Хабари рӯз

Тарҳи ҳукумати мушорикатии Толибон ҳамон “тарҳи Мухкаш” – и Карзаю Ғанӣ аст, ки на фақат иҷроӣ нест, балки як дурӯғи шохдор аст.

Нависанда: Рустам Рушангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Баргардон: Фирдавси Низом

Мавлавӣ Кабир, раисулвузарои идораи худхондаи Толибон, гуфта, ки дар ҳукумати ин гурӯҳ мушорикати ақвом таъмин аст. Ӯ ҳукумати худхондаи Толибонро бо ҳукумати интихобии пешин муқоиса карда ва бо ном гирифтан аз чанд толиби тоҷик, ҳазора ва узбек, ки дар ҳукумати ин гурӯҳ симатҳои намоишии фоқид салоҳият доранд, ин пурсишро матраҳ карда, ки чаро ҳукумати қаблӣ мушорикатӣ номида мешуд, аммо ҳукумати онон мушорикатӣ хонда намешавад.

Пеш аз ин ки ба изҳороти Мавлавӣ Кабир бипардозем, ёдоварии ин нукта зарурӣ аст, ки ӯ ба тозагӣ ва ба шакли ғайримунтазира, ногаҳонӣ ва хилофи таваққӯъ ба симати раёсати вузарои идораи худхондаи Толибон гумошта шуд, ки ин амр пурсишҳои лоянҳали зиёдеро эҷод кардааст.

Ду гумонаи қавӣ дар бораи гузиниши ӯ матраҳ шуд: Яке, ин ки ӯ чун фарди мутеъ ва мутамаллиқест, аз сӯи Мулло Ҳайбатулло барои идораи Кобул гумошта шуда, то дар ғиёби ӯ худсариҳои Сироҷ Ҳаққонӣ ва Мулло Яъқубро маҳор кунад; Дувум, ин ки ӯ дар натиҷаи фишори хориҷӣ (Амрико, Покистон ва Қатар) дар як нақши мувозӣ бо Мулло Ҳайбатуллоҳ гумошта шуда, ки эҳтимолан дар оянда қудратнамоии бештаре дошта бошад ва яккатозиҳои Мулло Ҳайбатуллоҳро ба чолиш бикашад. Ҳатто ин эҳтимоли на чандон баидро мӯҳтотона метавон матраҳ кард, ки раис шудани Мавлавӣ Кабир, эъломи ғайрирасмии поёни ҳаёти сиёсии шахсе ба исми Мулло Ҳайбатуллоҳ, раҳбари Толибон аст!

Аммо мушорикатӣ хондани идораи худхондаи Толибон тавассути Мавлавӣ Кабир ба чӣ маъност?

Баид аст, ки Мавлавӣ Кабир инро надонад, ки идораи худхондаи ин гурӯҳ мушорикатӣ на, балки ба шиддат такқавмиву такгуруҳӣ ва инҳисориву шахсӣ аст. Пас ӯ вақте дониста ин изҳоротро баён мекунад ва ба истилоҳ, таҷоҳули орифона мекунад, дар ин сурат бояд гуфт, ки раисулвузарои ҷадид, мухолифи мушорикати ақвом дар ҳукумат аст. Биноан, изҳороти ахири ӯро бояд поёни умеди касоне талаққӣ кард, ки то кунун фикр мекарданд, Толибон баъд аз муддате оҳиста-оҳиста дар баробари воқеиятҳои иҷтимоии айнии Афғонистон тамкин хоҳанд кард.

Фаромӯш накунем, ки Мавлавӣ Кабир аввалин мақоми Толибон аст, ки дар сатҳи раҳбарӣ ҷо ба ҷо мешавад. Тақаррури ӯ ба ҳайси раисулвузароро метавон поёни як давраи ҳукуматдории Толибон дар назар гирифт, ки то кунун ин гурӯҳ аз он ба унвони ҳукумат ё идораи сарпараст/муваққат ёд мекард. Интизор меравад, ки Мавлавӣ Кабир, як силсила тағйиротеро дар ҳукумат ворид кунад, ки дар фароянди ин тағйирот, баҳси мушорикати ақвом матраҳ мешавад.

