Хабари рӯз

Оё Сироҷуддин Ҳаққонӣ ба “Ҷавлонии Толибон” табдил хоҳад шуд?

Нависанда: Муҳаммади Муҳиқ, таҳлилгар (Афғонистон)

Ҳарчанд доварии қатъӣ дар бораи Сурия ва ин ки пас аз ҳокимияти гурӯҳҳои ҷиҳодӣ ба кадом сӯ хоҳад рафт, бисёр душвор аст, зеро минтақа обистани таҳаввулоти резу дурушти бисёре аст ва ҳанӯз дурнамои ояндаи он комилан қобили пешбинӣ нест. Бо ин ҳам, дасти кам то акнун раҳбарии ҷиҳодиҳои он кишвар кӯшидааст роҳи худро аз касоне монанди Толибон ва Алқоида дар зоҳир ҷудо кунад.

Тасреҳу таъкиди Ҷулонӣ бар ин ки Сурия Афғонистон нахоҳад шуд, на танҳо таваҷҷуҳи мардуми Афғонистонро дар дохилу хориҷ барангехт, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ бозтоб дошт. Як иллати ин таваҷҷуҳ шаклгирии пешфарзе дар азҳони умумӣ аст, ки нахуст низоми идеологии Эрон ва сипас ба шакли ғализтар ҳокимияти Толибон мусаббиби он будаанд ва он ин ки ҳар гурӯҳи бунёдгаро тамоми зӯру тавони худро дар дахолат ба ҳарими хусусии шаҳрвандон нишон медиҳад. Ҳар чӣ бештар зиндагиро бар онон талх кунад, ба ҳамон паймона бештар ба худ меболад ва таҳмили пӯшиши иҷбориро аз футӯҳоти сутурги худ меангорад. Дар идомаи он зери по кардани ҳуқуқи башару озори халқи Худо ба баҳонаи дин аз дигар ифтихоротест, ки ин гурӯҳҳо ба корномаи худ меофзоянд.

Ҳангоме ки Ҷавлонӣ гуфт, Сурия Афғонистон нахоҳад шуд, ин ба масобаи силии дипломатӣ буд, ки бар баногӯши Толибон навохта шуд ва ҳаводорони ин гурӯҳро дар дохилу хориҷ сарафканда кард, ки ин роҳу расм ҳатто барои гурӯҳҳои ифротӣ қобили қабул нест, чӣ расад ба инсонҳои нормал.

Дар идомаи ин баҳс ва дар ҳавошии сухани Ҷавлонӣ ва табсираҳои хориҷӣ перомуни он, шуморе ба сарофат афтоданд, ки шояд Сироҷуддин Ҳаққонӣ ба Ҷавлонии Толибон табдил шавад ва нусхае қобили қабултар дар муқоиса бо Мулло Ҳайбатуллоҳ ба намоиш бигузорад. Дар муқобил шуморе аз табсиракунандагон чунин эҳтимолеро аз поя бебунёд ва музҳик хонданд, ки куҷои Сироҷуддин ба Ҷулонӣ мемонад? На либос пӯшиданаш шабеҳи ӯст, на сухан гуфтанаш, на таҳсилоташ, на таҳлилаш аз авзоъи кишвар ва...

Ҳоло ин ки Сироҷуддин рӯзе чунин рӯйкарде дар пеш бигирад ё шахси дигаре аз Толибон ва асосан ин ки оё чунин чизе имконпазир ҳаст ё на, аз пурсишҳои ҷиддиест, ки дар солиёни ахир ҳамвора матраҳ будааст. Ҷолиб аст, ки ҳатто беш аз мардуми Афғонистон дерест хориҷиҳое, ки ба Толибон пул медиҳанд, пайваста хоби зуҳури касе мисли Ҷавлониро аз миёни Толибон мебинанд, ҳарчанд ҳар се-чаҳор моҳ Мулло Ҳайбатуллоҳ бо фармони занситезона ё зидди ҳуқуқи башари ҷадиде ононро аз хоби хушашон бедор мекунад, то обе ба сару сурати худ бизананд ва ин ҳама ба ишқи Сироҷуддин хаёлпалав напазанд.

То акнун сеюним сол гузашта ва ҳеҷ нишонае аз зуҳури чунин имоми ғоибе дар уфуқи он кишвар намоён нашуда ва ҳатто имоми барҳолашон, ки амирулмуъминин хонда мешавад аз ғайбатсарои худ берун наомадааст, то дӯстдоронашро бо нишон додани ҷамоли худ масруру мубтаҳиҷ созад.

Аммо агар аз ҷанбаи танзи мавзӯъ бигзарем ва ба он ҷиддӣ биандешем, оё Толибон воқеан зарфияти чунин пӯстандозӣ ва қобилияти зуҳури ҳаддиақаллии касе дар қаду қомати Ҷавлониро доранд?

Дар ёддошти баъдӣ нукотеро дар ин бора арз хоҳам кард.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!