Чаро Русия наметавонад аз “Бозии бузург”-и Афғонистон хориҷ шавад?
Андрей Серенко, раиси Маркази таҳлилии Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия, хабарнигори “Независимая газета”
Яке аз боризтарин ҳамалоти террористии ахир ҳамла ба “Хонаи Чин” дар Кобул буд, меҳмонхонае, ки ба таври суннатӣ шаҳрвандони чинӣ дар он иқомат доранд. Акс Reuters
Шохаи Афғонистони Давлати исломӣ (ДОИШ), ки дар Русия мамнуъ аст, аз заъфи режими Толибон (мамнуъ дар Русия) барои тақвияти мавқеияти худ дар дохили Афғонистон истифода мекунад. Дар айни ҳол, раҳбарони маҳаллии ДОИШ баландпарвозиҳои худро дар мавриди омодасозии тавсеаи ҷиҳодӣ чӣ дар минтақа ва чӣ фаротар аз он пинҳон намекунанд. Тақвияти шохаи Афғонистони ДОИШ вазифаи Русия ва шарикони он дар Осиёи Марказиро барои ҷустуҷӯи фаъоли созукорҳои муассир барои маҳор ва муқобила бо ин таҳдид водор хоҳад кард, ки эҳтимоли эҳёи проекти Эътилофи Шимол дар Афғонистон бо ҳимояти Русияро бисёр зиёд мекунад.
Вилояти Хуросон, шохаи Афғонистони Давлати исломӣ, ба раҳбарии Саноуллоҳ Ғаффорӣ (мулаққаб ба Шаҳоб ал-Муҳоҷир), дар соли 2022 ба як бозигари бисёр барҷаста дар ҳайати низомӣ-сиёсии Афғонистон табдил шудааст. Бар асоси бархе гузоришҳо, теъдоди кулли ҷангҷӯёни гурӯҳҳои мухталифи ДОИШ дар Афғонистон муддатҳо пеш аз марзи 10 ҳазор нафар гузаштааст. Дар ҳоли ҳозир, гурӯҳҳои ҷангиёни ДОИШ ба таври фишурда дар вилоёти шарқӣ (Нангарҳор, Кунар, Нуристон) ва Шимолӣ (Бадахшон, Кундуз, Тахор)-и Афғонистон мустақар шудаанд. Дар соли 2023, “Вилояти Хуросон” дар назар дорад то минтақаи нуфузи худро дар кишвар густариш диҳад, ба вежа, омода мешавад то 7000 ҷангҷӯи ДОИШ-ро аз манотиқи ҳаммарз бо Покистон ба вилоёти Лугар, Пактиё ва Лағмон мунтақил кунад. Пешбинӣ мешавад, ки чандин ҳазор ҷангҷӯи ДОИШ дар баҳори оянда дар манотиқи шимоли Афғонистон ва билофосила дар имтидоди марзҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мутамаркиз шаванд.
Дар ин замина, як гурӯҳи бисёр муассири ДОИШ дар Кобул фаъолиятҳои террористии худро афзоиш медиҳад. Дар сентябри 2022, “Вилояти Хуросон” масъулияти ҳамлаи террористӣ дар наздикии сафорати Русия дар пойтахти Афғонистонро бар ӯҳда гирифт, ки мунҷар ба кушта шудани ду корманди намояндагии дипломатии Русия шуд. Чанд моҳ баъд, ҷангҷӯёни ДОИШ ба “Хонаи чинӣ” дар Кобул, меҳмонхонае, ки ба таври суннатӣ шаҳрвандони Чин дар он иқомат мекунанд, ҳамла карданд. Дар ҳоле, ки бино ба иттилои расмӣ, ҳеҷ куштаи чинӣ дар ин ҳамла вуҷуд надошт, манобеъи мухталиф дар Афғонистон, адами талафотро такзиб ва арқоми мутафовитеро ироа карданд. Саранҷом дар авоили январи 2023, як интиҳории ДОИШ худро дар вуруди сохтмони вазорати хориҷаи Толибон мунфаҷир кард ва беш аз 30 нафарро кушт. Иқдомоти террористии муназзами ҷангҷӯёни “Вилояти Хуросон” дар Кобул натанҳо коромадии созмондиҳандагон ва омилони онро нишон медиҳад, балки баёнгари нотавонӣ ё адами тамоюли Толибон дар таъмини амнияти пойтахти Афғонистон аст.
“Шохаи Афғонистони ДОИШ ба унвони як созмони террористии ҷангӣ, то соли 2023 ба муваффақиятҳои бузурге даст ёфт ва акнун бо истифода аз заъфу нокоромадии низоми идораи Толибон дар Афғонистон ва кӯмаки мустақими теъдоде аз фармондеҳони маҳаллӣ ва гурӯҳҳои Толибон, худро барои марҳалаи ҷадиде аз густариши низомӣ - сиёсӣ дар дохили кишвар омода мекунад”, - мегӯянд коршиносони афғон. Ба ақидаи онҳо, “ин танҳо оғози як ҷиҳоди бузурги ДОИШ дар минтақа аст - тақвият ва густариши ҷойгоҳ дар хоки Афғонистон, муқаддимае барои иҷрои стратегияи таҷовуз ба кишварҳои ҳамсоя дар минтақа, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аст”.
