Дар конфронсе дар Алма-ато муфтии онвақтаи Қазоқистон дар суҳбати хусусӣ аз рушди бесобиқаи равияи салафия дар ин кишвар изҳори нигаронӣ карда, илова намуд, ки аз сабабе, ки яке аз бародарзодаҳои бонуфузи президент Назарбоев – Ғайрат худаш ба равияи салафия гаравида, онҳоро шахсан сарпарастӣ мекунад, муфтиёт ва ниҳодҳои қудратӣ барои пешгирии паҳншавии салафия кори ҷиддие карда наметавонад
Муаллиф: “САНГАР”
Зоҳиран, ҳаводиси Қазоқистон ин гумонро ба яқин мерасонад, ки истиқрори режими “«Толибон»” дар Афғонистон радикалҳои исломии кишварҳои ҳамсояро руҳу равон бахшидааст ва дар ин таҳаввулоти сиёсӣ қудратҳои ҷаҳонӣ дар Бозии Бузурги Ҷадид суду зиёни худро муҳосаба мекунанд. Ҳаводиси Қазоқистон чӣ паём дошт ва ояндаи Осиёи Марказӣ чӣ хоҳад буд?
Ба ин ва дигар суолҳо “Сангар пойи суҳбати Абдуллоҳи Раҳнамо, коршиноси аршади масоили минтақаву дин дар Тоҷикистон нишаст.
- Оё ҳаводиси Қазоқистон “акси садои ба қудрат расидани “Толибон”* дар Афғонистон” буд? Умуман, вақте дар бораи “изи афғонӣ” дар ин ҳодисаҳо гуфта мешавад, шумо онро то чӣ ҳад мушоҳида менамоед?
- Албатта, дар ҳодисаҳои Қазоқистон сухан дар бораи иштироки бевоситаи “Толибон” ва бевосита ба майдон омадани “омили афғонӣ” намеравад. Аммо дар айни замон, ҳеҷ ҷойи шубҳае нест, ки ғалабаи гурӯҳи ифротии “Толибон” дар Афғонистон доираҳои ифротиро дар тамоми минтақа рӯҳбаланд ва фаъолтар намудааст. Илова бар ин, истиқболи амалии ҳукуматҳои минтақа, аз ҷумла ҳукумати худи Қазоқистон аз пирӯзии “Толибон” ва анҷоми мулоқотҳои сатҳи баланд бо онҳо умеду рӯҳияи доираҳои ифротгарои диниро боз ҳам баландтар намуд. Ин таъсири бисёр ҷиддист, ки дар сатҳи тамоми минатқа эҳсос мешавад. Ин аст, ки дар вазъияти пешомада дар Қазоқистон ҳастаҳои нуҳуфтаи ифротгаро якбора фаъол шуданд.
Аз ин фурсати муносиб сӯиистифода намуда, онҳо бо амиру ҷамоату панҷгонаҳои худ аз хандакҳо берун омаданд ва бо сабки ошнои “доишӣ” амалҳои мусаллаҳу даҳшатноку хушунатомез анҷом дода, дар ишғоли идораву мақомоти давлатӣ, фурӯдгоҳҳо, марказҳои алоқа ва қисмҳои ҳарбӣ ва талошҳои ба даст гирифтани идоракунии оммаи худҷӯши эътирозӣ ҳаракатҳои касбию ҳамоҳангшуда нишон доданд.
- Чӣ гуна дар Қазоқистони бо амнияту суботи баланд ва дар як давлати пешрафтаи дунявӣ ин гуна гурӯҳҳо дар чунин сатҳи васеъ ба вуҷуд омаданд? Оё ин фикр худаш шубҳаовар нест?
- Албатта, ин гурӯҳу ячейкаҳо дар як рӯзу дар як сол ба вуҷуд наомадаанд. Сиёсати либералӣ ва шароити бисёр озодонаи рушди равияҳои ғайрианъанавии динӣ, аз ҷумла салафия, ихвонигарӣ, ҷамоати таблиғу даъват, равияҳои идеологии ташайюъ ва ғайра дар Қазоқистон боис гаштаанд, ки дар солҳои охир дар ин кишвар ҳалқаву шабакаҳои васеи ошкору ниҳони ифротгароии динӣ шакл гирад.
Хоса дар радаҳои болои давлатию қудратӣ ва ҳатто аз миёни аъзои оилаи президенти Қазоқистон ва шахсони наздик ба ӯ пайравону “сарпарастон”-и худро пайдо кардани баъзе аз ин равияҳои ифротии динӣ боис гашт, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ дар пешгирии густариши ошкори онҳо иқдоми ҷиддие карда натавонанд.
Ин мақомот нисбат ба маблағгузориҳои азиме, ки аз сӯи баъзе кишварҳои идеологии Ховари Миёна ба ҳалқаҳои динии Қазоқистон мешуд, на танҳо саҳлангорӣ карданд, балки бо амалҳои коррупсионӣ худашон дар судҷӯйӣ аз он шарик гаштанд. Дар натиҷа, доираҳои васеи ҷавонони шаҳру деҳаҳои Қазоқистон ба ин равияҳои тунду ғайрианъанавӣ боз ҳам бештар гароиш ёфтанд. Ин падида, хоса дар ҷануби ин кишвар бисёр қавӣ буда, ба сатҳи хатарнок расонида шудани он барои аксари коршиносони соҳа то оғози ин буҳрон низ маълум буд.
