Чаро Амрико ба Сироҷуддин Ҳаққонӣ ҳамла намекунад?
Нависанда: Исмоил Фурӯғӣ, таҳлилгар
Иёлоти муттаҳидаи Амрико барои пӯшондани нокомиҳои ҳақоратбораш дар Афғонистон, Сурия, Ироқ, Венесуэла ва Украина, намоишномаи қатли Аймон ал-Завоҳирӣ, раҳбари Алқоидаро дар Кобул ба роҳ андохтааст.
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико мехоҳад аз ин намоишномаи пурсишбарангез фақат барои худаш ва Ҳизби демократаш кулчаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ пӯхта намояд.
Ба тир задани бисёр дақиқи Аймон ал-Завоҳирӣ дар баранда (балкон)-и маҳалли иқоматаш дар Ширпури Кобул дар ҳоле сурат мегирад, ки мизбони аршадаш Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири дохилаи Толибон ин махуфтарин террористи мавриди таъқиби ЭфБиАйи Амрико бо даҳ миллион доллар ҷоизаи сар, дар ҳамсоягии ӯ ба сар мебарад ва ҳар рӯз дар маҳзари ом ҳузур меёбад.
Ба гулӯла бастани Завоҳирӣ тавассути тайёраҳои бидуни сарнишин бо ин диққати боло, пурсише эҷод менамояд, ки чаро амрикоиён ба Сироҷуддин Ҳаққоние, ки дар қатл ва интиҳори ҳазорон афғонистонӣ ва даҳҳо амрикоӣ даст доштааст, иҷоза медиҳанд то озодона нафас бикашад ва ҷаласоти вазорати умури дохиларо доир намояд.
Мегӯянд, дасти Сироҷуддин Ҳаққонӣ дар қатли Аймон ал-Завоҳирӣ меҳмони аршад ва хосаш дахил буда ва ба гумони ағлаб, Сироҷуддин Ҳаққонӣ маҳалли ихтифои Аймон ал-Завоҳириро дар бадали хориҷ шудани номаш аз листи сиёҳи Амрико дар ихтиёри амрикоиён қарор додааст.
Сироҷуддин Ҳаққоние, ки ахиран мизбони гуфтугӯҳои сулҳ байни Таҳрики Толибони Покистон ва ҳайати давлати Покистон дар Вазир Акбархони Афғонистон буда, дар тафоҳум бо генерал Қамар Баҷво, сардори Ситоди кулли артиш ва раиси созмони истихбороти Покистон, маҳалли ихтифои Завоҳириро дар ихтиёри амрикоиён қарор додааст.
Мегӯянд, пас аз ҳамлаи паҳбоди Амрико дар Ширпури Кобул, Сироҷуддин Ҳаққонӣ низ аз Кобул хориҷ шуда ва аз назарҳо комилан пинҳон гардидааст.
Ба ҳар ҳол, марги Аймон ал-Завоҳирӣ, раҳбари Алқоида дар қалби Кобул, ин ҳақиқатро равшантар месозад, ки Толибон пайванди маҳкам бо Алқоида дошта ва бо ба қудрат расидани ин гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон, кишвари мо маркази таҷаммӯъм гурӯҳҳои гунагуни террористӣ гардидааст.