Дар остонаи таътилоти Соли Нав, далоиле вуҷуд дошт, ки иддао кунем ҷоҳталабиҳои “Вилояти Хуросон” ба буъди минтақаӣ маҳдуд намешавад. 31 декабр истихбороти Туркия дар Истамбул ду тан аз аъзои шохаи Афғонистони ДОИШ-ро, ки дар ҳоли омодасозии як ҳамлаи террористии бузург буданд, дастгир карданд. Маълум шуд ин ҷангҷӯён зодаи Тоҷикистону Ӯзбекистон будаанд, ки ба “Вилояти Хуросон” пайвастаанд. Талош ба ҳамлаи террористӣ дар Истамбул дар 31 декабр гувоҳи он аст, ки шохаи Афғонистони ДОИШ ба думболи густариши фаротар аз минтақаи "атрофи Афғонистон" аст ва қасд дорад ба аҳдофе дар ҳазоронкилометрии Кобул ҳамла кунад. Интихоби Туркия ба унвони макони муаррифии “Вилояти Хуросон” низ нишондиҳандаи қасди шохаи Афғонистон барои тавсеаи фаъолиятҳои террористӣ дар “минтақаи масъулият”-и соири “вилоёт”-и Давлати исломӣ аст. Шояд инро ба нияти “хуросониҳо” барои аввал шудан дар миёни ҳамтоён дар низоми мавҷуди “вилоёт”-и ДОИШ марбут донист.
Оморҳои террористӣ нишон медиҳад, ки чунин ҷоҳталабиҳои “Вилояти Хуросон” беасос нест. Дар соли 2022, шохаи Афғонистони ДОИШ аз назари теъдоди ҳамалоти террористӣ ва қурбониёни онҳо, дар миёни соири “вилоятҳо” вориди сегонаи “бартар” шуд: дар Афғонистон, “хуросониҳо” 181 ҳамлаи террористӣ анҷом доданд, ки дар натиҷаи он 1188 нафар куштаву захмӣ шуданд. Аз назари теъдоди қурбониён дар соли 2022, шохаи Афғонистони ДОИШ аз "вилоятҳои волидайн"-и Давлати исломӣ дар Ироқ ва Сурия (ба тартиб 833 ва 887) пешӣ гирифт ва танҳо ба раҳбари "раддабандии марг" - шохаи ДОИШ дар Нигерия (1412 нафар) натавонист расад. Шакке нест, ки дар соли 2023 “Вилояти Хуросон” барои беҳбуди шохиси “мусобиқаи даруни хилофат” талош хоҳад кард.
Рушди ошкори теъдоди гурӯҳҳои ҷангҷӯёни “Вилояти Хуросон”, ки аксарияти аъзои он аз кишварҳои пасошӯравӣ ва Ховари Миёна ҳастанд, фаъолиятҳои террористии муваффақ дар дохили Афғонистон ва ҷоҳталабиҳои тавсеаталабонаи фаротар аз марзҳои он - ҳамаи инҳо боис мешавад шохаи Афғонистони ДОИШ дар авлавияти чолишҳо барои кишварҳои минтақа ва Русия табдил ёбад. Умедҳои бархе аз сиёсатмадорон ва дипломатҳо дар Маскав барои Толибон ба унвони нерӯе, ки қодир ба муборизаи муваффақ бо ДОИШ аст, муҳаққақ нашуд: Толибон ҳатто дар Кобул, аз ҷумла барои шаҳрвандон ва мақомоти Русия, Чин ва Покистон, қодир ба таъмини амният набуданд.
Вазъияти кунунӣ аз Русия эҷоди роҳҳалҳои амниятии бадил ва муассиртар дар камтарин вақт ва тасмимҳои бештари муассирро барои ҳалли масоили амниятӣ тақозо мекунад, на умедҳои холӣ ба режими Толибон. Рӯёрӯӣ бо шохаи Афғонистони ДОИШ барои Маскав ва шарикони он дар Осиёи Марказӣ бисёр ҷиддӣ мешавад, ки ба таври комил ба як нерӯи нокоромад вогузар мешавад ва илова бар ин, тарафи русӣ қодир ба контроли он нест.
Роҳи хуруҷии Русия дар бозгашт ба модели Эътилофи Шимол дида мешавад, ки дар даҳаи 1990 барои маҳори густариши Толибон дар шимоли Афғонистон эҷод шуд. Сипас Маскав бо пул, аслиҳа ва муҳиммот аз гурӯҳҳои тоҷику ӯзбеки Аҳмадшоҳ Масъуд ва Абдурашид Дӯстум, ки даргири амалиёти ҷангии мустақим бо ҷиҳодистон дар хоки Афғонистон буданд, ҳимоят намуд ва аз ин тариқ “муллоҳои хашмгин”-ро дар наздики марзҳои ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ маҳор кард.
Ба назар мерасад, имрӯз Маскав ва шарикони он дар минтақаи Осиёи Марказӣ бори дигар бояд аз эҷоди Иттиҳоди Шимол 2.0 ҳимоят кунанд, аммо ин бор барои хунсо кардани таҳдиди шохаи Афғонистони ДОИШ. Дар ин ҷо, тарафи русӣ ҳанӯз як интихоб дорад: эҷоди зерсохти проекти ҷадиди "зиддихилофат" дар шимоли Афғонистон аз сифр, ё тавофуқ бо раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд ва фармондеҳонаш дар мавриди тағйири ҷиҳати фаъолияти низомӣ аз Толибон ба самти ДОИШ. Бадеҳист, ки тасмими ниҳоии тарафи русӣ бояд дар чанд моҳи оянда гирифта шавад - фишори замонӣ на танҳо бо наздик шудан ба фасли набардҳои муназзами баҳорӣ дар Афғонистон, балки ба далели вазъияти сиёсати хориҷие, ки барои Маскав чандон мусоид нест, эҷод мешавад, вазъияте, ки тавассути руқабои геополитикии он, дар дараҷаи аввал Иёлоти Муттаҳида, ки ба таври фаъол дар амри бозёбии нуфуз дар "Бозии Бузург" – и Афғонистон то ҷое бо муваффақият кор мекунанд, шакл мегирад.