Бо ин васф, метавон бо милок қарор додани изҳороти ахири Мавлавӣ Кабир, натиҷа гирифт, ки дар идораи доимӣ ва аслии Толибон, ки пас аз ин батадриҷ рӯи кор хоҳад омад, хабаре аз мушорикати ақвом нахоҳад буд. Ба иборати дигар, бояд пардаи фиребкории Толибон барои эҷоди умед дар миёни ҷамоате аз сиёсиюни ғайрипаштун, ки мутамоил ба мушорикат дар ҳукумати Толибон будандро дарида талаққӣ кард. Сухангӯёни Толибон дар ҳама мабоҳиси расонаӣ аз фаро расидан як замони номумкин барои канор гузоштани идораи сарпараст ва рӯи кор омадани идораи ҷадид сухан мегуфтанд ва ба мунтақидини худ мегуфтанд, ки вақте идораи сарпараст канор биравад, тағйирот ва ислоҳоти мутаваққеъа дар заминаи мушорикати ақвом ва соири муъзалоти сиёсӣ ва идорӣ эъмол хоҳад шуд ва ба истилоҳ, ҳама чиз гулу гулзор хоҳад шуд.

 Ба фарзи ин ки Мавлавӣ Кабир ва соири саркардаҳои гурӯҳи Толибон воқеан намедонанд, ҳукумати мушорикатӣ чист ва чӣ маъно медиҳад, мафҳуми мушорикати ақвомро ба шарҳи зер метавон боз кард:

Мо ду навъи мушорикат дорем: 1) мушорикат сурӣ ё намодин ва 2) мушорикати воқеӣ ё қонунӣ.

Мушорикати сурӣ ё намодин:

Мушорикатест, ки дар як сохтору назми асосан такбуъдиву таксоҳатӣ ва такқавмии гурӯҳи аслӣ ва дорандаи қудрат, аз миёни ақвом ва қабоили мухталиф ба дилхоҳи худ афроди хосеро гузиниш намуда, дар ҷоҳое аз ҳукумат муқаррар мекунад. Ин навъ мушорикат, дарвоқеъ ранги марғубест, ки ба як ҷисми маъюб кашида мешавад. Мисли ин ки оҳанро ранги тилоӣ кунед ва онро тило гуфта, ба бозор арза кунед. Чунон ки аз номаш пайдост, дар ҳамчу низоме мушорикат фақат дар сурат ва дар исму дар зоҳир аст, аммо дар маъно, дар зот ва дар ботин мушорикат вуҷуд надорад. Дар ҳамчу низоме як қавм соҳиб ва молики қудрат аст ва бақия ақвом, меҳмон, иҷрокунанда ва ходим. Дар ҳукуматҳои Карзай ва Ғанӣ низ тамоюли раҳбари ҳукумат ба мушорикатзудоӣ буд ва он ду чеҳраи ғаддори таърихи сиёсии Афғонистон то тавонистанд дар ин масир тохтанд, аммо ҳоло маҷоли пардохтан ба достони такрории онон нест.

Мушорикат воқеӣ:

Мушорикатест, ки ҳама ақвом ба таносуби нуфусашон дар ҳукумат саҳм доранд. Мушорикати воқеии фардӣ каме интисобӣ, салиқаӣ ва сиёсӣ нест, балки ҷамъӣ, кайфӣ, интихобӣ, систематик ва ҳуқуқӣ аст. Яъне мушорикат ба ин содагӣ нест, ки афроди хосе, ки ҳукуматро ба ҳар тариқе ба даст гирифтаанд, биёянд дар як рӯйкарди салиқаӣ ва сиёсӣ афроди хоси дигареро аз миёни ақвоми дигар дар постҳои мавриди назари худ интисоб кунанд. Балки бояд донист, ки мушорикати воқеӣ як фароянди печида аст. Фароянде, ки мушорикат дар он тобеи усул, қавонин ва меъёрҳои пазируфташуда аст. Ба баёни дигар, мушорикати воқеӣ панҷ шарти салбӣ ва панҷ шарти эҷобӣ дорад. Мушорикати воқеиро барои ин ки битавон таърифи амалиётитар ва қобили андозагирӣ кард, метавон мушорикати қонунӣ низ номгузорӣ кард. Яъне мушорикат мубтанӣ бар қонун бошад.

