Хабари рӯз

Гӯё толиб аз пушти қарнҳо ба ҷаҳони муосир партоб шудааст ва мегӯянд, бо зӯр сарзаминҳои шуморо фатҳ кардем ва ҳаққи маргу ҳаёти шумо дар ихтиёри мост.

Нависанда: Яъқуб Ясно, нависанда ва таҳлилгар, узви Шӯрои машваратии “Сангар”

Тасаввур кунем ҳеҷ ҷараён ва ҷабҳае амалан дар баробари Толиб фаъол нест. Дар ҳоле, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва соири ҷабҳаҳои мухолифи толиб амалан дар баробари толиб мубориза мекунанд. Агар ин ҷабҳаҳо фаъол ҳам намебуданд, боз ҳам ба шаш далел ва зарурати ҳуқуқибашарӣ, динӣ ва сиёсӣ муқовимат эҷод мешуд ва идома меёфт: ҳуқуқи занон, ҳуқуқи шаҳрвандӣ, низоми сиёсии мунтахаб, таҷовуз ба сарзамини ақвоми тоҷик, ҳазора ва ӯзбек, суйистифода аз Ислом ва итоати бечунучаро аз фарде ба номи “амиралмуъминин”. Барои қобили фаҳм шудани ин шаш далел ва зарурат дар бораи ҳар кадом ба сурати мушаххас тавзеҳ медиҳам:

 

1- ҲУҚУҚИ ЗАНОН

Толиб ҳаққи омӯзиш ва иштиғоли занонро ба расмият намешиносад ва мамнуъ эълом кардааст. Ҳузуру вуҷуди занонро дар муносиботи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ намепазирад. Зан аз назари толиб арӯсаки ҷинсӣ ва мошини фарзандоварӣ аст. Толиб мехоҳад занро фоқиди шахсияти инсонӣ ва башарӣ кунад. Ба тозагӣ амр ба маъруфи Толибон дар Қандаҳор шиорҳоеро бо ин паём дар саросари шаҳр насб карда, ки зан агар ҳиҷоби комил надошта бошад, ҳайвон аст.

Ин бархурд ғайриинсонӣ ва тарзи диди бадавӣ ва ваҳшатбарангези Толиб боис мешавад, то барои ҳуқуқи башари занон мубориза ва муқовимат дар баробари Толиб эҷод шавад. Мубориза барои ҳуқуқи занон танҳо масъулияти мардуми Афғонистон нест, балки масъулияти мардуми ҷаҳон аст. Зеро Толиб ҳаққи омӯзиш ва иштиғоли занонро салб кардааст. Зан башар аст. Салби ҳуқуқи занон барои ин ки зан аст, дар ҳақиқат салби ҳуқуқи башар аз онон аст.

 

2- ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДӢ

Ҳуқуқ ва озодиҳои занон шомили ҳуқуқи шаҳрвандӣ низ мешаванд, аммо илова бар ҳуқуқи занон, ҳуқуқи мардон низ шомили ҳуқуқи шаҳрвандӣ мешаванд. Толиб ҳуқуқи фардӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии мардонро низ ба расмият намешиносад. Толиб бо ҳуқуқи фардӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии афрод қавмӣ ва мазҳабӣ бархӯрд мекунад ва ҳеҷ гуна озодии фардӣ ва шаҳрвандиро ба расмият намешиносад ва ба афрод тибқи салиқаи қавмӣ ва мазҳабии толибонии худ менигарад. Ин бархӯрд ситамгарона, салиқаӣ ва бадавӣ ба ҳуқуқ шаҳрвандии афрод, муҷиб мешавад, ки муқовимат шакл бигирад ва идома ёбад.

 

3- НИЗОМИ СИЁСИИ МУНТАХАБ

Толиб ба унвони як гурӯҳи бадавӣ, ваҳшӣ ва тундрав аз муносиботи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, динӣ ва сиёсӣ фақат ҷинсият ва қавмиятро эҳсос мекунад, дигар муносиботи башариро дарк ва эҳсос намекунад. Коркарди инсон, ашё ва ҷаҳонро фақат аз чашмандози ҷинсӣ ва қавмӣ мебинад. Низоми сиёсии мунтахаб бар асоси раъйи шаҳрвандонро ба расмият намешиносад. Ангор толиб аз пушти қарнҳо ба ҷаҳони муосир партоб шудааст ва мегӯянд, бо зӯр сарзаминҳои шуморо фатҳ кардем ва ҳаққи маргу ҳаёти шумо дар ихтиёри мост.

Ҳаққи раъйи шаҳрвандон хостгоҳи ҳокимияти миллӣ дар ҷаҳони кунунӣ аст. Бар асоси раъйи мардум ҳокимияти миллӣ ва низоми сиёсии мунтахаб шакл мегирад. Аммо толиб ҳаққи раъйи мардумро барои шаклгирии ҳокимияти миллӣ ва низоми мунтахаби сиёсӣ ба расмият намешиносад. Мардум саранҷом барои ҳаққи таъйини сарнавишти сиёсии худ ногузир ба муқовимат мешаванд.

