Покистон тамоми балоҳои заминиву осмониро таҷриба мекунад. Аз як тараф, Таҳрики Толибони Покистон бо дастгирии Толибони Афғонистон, зодаи сиёсатҳои минтақаии Покистон, ҳамлаҳояшро дар қаламрави кишвар ташдид бахшидааст. Иқтисодаш дар ҳолати кома қарор дорад. Касе қарз намедиҳад, таваррум ба ҳадди бесобиқа боло рафтааст. Мухолифин (бо раҳбарии Имронхон) тазоҳуроти миллионнафараашонро идома медиҳанд. Ҳатто обхезиҳо, ки тайи қариб ним сол ҷони садҳо нафарро гирифта, қисматҳое аз кишварро ба харобазор табдил додаанд ва зарари бузург ба хазинаи давлат расондаанд, гиребони ин кишварро раҳо намекунанд. Амалан тамоми нишонаҳои суқути Покистон дида мешавад. Чӣ иттифоқе дар ҷараён аст?
Нависанда: Ориф Ҳасан Охундзода, таҳлилгари умури минтақа, узви Шӯрои машвараи “Сангар”
То замоне, ки Амрико дар Афғонистон буд -- ва то замоне, ки назми амниятии ҷаҳони қадим таҳти султаи Амрико дастнахӯрда мемонад, равобити Покистон бо аносири Толибон (, ки барои истифода дар назми пас аз ҷанги сард эҷод карда буд) пойдор хоҳад буд. Далел ҳам худи Покистон буд, ки минҳайси василае барои таъмини ниёзҳои амнияти ҷаҳонии деринаи зиддирусии Инглису Амрико дар ин минтақа эҷод шуд.
Аммо бо рукуди иқтисоди сармоядории ҷаҳонӣ дар пайи COVID-19 ва акнун, ки Амрико бо шикаст аз Афғонистон дар соли гузашта гурехт... ва ба думболи он чолиши низомии ҳодд ва мустақими Русия бо НАТО дар театри аврупоии Украина ба таври ногаҳонӣ ва сареъ ба миён омад, Амрико дигар зарурате ба Покистон барои таъмин он ниёзҳои изофии амниятии минтақаӣ надорад. Ҳамчунин ҳеҷ як аз тартиботи фосиди қаблӣ ва имтиёзоти ниёбатиро, ки дар 75 соли гузашта аз замони эҷоди Покистон дар соли 1947 маҷбур буд диҳад, таҳаммул нахоҳад кард. Бинобарин амалан Амрико аз Покистон рӯ гардондааст ва кӯмакҳоеро, ки барои ин манзур ба ин кишвар медод, қатъ кардааст... Ва ин кӯмакҳо раги ҳаётии Покистон буданд.
Дар ҳамин ҳол, Покистон натавонистааст ба таври ризоятбахше ба ибтикороти ҳамкории ҷомеъи Чин ва Русия, ки дар даҳаи гузашта дар қолаби CPEC (China-Pakistan Economic Corridor – Даҳлези иқтисодии Чину Покистон) ба он ироа шудааст, посух диҳад. Дар иваз ошкоро сарпарастии бардавори таҳмилшуда бар худ ва нухбагони ҳокими он тавассути Ғарбро тарҷеҳ медиҳад. Дар воқеъ ин идомаи мустақими равобити арбоб ва барда буд, ки бритониёиҳо бо атбоъи ҳиндии худ доштанд, замоне, ки кампании Ҳинди Шарқӣ барои аввалин бор дар даҳаи 1600 вориди нимҷазираи Ҳинд шуд ва шурӯъ ба тасарруфи он кард.
Бинобарин, вазъият ноумедкунанда аст. Мо акнун шоҳиди поёни як назми геополотикии фосиди 400- сола бо бартарии ҷаҳони Ғарб ҳастем ва ҳеҷ чиз ҷойгузини он нест, магар чашмандози фурӯпошии комил ва ҷанги атомӣ.
Дар сатҳи маҳаллӣ Толибон бисёр муассир ҳастанд, зеро Покистон ва низоми матруку фосиди он ба суръат ҷойи худро ба ҳарҷу марҷ ва фурӯпошии низом ва қонун медиҳад. Ва ҳеҷ ҷойгузин ё нерӯи инқилобии муассире барои ҷойгузинии онҳо ба ҷуз Толибон вуҷуд надорад. Ин аст, ки ҳамчунин иттифоқоти бад дар ин ҷо дар ҷараён ҳастанд. Ва нухбагони ҳокими Покистон худро барои рӯёрӯӣ бо навъе суқут омода кардаанд, ки собиқаи каме дорад, аммо ба далели тамаъи беохир ва кӯтаҳназарии худ комилан сазовори он аст.