Механизми иҷроии мушорикати қонунӣ ё мушорикати воқеӣ ба шарҳи зер аст;

1 - Пеш аз амалу феъли мушорикат, бояд қонуни мушорикат ба миён ояд;

- Қонуни мушорикат, бояд фасле аз Қонуни Асосӣ бошад;

- Дар Қонуни Асосӣ, бояд механизми мушорикат ба гунаи дақиқ таъриф шавад;

- Қонуни Асосӣ сохтореро ба миён орад, ки мутазаммини мушорикат буда ва онро тасҳил кунад;

- Қонуни асосӣ аз сӯйи намояндагони воқеии ақвом дар фазои боз ба тасвиб бирасад;

- Қонуни асосӣ, саҳми ақвомро дар тамоми сутуҳи раҳбарӣ, тасмимгирӣ, иҷроӣ ва қазоӣ ба таносуби нуфусашон ба гунаи одилона аз назари камӣ ва кайфӣ мушаххас кунад.

- Қонуни Асосӣ бояд салоҳияти ашхоси мушорикаткунандаро ба гунаи равшан таъриф кунад;

- Дар Қонуни Асосӣ тасҷил шавад, ки афроди мушорикаткунанда намояндаи воқеии ақвом буда ва дар интихоботи демократии дарунқавмӣ интихоб ва барои мушорикат дар ҳукумат муаррифӣ шаванд.

Ба баёни содатар, дар мушорикати воқеӣ/қонунӣ чаҳор асли асосӣ вуҷуд дорад: Як, механизми қонуни мушорикат; Ду, намоянда будани мушорикаткунандагон; Се, салоҳиятҳои қонунии намояндагон; Сохторе, ки мутазаммин мушорикат буда, онро тасҳил кунад.

Дар ин ҷо бояд гуфт, ки асли намоянда будани мушорикаткунандагон хеле муҳим аст ва ниёзманди як баҳси тафсилии дигар мебошад. Мо дар ҳукуматҳои Карзай ва Ғанӣ низ, ки зоҳиран мушорикатӣ буданд, намояндагони воқеии ақвомро надоштем, балки тикадорони қавмиро доштем. Касоне, ки таҳти шароити хосе дар ғиёби мардум, курсии намояндагии сиёсии мардумро тасоҳуб карданд ва арзишҳои мардумро ваҷҳулмуомилаи худ барои касби манофеи шахсӣ сохтанд. Ҳукуматҳои мушорикатситез низ дар рушду бузург кардани тикадорони қавмӣ ба номи намояндагони ақвом нақши асосӣ доштанд.

Бинобар ин, дар як сохтори толибонӣ, ки фоқиди Қонуни Асосӣ, дорои як раҳбари мутлақулинон аст, сохтори мутамаркизи фардмеҳвар дорад ва қудрат низ ба шакли қаҳрӣ тавассути як гурӯҳи хос ғасб шуда, мушорикат ҳеҷ маъное надорад ва дар хушбинонатарин ҳолат, агар мушорикате ҳам бошад, тибқи “тарҳи Мухкаш” аст. Тарҳе, ки ҳукуматҳои Карзаю Ғанӣ низ бар мабнои он амал мекарданд ва ҳамин амалкард боиси суқути ҳукумат ба даст Толибон шуд.