 

 4 - ТАҶОВУЗ БА ҲАВЗАҲОИ ХУСУСИИ МИЛЛАТ

Толиб маҳалли зиндагии ақвом, хона ва ҳавзаи хусусии зиндагии афродро ба расмият намешиносад ва ба худ ҳақ медиҳад ба сарзаминҳои мардуми тоҷик, ҳазора ва ӯзбек таҷовуз кунад ва сарзаминҳои ин ақвомро тасарруфу ишғол ё ба гуфтаи худи толиб, фатҳ кунад. Ҷанги Панҷшер барои тасарруфи сарзамини онон аст. Зеро толиб мехоҳад сарзамини ин мардумро тасарруф кунад ва ҳаққи ҳар гуна ихтиёри мардуми маҳаллиро бар сарзаминашон бигирад. Мардуми ин вилоят дар хона ва кошонаи худ зиндагӣ карда ва ҷанге бо толиб надоштанд. Аммо толиб лашкаркашии қавмиро барои тасарруфи сарзамини Панҷшер оғоз кард.

Инсон хок, сарзамин, қаламрав ва хонаи худро номуси худ медонад. Бинобар ин дифоъ аз сарзамин, қаламрав, хок ва хона бидуни истисно барои диндорон ва бединон фарз аст. Таҷовузи бевақфаи толиб бар сарзаминҳои ақвоми тоҷик, ҳазора ва ӯзбек ва хонаи афрод боис мешавад, ки муқовимат ба унвони як зарурати оми башарӣ шакл бигирад.

 

5 - СУЙИСТИФОДА АЗ ДИНИ ИСЛОМ

Толиб шиори мазҳабӣ медиҳад, аммо рафтори қавмӣ мекунад. Афроде аз ақвоми тоҷик, ҳазора ва ӯзбек бинобар шиори мазҳабии толиб фиреб хӯрданд ва баъд аз ин ки толиб ба қудрат расид, донистанд, ки шиори раҳбарии толиб аз Ислом гунае аз суйистифода буда ва бо ин шиорҳои динӣ ва мазҳабӣ мехоҳад арзишҳои қавмӣ ва қабилаии худро иҷроӣ кунад ва толиби аслӣ, толиби паштун аст.

Толибони ғайрипаштун фақат барои ҷангу истифодаи абзорӣ аҳамият доштааст. Сарзаминҳоеро, ки толибони ғайрипаштун дар ҳукумати қаблӣ тасарруф карда буданд, ихтиёри онҳоро толибони паштун ба даст гирифтанд ва ҳатто ҳаққи моликияти толибони ғайрипаштунро аз маҳалли зиндагиашон салб карданд. Толибони ғайрипаштун донистанд, ки гап аз чӣ қарор аст. Аммо чорае надоштанд, ғофилгир шуда буданд. Тоза Айюбӣ аз фармондеҳони ӯзбектабор ва Маҳдӣ аз фармондеҳони ҳазоратбори Толибон донистаанд, ки қурбонии шиорҳои исломии толибони паштун шудаанд ва воқеияти рафтори раҳбари Толибон қавмӣ аст, на исломӣ ва мазҳабӣ.

Барои раҳбарии Толибон ислом ва мазҳаб то замоне аҳамият дорад, ки аз ислом ва мазҳаб ба нафъи қабилаву қавми паштун истифода шавад. Бадтар аз суйистифодаи сиёсӣ аз дин, толиб аз дин дар бораи ҳуқуқи занон ва ҳуқуқи афрод низ суйистифода мекунад. Дар ҳеҷ хонишу ривояти имрӯзӣ аз дини Ислом дар кишварҳои исломӣ ин ҳукм вуҷуд надорад, ки ҳиҷоб шомили пӯшондани тамоми чеҳра ва кулли бадани занон, маҳрум кардани занон аз омӯзиш, шуғл ва ҳуқуқ шавад, аммо раҳбари толиб бо суйистифода аз дини ислом занонро аз омӯзиш, шуғл ва ҳуқуқи башар маҳрум карда ва бар зиндагии хусусии умуми мардум, чигунагии пӯшиш ва риши мардон низ мудохила мекунад.

Чунин суйистифода аз дини ислом барои салби ҳуқуқи башарӣ ва исломии афрод, хиёнат ба дин ва хиёнат ба ҳуқуқи зиндагии башарӣ ва исломии афрод аст. Бинобар ин муқовимат барои ҳимоят аз асли диёнату диндорӣ ва муқовимат барои ҳуқуқи башарӣ ва исломии афрод лозим ва зарурӣ аст.

