Хабари рӯз

Ҳамон туре ки паштунҳо қавмпараст ҳастанд, дигар ақвом ҳам қавмпараст ҳастанд, зеро дар Афғонистон қавмпарастӣ як рӯҳия аст, на ин ки як нормаи иҷтимоӣ як қавм бошад.

Нависанда: Фарид Юнус

Бо камоли таассуф чунин мушоҳида мешавад, ки ҷанги Афғонистон бар алайҳи Толибон* зиёдтар як ҷанги қавмӣ аст аз ин ки як муборизаи озодӣ аз юғи Толибон барои ҳамаи мардуми Афғонистон бошад.

Афғонистон бисту се қавм дорад ва ҳама ақвом аз ин ҳолати мавҷуд ранҷ мебаранд, ба шумули як идда паштунҳои мӯъмин ва мутааҳҳид ба ислом.

Имрӯз нафрати қавмӣ дар як кишвари исломӣ ба андозае зиёд аст, ки инсон тааҷҷуб мекунад, ки куҷост уламои мо то мардумро раҳнамоӣ кунанд. Тоҷикон ҳар касе, ки паштун аст, ӯро фашист мехонанд бидуни ин ки маънии фашистро бидонанд ва ин як воқеият аст.

Лутфан дар мавриди фашизм китоби “The anatomy of fascism” асари Robert O. Paxton-ро мутолиа кунед ва дархоҳед ёфт, ки ин ҷавонҳо чӣ қадар фашизмро ба ғалат фаҳмидаанд. Ба андозае дар ин афкори ботил ғарқ ҳастанд, ки ислом мутлақ фаромӯшашон шудааст. Дуруст аст, ки Толибон исломро мутлақ ғалат муаррифӣ кардаанд ва ба иштибоҳ рафтанд, аммо қувваҳои мухолиф бояд бо нусхаи ислом дар як кишвари исломӣ мубориза кунад, на ғайри он.

Ман ҳар боре, ки дар як маҷлиси сиёсӣ даъват мешавам, ҳаминро мегӯям, ки андешаи сиёсии гирдиҳамоӣ чӣ аст ва ҳама худро хомӯш мегиранд. Ин хомӯшиҳо боис шудааст то ҷавонони мо ба ҷои истифода аз ислом дар як кишвари исломӣ аз танаффур ва уқдаву кина бар алайҳи мухолифин кор мегиранд. Гуруҳи тоҷикон, на танҳо андешаи солими муборизаро надоранд, бисёр титу пароганда ҳастанд. Аксарият паштунҳо ба хотири паштун будан аз Толибон дифоъ мекунанд бо ин ки медонанд, ки таҳаҷҷур ва таассуб кишварро фаро гирифтааст.

Тарси ман ин аст, ки аз Афғонистон таассуби қавмӣ як Қибриси дигар насозад, ки юнониҳо ба саркардагии як кашиши хоини исавӣ ва ҳамкори як гуруҳи мутлақ ваҳшӣ зери унвони муборизоти миллии Юнон барои озодӣ Қибрис хона ба хона мусулмононро қатли ом карданд.

Афғонистон кишвари муштараки ҳама ақвом аст ва 99,9 дарсади Афғонистон мусулмон аст, калимагӯй аст. Аммо қувваҳои мухолифи Толибон ин воқеияти ҷомеаи Афғонистонро намебинанд. Афғонистон бидуни тоҷикҳо, паштунҳо, ҳазораҳо, ӯзбекҳо ва дигар ақвом сохта намешавад. Афғонистон кишвари ҳамаи ақвом аст ва мардуми Афғонистон мехоҳанд аз юғи зулму истибдод ба номи дину суннат раҳоӣ ёбанд. Зану мард озодона кор кунад. Мардум аз ҳамдигар тарс надошта бошанд ва ё аз давлат битарсанд.

Дар ин ҷои шак нест, ки аз зимомдорони Афғонистон, ба шумули аълоҳазрат Амонуллоҳхон ва сардор Довудхон то Ғанӣ Аҳмадзай барномаи қавмии паштунӣ доштанд ва ин равияи сиёсӣ натавонист Афғонистонро як миллати воҳид бисозад.