ТАВЗЕҲ: Сабоҳуддин Мухкаш, корманди дастгоҳи раисҷумҳур Ғанӣ, дар як тарҳ ба Ғанӣ пешниҳод карда буд, ки кормандони ғайрипаштун - тоҷик, ҳазора, ӯзбек ва дигар ақвоми Афғонистон аз дастгоҳи раисҷумҳур ронда, ба ҷои онҳо ҳамтаборони беҳувият ва бесалоҳият аз ин ақвом ҷалб карда шаванд, то ба пешбурди барномаҳои паштунҳо хала эҷод накунанд. Таҳти фишорҳо додгоҳи замони Ғанӣ ӯро ба ҳабс маҳкум карда буд.

То ин ҷо мухотиби мо раҳбарони Толибон буд, ки дар бораи мушорикат таҷоҳул мекунанд ва ба истилоҳи ом, худро ба ба нофаҳмӣ мезананд.

Дар зер ба гунаи фишурда ба мухолифони сиёсӣ ва низомии Толибон низ чанд нукта ёдоварӣ мешавад, то дар мабоҳиси марбут ба мушорикат, бо истидлолҳои қавӣ ва сареҳ зоҳир шуда, ин интибоҳро дар рафтору гуфторашон надиҳанд, ки гӯё азми паймудани роҳҳои озмудашудаи қаблиро доранд, зеро айби ин кор дар ин аст, ки як бори дигар фурсати ба вуҷуд омада барои ҳалли асосии муъзали қавмӣ аз байн меравад ва пурра возеҳ аст, ки то муъзали қавмӣ ба сурати асосӣ ҳал нашавад, ҷангу мунозиъаи Афғонистон низ поён пайдо намекунад.

Бист соли гузашта як роҳи тӯлони барои таҷрибаи мушорикати ақвом буд. Қонуни Асосӣ то ҳудуде мушорикати ақвомро ба расмият шинохта буд ва неруҳои хориҷӣ низ зомини таъмини мушорикат буданд, аммо дидем, ки он сохтор ва ҳукумату қонун дар як рӯйкарди якшаба аз дарун ва берун фурӯ пошонда шуд.

Бинобар ин, замонати иҷроӣ бисёр муҳим аст. Яъне ҳатто агар Қонуни Асосие сохта шавад, ки дар он мушорикати ақвом таърифу тасҷил шуда бошад, боз ҳам агар замонатҳои иҷроии қавӣ вуҷуд надошта бошад, наметавон ба мушорикати пойдори ақвом умед баст. Замонати иҷроӣ низ берунӣ буда наметавонад, яъне наметавон ба тазмини СММ ё кадом қудрати берунӣ, эътимод кард. Тазмин бояд дохилӣ бошад. Ин тазмин чизе нест, магар эҷоди тавозуни қувои қавмӣ.

Толибон неруҳои мусаллаҳи ғайримасъули паштунҳо ҳастанд, ки ҳоло чун дар майдон касе набуд, инҳо қудратро ба даст гирифтанд. Ақвоми дигар низ бояд неруҳои мусаллаҳи хоси худро бисозанд. Ин неруҳо тазмини мушорикат аст. Дар набуди чунин неруи мутавозинкунанда ҳар гуна мушорикате фиребкорӣ ва фиребхӯрӣ аст. Се қавми умдаи ғайрпаштун, неруҳои мусаллаҳи худро эҷод кунанд ва толибро дар майдони ҷанг ба чолиш бикашанд. Сипас агар Толибон ва ҳомиёни дохиливу беруниашон, прусаи сулҳ, субот ва ваҳдати Афғонистонро карданд, ҳозир хоҳанд шуд, бо шумо дар мавриди навъи низоми мушорикатӣ, ки мавриди тавофуқи шумо бошад, сари мизи музокира бинишинанд. Дар ғайри ин сурат, зери номи мушорикат, суфуфи шуморо мутафарриқ мекунанд ва як ҳукумати мушорикатии сурӣ ва намодин дуруст мекунанд, ки то як замони мушаххас барои нобудии шумо аз он кор хоҳанд гирифт ва баъд аз нобудии шумо, ҳатто дар сатҳи намодин ҳам мушорикати қобили қабул нахоҳад буд. Ин дарси сареҳ ва соддаи таърихи сиёсии сад соли ахири Афғонистон аст.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!