 

6 - ИТОАТИ БЕЧУНУЧАРО АЗ АМИРАЛМУЪМИНИН

Дар ин рӯзгор ва замона машруъияти ҳокимияти миллӣ, ҳукуматдорӣ ва давлатмадорӣ мушаххас аст, ки хостгоҳи он раъйи мардум аст. Аммо толиб мегӯяд, ҳар чиро “амиралмуъминин”-и мо мегӯяд, ҳеҷ кас наметавонад эътироз кунад. Акнун дар ҳеҷ кишвари исломӣ фарде ба номи “амиралмуъминин” вуҷуд надорад, ки ихтиёрдори мутлақ бошад. Ин шеваи раҳбарӣ ва итоати мутлақ дар ҷараёнҳои террористӣ, монанди ДОЪИШ, Ал-қоида ва… вуҷуд дорад. Бар ин асос маълум мешавад, толиб ҳанӯз як гурӯҳи тундрав ва террористӣ аст, қасди узвият ба унвони як ҳукуматро дар Созмони Милали Муттаҳид ва муносиботи байналмилалӣ надорад ва мехоҳад ба унвони як гурӯҳи террористӣ султаи худро бо хушунату зӯр иҷро кунад. Агар толиб бихоҳад ҳукумат бошад, бояд машруъияти миллиро ба асоси интихобот ба даст оварад ва тафкики қувваҳоро дар давлатдорӣ риоят кунад ва баъд думболи машруъияти байналмилалӣ бошад.

Пурсиши асосӣ ин аст “амиралмуъминин”-и толиб кист ва чӣ гуна “амиралмуъминин” шудааст. Дар садри ислом, ки чаҳор халифа баъд аз паёмбар (с) ба хилофат расиданд, ин чаҳор халифа дар ҷомеаи исломии он рӯзгор шинохта шуда ва мавриди ҳимояти мардум буданд, ҳамеша дар байни мардум ҳузур доштанд ва салоҳияташон низ мушаххас буд, фаротар аз Қуръону ҳадис ва суннат набуданд. Ҳазрати Умар ба мардум гуфт, агар дидед ман каҷрафторӣ кардам, маро бо шамшер рост кунед. Ҳазрати Алӣ дар номае ба Молики Аштар ба ҳуқуқи мардум бар ҳоким мепардозад ва бо таъкид ба ӯ менависад, ба ҳуқуқи мардум эҳтиром гузорад.

Аз як тараф амиралмуъминин”-и Толибон ғоиб аст ва аз тарафи дигар Толибон мегӯянд, ҳама аз амиралмуъминин бечунучаро бояд итоат кунанд. “Амиралмуъминин”-и Толибон дар ин сурат бояд Худо бошад. Ҳатто паёмбар (с) чунин ҳукме надорад, ки мардум бечунучаро аз ман итоат кунанд. Ҳадисе вуҷуд дорад, ки паёмбари Ислом (с) ба деҳқоне гуфт, шохаҳои дарахтони хурмоеро, ки дар ду тарафи роҳ ҳастанд, набуред то бар роҳ соя бияндозанд. Деҳқон шохаҳои дарахтони хурморо набурид, аммо дарахтони хурмо мева надоданд. Деҳқон ба паёмбар муроҷеъа кард, ки дарахтони хурмо мева надодаанд. Паёмбар (с) гуфт, умури корӣ ва заминиро деҳқон, чӯпон вадар арсаи кори худ беҳтар медонанд. Ҳамон кореро бо дарахтони хурмо анҷом бидеҳ, ки худат медонӣ.

Ман фикр мекунам истифода аз фарде ба номи “амиралмуъминин” ва итоати бечунучаро аз ӯ, бузургтарин хиёнат ба омӯзаҳои динӣ ва ба ҷойгоҳи Худованд аст. Шояд “амиралмуъминин”-и Толибон худро Худо тасаввур мекунад ва Толибон ӯро дар мақоми Худо қарор медиҳанд. Агар на, намегуфтанд аз “амиралмуъминин” бечунучаро итоат кунед. Дар ин сурат афрод ҳаққи зиндагӣ, ҳаққи таъйини сарнавишти иҷтимоӣ ва сиёсӣ надорад. Зеро афрод дар қиболи зиндагӣ ва ҳаққи таъйини сарнавишти иҷтимоӣ ва сиёсии худ таклифу масъулият надоранд, таклиф ва масъулияти афрод ин аст, ки аз фармони “амиралмуъминин” бечунучаро итоат кунанд. Дар ин сурат, ҷомеа ногузир аст барои ҳаққи зиндагӣ, ҳаққи таъйини сарнавишти иҷтимоӣ ва сиёсии худ мубориза ва муқовимат кунад.

Ман бинобар ин шаш далел мубориза ва муқовимат дар баробари Толибонро зарурӣ медонам ва ба ин бардошт ҳастам, мубориза ва муқовимат ба зудӣ дар баробари Толибон фарогир мешавад. Зеро Толибон инсоният ва ҳувияти башарии моро зери суол бурдаанд. Агар дар баробари Толибон мубориза ва муқовимат сурат нагирад, шахсияти инсонии мо дар арсаи фардӣ ва ҷамъӣ фоқиди ҳувият мешавад ва ҳама ба мавҷудоте табдил мешавем, ки сарафканда ва мутеъи “амиралмуъминин” ва Толибон бошем.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!