Вақте мо таърихи Аврупоро варақ мезанем, мебинем, ки Аврупоиён аз Инқилоби кабири Фаронса то имрӯз муртакиби иштибоҳоти бузурги башарӣ шудаанд ва аммо билохира аз ақл кор гирифтанд ва бо ҳам ҳамкорӣ карданд.

Дар кишвари Афғонистон, ки ҳама мусулмон аст, табъиз ва таассуб набояд роҳ дошта бошад. Иштибоҳоти гузашта бо пешкаш кардан андешаҳои Қуръонӣ ва мардумӣ метавонад тармим шавад. Қуръон ҳокӣ аз ин ҳақиқат аст, ки Худованд мардумро ба тақво мешиносад. Ҳамон туре ки паштунҳо қавмпараст ҳастанд, дигар ақвом ҳам қавмпараст ҳастанд, зеро дар Афғонистон қавмпарастӣ як рӯҳия аст, на ин ки як нормаи иҷтимоӣ як қавм бошад. Рӯҳияи қавмӣ он аст, ки мардум ҳаққи озодиро барои худ надошта бошанд ва афкору сабки зиндагӣ таҳмил шавад. Дар Нюйорк Таймз хондем, ки як духтару писари ҳазора ҳамдигарро дӯст доштанд ва по ба фирор гузоштанд ва натиҷа ин ки ҳар ду ба қатл расиданд. Ин як рӯҳияи қавмӣ аст, ки ҷавонон ҳақ надошта бошанд, ҳамдигарро дӯст дошта бошанд. Вақте барои як тоҷик мегӯӣ, ки ҳама паштунҳо фашист нестанд ва барояшон аз паштунҳои хуб ном мебарӣ, шуморо душман мепиндоранд.

Воқеиятҳо ҳамин аст. Толибон мутаҳаҷҷир ҳастанд, бале. Толибон қавмӣ ва қабоилӣ ҳастанд, бале. Аммо аз нигоҳи ҷомеашиносии сиёсӣ минҳайси як гуруҳ. Андешаи худашонро доранд ва аз нигоҳи антропология фарҳанги паштунволиро мусолиҳа намекунанд. Нусхаи мухолифин чист ? Мухолифини толибон андешаи сиёсӣ надорад ва муборизоти сиёсӣ бидуни андеша сиёсӣ, ки ҳеҷ ҳаракати сиёсӣ дар Афғонистон барои Афғонистон надорад, вуҷуд надорад. Ҳамон мақулаи машҳур, ки дузди севум харашонро зад ва бурд, ин саросемагӣ боис мешавад, ки Афғонистон дар доми як гурӯҳи мутаҳаҷҷири дигар ё ба номи ислом ва ё ғайриислом биафтад ва ҷанг давом хоҳад кард. Гурӯҳҳои мухолиф, монанди тоҷикон бояд бипазиранд, ки Афғонистон кишвари ҳама афғонон аст. Гарчи андешаи Аҳмад Масъуд ҳамин аст ва аммо тарафдрони қавмии ӯ ҳамаи ин рӯҳияро надоранд ва ин ба Ҷабҳаи муқовамат шадид зарба ворид мекунад ва кардааст.

Барои қавмпарастони тоҷик бояд бигӯям, ки ман ифтихор мекунам, ки дӯстону бародарон ва хоҳарони паштун дорам ва аз қазо аз наздиктарин дӯстони ин муҳаққиқ паштунҳо аст. Ва инро эътироф мекунам, ки як идда паштунҳо монанди сардор Довуд, Муҳаммадгул Муманд ва пайравонашон боиси бадбахтии Афғонистон шудаанд.

Ин навиштаро дар моҳи мубораки Рамазон навиштам, моҳе, ки ҳаққ аз ботил тафкик шудааст ва мо барои ин рӯза мегирем, ки худи мо тарафдор ҳаққ бошем.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!