Ба таври мисол, соли 2016 ҳангоми сафар ба Ҳиндустон, ки бо парвози Алмаато-Деҳлӣ сурат мегирифт, шоҳид будам, ки бо ин парвоз ҳудуди 100 шахси дорои арақчину либосҳои сафеду дарози покистонӣ ба Ҳиндустон сафар мекарданд. Онҳо дар халтаҳои худ нону меваи хушк дошта, дар тӯли парвоз хӯроки ҳавопайморо умуман истеъмол намекарданд. Аз сӯҳбат бо ду нафарашон, ки дар паҳлӯи ман нишаста буданд, маълум гашт, ки инон аъзои “Ҷамоати таблиғу даъвати исломӣ” буда, барои гузаштани курсҳои омӯзишии таблиғоти динии 3-моҳа ба мадрасаҳои ҳавзаи Девбанди Ҳиндустон мерафтаанд. Онҳо нону хӯроки мағоза ва ошхонаҳоро ҳаром дониста, фақат нони дастии худро мехӯрдаанд. Маълум гашт, ки ин ҳаракати иртиҷоии таблиғӣ дар ноҳияҳои ҷанубии Қазоқистон ба таври бисёр васеъ паҳн шуда, аъзои он деҳа ба деҳа озодона гаштҳои таблиғотӣ анҷом медодаанд. Онҳо мегуфтанд, ки ин гурӯҳ муҳити баъзе деҳаҳоро ҳамчун ҳукумати ғайрирасмӣ амалан идора менамудааст...
Ё дар конфронси дигаре дар Алма-ато муфтии онвақтаи Қазоқистон дар суҳбати хусусӣ аз рушди бесобиқаи равияи салафия дар ин кишвар изҳори нигаронӣ карда, илова намуд, ки аз сабабе, ки яке аз бародарзодаҳои бонуфузи президент Назарбоев – Ғайрат худаш ба равияи салафия гаравида, онҳоро шахсан сарпарастӣ мекунад, муфтиёт ва ниҳодҳои қудратӣ барои пешгирии паҳншавии салафия кори ҷиддие карда наметавонад.
Хулоса, маълумотҳо дар бораи нуфӯзи доираҳои ифротӣ дар ҷануби Қазоқистон беасос набуда, ҳоло шояд ҷанбаҳои ҷиддитари он кушода мешаванд...
- Оё ба таъбири худатон “инқилоби сиёҳ”, яъне хуруҷу нуфузи ифротгароёни динӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад?
- Бале, дар шароити имрӯза ин таҳдиди воқеист. Сабаби “инқилоби сиёҳ” номидани ин эҳтимолият дар он аст, ки насли нав ё доишии ифротгароҳои динӣ дар сатҳи олии тундравӣ қарор дошта, бо ҳама гуна арзишҳои миллию дунявӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, дастовардҳои фарҳангу тамаддун, ҳамзистиву гуногунфикрӣ, маорифу таҳсил, давлатдории миллӣ ва ғайра мухолиф мебошанд. Ин намунаҳоро дар мисоли ҳукумати ду-сесолаи “ДОИШ”* ва инак, “Толибон” ҳама мушоҳида мекунанд. Аз ин рӯ, онҳо на ҳамчун мухолифини ҳукумат, балки мухолифини давлату миллат ва мухолифини ҳамаи арзишҳову озодиҳо ба саҳна меоянд. Ин аст, ки ҳамчун нерӯи торик омадани онҳо “инқилоби сиёҳ” аст.
Аммо таҷрибаи ба қудрат овардани “Толибон” дар Афғонистон нишон дод, ки ҳоло омилҳои зиёде метавонад ба авҷгирии ифротгароӣ дар минтақа мусоидат намояд. Илова бар омилҳои дохилие чун вазъияти мураккаби иҷтимоӣ, набудани ваҳдати дохилӣ ва заифии дастгоҳҳои идеологиии давлатҳо ва ғ., имрӯз омили геополитикӣ низ ин таҳдидро зиёд кардааст. Яъне, баъзе қудратҳои хориҷӣ аз ифротгароёни динӣ ҳамчун омили нуфуз истифода намуда, метавонанд онҳоро дар ростои манфиатҳои худ дар муқобили ҳамдигар дастгирӣ намоянд. Ин ҳолат метавонад Осиёи Марказиро ба майдони набарди онҳо табдил кунад. Аз ин самт низ бояд ҳушёр буд.
- Пас, оё ин фарзияҳо метавонанд дуруст бошанд, ки ҳодисаҳои Қазоқистон бахше аз кӯшиши давлатҳои ғарбӣ барои ташкили “камарбанди ноамнӣ” дар атрофи Русия будааст?
