Хабари рӯз

26 саратон – 17 июл - нахустин солрӯзи шаҳодати яли баландқомати Ҳиндукуш ва оғозгари нахустин қиёми дараи Қосони Андароб, фармондеҳ Зубайр Андаробӣ аст.

Нависанда: Ҳасиб Сангар, махсус барои “Сангар”

Муҳаммадзубайр фарзанди Муҳаммадҳасан, дар соли 1361 дар дараи Қосони минтақаи Андароби вилояти Бағлон дида ба ҷаҳон гушӯд. Дар синни ҳафтсолагӣ шомили мактаби ибтидоия шуд ва баъд аз фароғат аз синфи дувоздаҳум бо ифтихор ба сафи Муқовимати Аввал пайваст ва дар соҳоти Анҷирстон, Хӯсту Фиринг ва Сияҳреги Наҳрин дар хатти муқаддами ҷабҳа меразмид.

Бо рӯйи кор омадан режими ҷумҳурият дар қитъаи мунтазираи вилояти Қундуз муқаррар гардид, ки он қитъа дар 28 вилояти кишвар амалиёт ва вазифа анҷом медод. Баъд аз лағви қитъаи мазкур, фармондеҳ Зубайр дар қитъаи вокуниши сареи Раёсати амнияти миллии Қандаҳор, ба ҳайси фармондеҳи блок тақаррур ҳосил намуд. Дар ноамнтарин авзои амниятӣ дар вулусволиҳои Панҷвоӣ, Жирай, Майванд, Ғӯрка, Маъруф ва  ғайра ба муддати 10 сол, печидатарин амалиётҳои зиддитерроризмро раҳбарӣ ва анҷом дод.

Пас аз он, дар соли 1394 ба вилояти Бағлон табдил шуд ва ба ҳайси фармондеҳи амалиётҳои вижаи амнияти миллӣ таъйин гардид. Дар он замон тоза ҷанг аз Ҷануб ба Шимоли кишвар дар соҳаи Дандиғӯрии Бағлон интиқол ёфта буд. Шаҳид фармондеҳ Зубайр, бо ҷасорат ва масъулият тавонист вазифаи ба дӯш доштаашро ба хубӣ анҷом диҳад. Муҳимтарин амалиётҳоеро, ки шаҳид фармондеҳ Зубайр бар зидди Толибон ва соири гурӯҳои террористӣ анҷом дод, ба тартиби зер аст:

  - амалиёти муштараки поксозии Дандғурӣ ва Данди  Шаҳобуддин;

 - амалиёти фабрикаи вулусволии Бағлон Марказӣ;

 - амалиёти Гузаргоҳи Нур;

 - амалиёти Толаву Барфак ва тақвият намудани хезшиҳои мардумӣ;

 - амалиёти муштараки вулусволии Наҳрин;

 - амалиёти Банди Душаҳри Пули Хумрӣ;

 - амалиёти Ҳаждаҳ Кӯтал ва ғайра...

Бо фурӯпошии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, фармондеҳи фақид аз маркази Пули Хумрӣ бо ду арода мошини навъи “Ҳайлукс”-и Амнияти миллӣ, боз ҳам бо ҳамон азми матин ва шӯри шабехунӣ, дар Оби Сафеди қарияи Косатароши дараи Қосони Андароб, дар баробари Толибон истод ва Муқовимати Дувумро бо нахустин амалиёти Толибон дар дараи Қосон оғоз кард, ки дар натиҷа ба ҳамкории мардум, се вулусволии Андароб ба якборагӣ ба дасти муқовиматгарон фатҳ шуд.

Бо тасаллути дубораи Толибон бар Андароб, фармондеҳ Зубайр таҳти унвони “Чирики гумноми муқовимат бидуни зоҳир шудан дар расонаҳо фаъолият мекард, ки тавонист аз чандин ҳамлаи душман бо ворид намудани талафоти зиёд ба онҳо, ҷони солим бадар барад.

Ба таърихи 23 саратони соли 1401 (14 июли 2022) толибони ишғолгар сангинтарин ва хунинтарин ҷангро бар сангарҳои муқовимат дар Андароб оғоз карданд, ки теъдодшон ба беш аз 7500 тан мерасид. Баъд аз фурӯпошии сангар ва ҷанги бевақфаи сешабонарӯзӣ, фармондеҳ Зубайр дар ҳоле, ки аз ноҳияи даст захм бардошта буд, то охирин гулӯла дар баробари душман размид ва саранҷом соати чаҳори бомдод, муаррихи 26 саратони 1401 ҳиҷрии шамсӣ (17 июли 2022), бо куштани ҳабдаҳ нафар аз нерӯҳои мутаҷовиз, ба умри 40-солагӣ ба шаҳодат расид ва пайкари мутаҳҳараш ба нисбати иҷоза надодан аз сӯйи террористони толиб, дар баландтарин қулаи Ҳиндукуш - Кӯтали Рошак - бидуни кафан ва маросими ташйиъ, ба амонати хок супурда шуд.

Рӯҳаш шод, ёдаш ҷовидон бод!


Дин

Тероризм

08-май-2026 By admin

“Бобо”-и сокини табақаи…

Даҳ соли поёнии зиндагии раҳбари Алқоида чӣ гуна сипарӣ шуд?

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!