Иштибоҳи тасодуфии лафзӣ ё ифшои тарҳи геополитикии Русия, Чин ва Эрон?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари сиёсат ва геополитика, махсус барои “Сангар”
Муҳсин Зангана, узви Маҷлиси Эрон, изҳор дошт, ки 110 гектар замин дар бандари Чобаҳор ба Афғонистон дода мешавад, то ин кишвар, ба гуфтаи ӯ, битавонад мушкилоти транзитии худро ҳал кунад ва ба обҳои озод дастрасӣ дошта бошад. Агарчи оқои Зангана баъдан, пас аз интиқодҳои шадид, изҳороти худро пас гирифт, аммо оё мумкин аст як намояндаи шинохташудаи Маҷлиси Эрон то ин андоза иштибоҳ карда бошад? Оё мо бо як изҳорназари шахсӣ рӯбарӯ ҳастем ё бо мавзӯе, ки ба як тафоҳуми бузурги минтақаӣ дар меҳвари Шарқ иртибот дорад?
Аммо пушти ин изҳорот чӣ чизе метавонад вуҷуд дошта бошад? Оё ин фақат як иштибоҳи лафзӣ ва дар ҳадди як изҳорназари шахсӣ аст ё бахше аз як барномаи бузургтари минтақаӣ, ки дар чорчӯби талошҳои меҳвари Шарқ барои муқобила бо меҳвари Ғарб, нохоста ифшо шудааст?
Биёед ба далоили эҳтимолии як тарҳи аз пеш ифшошуда дар меҳвари Шарқ бипардозем; тарҳе, ки дар он Эрон метавонад ба намояндагӣ аз ин меҳвар нақшофаринӣ кунад ва бо таҳаррукоти ахири Покистон, кишварҳои арабӣ, Туркия ва ҳатто Амрико дар майдони Афғонистон иртибот дошта бошад.
Нахустин далели эҳтимолии ин тасмим шояд ба як тафоҳуми минтақаӣ миёни Русия, Ҳинд ва Чин марбут бошад; тафоҳуме, ки метавон онро вокунише дар баробари Паймони Макка ва шарокати Арабистони Саудӣ, Туркия ва Покистон донист.
Далели дувум мумкин аст ба як бозии тактикии Ҷумҳурии Исломии Эрон марбут бошад; талоше барои кашондани Толибон аз самти кишварҳои арабӣ, Туркия ва Покистон ба сӯи меҳвари Шарқ, ба вижа Эрон.
Далели севум ин аст, ки Эрон барои муқобила бо вазъияти ҷадид ва талошҳои кишварҳои арабӣ дар ҷиҳати сармоягузории амниятӣ ва такмили ҳалқаи муҳосираи худ, ба дунболи роҳҳое барои ҷилавгирӣ аз густариши ин раванд аст.
Ин вазъият метавонад бо талош барои такмили ҳалқаи муҳосираи Ҷумҳурии Исломӣ дар Афғонистон, Ироқ ва Сурия муртабит бошад; ба вижа дар шароите, ки шабакаи Ҳаққонӣ дар ин таҳлил намояндаи манофеи Ғарб, Покистон ва кишварҳои арабӣ талаққӣ мешавад.
Далели чаҳорум мумкин аст бо тарҳи Вахон иртибот дошта бошад. Шояд Эрон дар баробари додани як имтиёзи лафзӣ, ки чандон амалӣ ва роҳбурдӣ ба назар намерасад, талош дорад заминаи иттисоли Чин ба Эрон аз масири Афғонистонро фароҳам созад ва бо додани имтиёзҳои тактикӣ ва начандон роҳбурдӣ ба Толибон, ин гурӯҳро барои марҳалаи баъдии чунин иттисол омода кунад.
Дар ҳамин чорчӯб, тарҳи иттисоли шимол ба ҷануби Русия низ метавонад бахше аз камарбанди иртиботии меҳвари Шарқ барои эҷоди масирҳои сареътар дар баробари таҳдидҳои меҳвари Ғарб бошад.
Далели панҷумро бояд дар сатҳи густардатар ва дар чорчӯби рақобатҳои ҷаҳонӣ баррасӣ кард; яъне тарҳҳои иттисоли минтақаӣ дар имтидоди таҳаррукоти амниятии Авруосиё, Созмони Ҳамкории Шонгҳой ва БРИКС, ки яке аз аҳдофи мавриди баҳси онҳо коҳиши нуфузи Амрико аст.
Аз ин манзар, минтақа дар арсаҳои амниятӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иттисоли транзитӣ ба дунболи маҳдуд кардани заминаҳое аст, ки метавонанд ба густариши ҳузури Амрико ва муттаҳидонаш дар Афғонистон ё дигар нуқоти минтақа мунҷар шаванд.
Бинобар ин, бо дар назар гирифтани чунин сенарияҳо, ин эҳтимол матраҳ мешавад, ки изҳороти ёдшуда сирфан як иштибоҳи лафзӣ набуда, балки навъе ифшои нохоста аз як тарҳи бузургтари минтақаӣ ва ҷаҳонӣ бошад; он ҳам дар шароите, ки Афғонистон ба маконе бо таҳдидҳои билқувваи амниятӣ ва майдони густардае барои рақобатҳои амниятӣ табдил шудааст.
Ба баёни дигар, Эрон пас аз ҳамалоти Исроил ва Амрико, мумкин аст дар чорчӯби тафоҳуме бо Русия ва Чин, дар талош бошад, то бо такя бар ҳимояти ин ду қудрати осиёӣ, дар нақши як нерӯи амалиётӣ зоҳир шавад ва заминаи нуфуз ва султаи Амрико ва муттаҳидонашро то ҳадди имкон маҳдуд созад.
Яъне додани имтиёзҳои ба зоҳир хушбинкунанда барои гурӯҳи Толибон, то ин ки ин гурӯҳ дар миёни сардаргумӣ барои интихоби ҷониби Ғарб ё Шарқ, далеле барои иттисоли муваққатӣ ба як шабакаи иттисол ҷиҳати амрикоизудоӣ ва аҷинсозии тафаккури шарқӣ дар ин минтақа дошта бошад.