- Чунин фарзия ҳаргиз аз эҳтимол берун нест. Зеро, он чӣ ҳамин шабу рӯз дар атрофи масъалаи Украина мегузарад, нишон медиҳад, ки мухолифтаҳои Русия ва Ғарб, аз ҷумла ИМА ба сатҳи баланди худ расида, онҳо ҳамдигарро дар ҷабҳаҳои гуногун зери фишор қарор медиҳанд. Ноором сохтани Қазоқистон ё ҳар кишвари дигари Осиёи Марказӣ ва барои Русия эҷод намудани ҷабҳаи нави саргармӣ яке аз нақшаҳои борҳо тасдиқшудаи рақибони геополитикии ин кишвар аст. Ва тавре медонем, ташкили эътирозҳои оммавӣ, “инқилобҳои ранга” ва инак, “инқилобҳои сиёҳ” яке аз абзорҳои борҳо озмудашудаи ин рақибон мебошад.
- Ба назари Шумо ҳукумати Қазоқистон ва ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ аз ин ҳодисаҳо хулосаи лозимӣ мебароранд?
- Мебароранд ва алакай баровардаанд. Намоиши қудрати барқосои ифротгароёни динӣ дар тӯли ин буҳрон боис мешавад, ки акнун ҳам Қазоқистон ва ҳам кишварҳои дигари минтақа сиёсат ва муносибати худро бо ин омил басе ҷиддитар намоянд. Мутаассифона, дар ин раванд баъзе озодиҳои умумии диндорони оддӣ низ осеб мебинанд, аммо ин маҳдудиятҳо низ аз “баракатҳо”-и ифротгароён дар аксари ҷомеаҳои мусулмоннишин аст. Аммо кишварҳои минтақа дар роҳи таъмини амният ва наҷоти давлати худ дар ин самт ба ҷуз пешгирии ҷиддии ифротгароӣ чораи дигаре надоранд.
Дар натиҷаи ин сабақ пешбинӣ мешавад, ки муносибати нарми мақомоти Қазоқистон, аз ҷумла бо равияҳои салафия ва ҷамоати таблиғ ва баъзе ташкилоту бунёдҳои динии хориҷӣ дар дохили кишвар ба таври ҷиддӣ тағйир ёфта, бархӯрди нописандонаи онҳо нисбат ба “хатари ифротгароӣ” ва муносибати хушбинонаи онҳо бо гурӯҳи ифротии “Толибон” дар Афғонистон низ ҳатман бознигарӣ мешавад.
Онҳо дар ниҳоят хоҳанд дарёфт, ки яке аз омилҳои рӯҳиягириву далерии бепешинаи унсурҳои ифротгароӣ дар ҳаводиси охир низ таъсирпазирии онҳо аз пирӯзии “Толибон” будааст. Ин ҳолат бояд муносибати на танҳо Қазоқистон, балки муносибати Русия, Чин ва дигар кишвраҳоро нисбат ба толибон тағйир диҳад.
- Русия то кадом ҳад барои ҳифзи манфиатҳои худ дар ин минтақа қодир аст?
- Русия як абарқудрати низомист ва имкониятҳои васеътарину пешрафтатарини ҳарбӣ дорад. Аз ин рӯ, аз назари ақлонӣ ва психологӣ аксари доираҳои сиёсии ҷаҳон намехоҳанд бо Русия дар майдони ҷанг рӯбарӯ шаванд. Ҳатто гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ низ пас аз сарнавишти “ДОИШ” дар Сурия бо Русия рӯбарӯ шудан намехоҳанд. Дар айни замон, Русия иқтидори иқтисодии осебпазир дорад, ки он дар масъалаи ҳифзи манфиатҳояш таъсири бисёр манфӣ мерасонад. Яке аз заифиҳо ва ҳатто иштибоҳоти бузурги Русия ин буд ва ҳаст, ки дар ин солҳо ба иқтисодиёти шарикони стратегии худ дар Осиёи Марказӣ сармоягузориҳои ҷиддӣ ва барои беҳбуди вазъи иҷтимоии онҳо талоши кофӣ накард. Дар натиҷа шарикони минтақавии Русия дар Осиёи Марказӣ низ дар вазъияти осебпазири иҷтимоӣ қароор гирифтаанд.
Аммо дар чунин ҳолат, роҳи ягонаи ҳифзи манфиатҳои ин кишварҳо ва ҳифзи суботу амнияти онҳо амали муштарак аст. Таҷрибаи мусоидати СПАД (Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ) дар ҳалли буҳрони Қазоқистон нишон дод, ки чунин инструмент вуҷуд дорад. Вале бинобар маҳдудияти имкониятҳо ва калонтар будани миқёси таҳдидҳо, ба назари ман, зарур аст, ки эътилофи низомии минтақавӣ бояд басе васеътар аз СПАД бошад. Аз ҷумла, агар ин паймони низомӣ дар сатҳи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба даст ояд ва зарфияту тавони низомии кишварҳои узви ин созмонро дар умум дар бар гирад, амнияти кишварҳои минтақа, аз ҷумла Осиёи Марказӣ дар баробари таҳдидҳои берунӣ хеле пойдортар хоҳад буд.