Дар ҳоли ҳозир муҳимтарин фармондеҳи онҳо ба номи мулло Абдулқаюм Зокир мавриди сӯизанн воқеъ шуда, аз муовинияти вазорати дифоъи миллӣ канорагирӣ кардааст. Бар асоси як гузориш, хонаи шахсии вай аз сӯи муҳофизони Мулло Ҳайбатуллоҳ мавриди бозрасӣ қарор гирифта ва тамоми силоҳҳои он забт шудааст.
Агар қандаҳориҳо Мулло Ҳайбатуллоҳро “амирулмуъминин” мехонанд, Толибони самти Пактиё бо унвон додани Сироҷуддин Ҳаққонӣ ба номи "Халифа соҳиб" аз худ гурӯҳ ва дастаи худро доранд. Рақобати байни ин ду ҷиноҳ ба рақобати Халқу Парчам ва Ҳизб (-и исломӣ) – ву Ҷамъият (-и исломӣ) мушобеҳ буда метавонад. Гуфта шуда, ки ҷиноҳи Ҳаққонӣ бо Покистон равобити танготанге дорад, вале аз бархе гузоришҳо бар меояд, ки ин гурӯҳ барои ташкили як ҳукумати муштарак мутамоилтар аст, дар ҳоле, ки ҷиноҳи Мулло Бародар қасди ҳукуматро ба танҳоӣ дар сар мепарваронад. Ин тафовутҳо дар паёмҳое, ки ба нишонии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ирсол медоранд, ба хубӣ ошкор аст. Ихтилофи ин ҷиноҳ дар ҷое расида, ки ҷиноҳи Ҳаққонӣ дар солмарги Мулло Умар ҳузур пайдо намекунад ва дар муқобили он худро решадортар вонамуд намуд, аз солрӯзи пирӯзии муҷоҳидини Афғонистон бидуни ҳузури сарони ҷиноҳи Мулло Бародар дар толори радиотелевизиони Афғонистон таҷлил ба амал меоварад.
Бо як ҷамъбандии содда ба ин натиҷа расида метавонем, ки иморати Толибон интизори як ҳаракати низомии мардумиро дорад, ки дар шимоли Афғонистон аз ҷониби Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон тадорук дида шудааст ва чунин ҳаракате ба суръат метавонад боиси таҳрики тамоми нерӯе, ки дар саросари Афғонистон зери фишор ба сар мебаранд, гардад ва ба як ҷунбиши миллӣ табдил гардад. Мавозеъи хунсои кишварҳои ҳамсоя дар қиболи қазоёи Афғонистон ҷиддитар хоҳад шуд. Омадани Шаҳбоз Шариф дар Покистон Толибонро бештар аз гузашта мавриди дастдарозии Покистон қарор дода, ки мӯҷиби инзивои бештари Толибон мегардад. Ва дар сатҳи ҷаҳонӣ, ки пас аз ҷанги Украина Афғонистон ба фаромӯшӣ рафтааст, дубора матраҳ хоҳад гардид.
Аз поёни ранҷу бадбахтии мардуми Афғонистон ба сурати қотеъ наметавон сухан гуфт, аммо аз ин, ки султаи Толибон ба поён худ хоҳад расид ва он ҳам ба сурати фоҷиабор ва ғайримунтазираи он, тардиде вуҷуд надорад.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.