Манобеъ аз ҳузури як воҳиди кӯчаки низомиёни Чин дар фурудгоҳи низомии Багроми Афғонистон хабар медиҳанд.
Кобул, 24 апрел – Сангар, Фарзом Козимӣ. Чиниҳо ҳанӯз моҳи октябри соли гузашта дар ин фурудгоҳ пайдо шуда буданд. Аммо он замон гуфта мешуд, ки онҳо фақат низоми барқу рушноии онро таҷдид карда, дубора рафтаанд.
Як манбаъ дар фармондеҳии Нерӯҳои ҳавоии вазорати дифоъи Толибон ба хабарнигори Сангар дар Кобул гуфт, чиниҳо он замон тамоми фурудгоҳро филмбардориву нақша карда рафтанд ва ҳудуди се моҳи қабл дигарбора баргаштанд.
“Ин як тими бештар аз 100 – нафараест, ки аз мутахассисони бахшҳои мухталиф, аз ҷумла тарбияту омӯзиши низомиён, пилотҳо, таъмири техникаи низомӣ ва ғайра мебошанд. Як коре, ки тибқи тавофуқ бо мо бояд анҷом диҳанд, таъмиру омода кардани тайёраҳои низомии боқимонда аз Амрико барои ҷангҳои оянда аст”, - гуфт ин манбаъ.
Қаблан ду раиси қаблии истихбороти Афғонистон – Раҳматуллоҳ Набил ва Амруллоҳ Солеҳ аз ҳузури хориҷиҳо дар пойгоҳи низомии Багром суҳбат карда буданд. Оқои Солеҳ номи кишварро зикр накард, аммо оқои Набил номи Чинро ба забон овард.
Аммо мақомоти Чин ва Толибон, ки дастоварди дурахшонтарини худро рондани нерӯҳои таҷовузгари Амрико ва НАТО арзёбӣ мекунад, то ба ҳол дар бораи ҳузури низомиёни чинӣ дар хоки Афғонистон ҳеҷ ҳарфе нагуфтаанд.
Қаблан расонаҳо аз ҳузури нерӯҳои Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон ва Созмони исхборотии Покистон (ISI) дар фурудгоҳи Багром ва ҳам ин ки чиниҳо бо тамрину омӯзиши низомии афроди Шабакаи Ҳаққонӣ машғуланд, низ навишта буданд, аммо манобеъи мувассақ иттилои дигарро дар ихтиёри Сангар қарор доданд.
Ҳамсуҳбати сомона гуфт, Толибон аз ҳукумати қаблии Афғонистон силоҳу муҳимот ва ҳам технологияҳои ҷадиди зиёдеро ба мерос гирифтаанд, ки барои истифодаи онҳо афроди маслакӣ надоранд.
“Мо ба омӯхтани ҷанг ниёз надорем. Мо аз технологияҳои мураккаби имрӯз сар дар намеорем, ба афроди маслакӣ эҳтиёҷ дорем, ки фақат чиниҳо метавонанд барои мо омода кунанд. Мо замини Афғонистонро гирифтем, осмонаш аз мо нест. Мову Чин як ҳадаф дорем, ки он ҳам таҳти назорат қарор додани фазои Афғонистон аст”, - гуфт вай.
Ин манбаъ аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ кард. Бархе маълумот аз манобеъи дигар низ ба даст омад, ки ҳузури низомии Чин дар Афғонистонро собит мекунанд, аммо хеле дур аз оне, ки Шӯравиву Амрико дар гузаштаҳо доштанд.
Амруллоҳ Солеҳ, сарпарасти Ҷумҳурии исломӣ, ҳукумати фирории Афғонистон, ки аз ҳузури як воҳиди кӯчаки қувваҳои хориҷӣ суҳбат кардааст, мегӯяд, амдан намехоҳад исме аз кадом кишвар бигирад, зеро ин мавзӯъ маҳрам боқӣ нахоҳад монд.
“Кӣ ҳастанд ? Чӣ мекунанд? Ба асоси чӣ омадаанд? Ва садҳо савол дигар”, - навиштааст оқои Солеҳ.
Ҳукумати Чин ба мавзӯъоти марбут ба сиёсатҳои хориҷиаш хеле ҳассос аст. Қаблан матолиби расонаҳои хориҷӣ дар бораи ҳузури низомиёнаш дар Тоҷикистонро расман ба шиддат рад карда буд. Аммо ба ахбору иттилоот дар бораи ҳузури низомиёнаш дар фурудгоҳи Багроми Афғонистон, ки ҳатто аз сӯи афроди мушаххаси истихборотӣ пахш шуд, аз ҳамон моҳи октябр ба ин сӯ ҳарфе ба забон наовардааст.
Багром яке аз фурудгоҳҳои низомии “сегона” (дуи дигар - Шинданди Ҳирот ва Басшини Ҳилманд)-и Афғонистон аст. Он бо кӯмаки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аввали солҳои 50-ум дар вулусволии Багроми вилояти Парвон, шимоли шаҳри Кобул, ҳамчун майдони ҳавоии мулкӣ сохта шуд.
Солҳои 1980 Шӯравиҳо онро ба фурудгоҳи низомӣ табдил ва пойгоҳи амалиётии нерӯҳои ҳавоии худ қарор доданд. Ду даҳаи гузашта нерӯҳои ҳавоии Амрико ва НАТО низ дар ин фурудгоҳ ҳузур ёфтанд.
Фурудгоҳи Багром рамзи ишғоли Афғонистон аст. Ҳар кӣ меомад, аввал, ин фурудгоҳро ба кор меандохт ва онро ба муҳимтарин фурудгоҳи амалиётии худ табдил медод. Коре, ки ҳоло Чин мекунад, аммо бар асоси кадом тавофуқи байнулмилалӣ, то ҳузураш таҷовуз арзёбӣ нашавад ва Толибон, ки дастоварди умдаи худро шикасти Амрико меҳисобанд, ба ин вазъ чӣ хоҳанд гуфт?
Тавре мегӯянд, саги зард — бародари шағол аст.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст