Нависанда: генерал Муҳаммадалии Муқаддасӣ
Бархеҳо дар се рӯзи ахир мепурсанд ва мегӯянд: «Ту аз Мазорӣ ин қадар нафрат дорӣ? Назарат дар бораи Аҳмадшоҳ Масъуд ва Сайид Ҳусайн Анварӣ чист?»
Дар посухи ин дӯстон бояд бигӯям:
Мазорӣ, агар як дарсад ба андозаи Масъуд барои мардуми худ кор мекард, ман имрӯз навкараш будам ва ӯро ситоиш мекардам.
Чун ҳарфҳои зиёде дар бораи Аҳмадшоҳ Масъуд дорам, ба таври хулоса менависам:
Масъуд бузургтарин қаҳрамони таърих аст. Агарчи муборизоти дигар фармондеҳон ва мардуми Афғонистонро дар баробари артиши Шӯравӣ наметавон нодида гирифт, аммо бо сароҳат метавонам бигӯям, ки Масъуд нахустин зарбаҳои кӯбандаро дар Панҷшер бар пайкари Артиши Сурх ворид кард.
Масъуд Артиши Сурхи Шӯравиро барои нахустин бор дар таърих ба зону даровард. Масъуд аз соли 1358 то 1363 ҳиҷрии шамсӣ, ҳашт бор артиши Шӯравиро дар дараи Панҷшер ба шикасти сахт мувоҷеҳ кард ва ин артиш дар таърихи худ барои аввалин бор дар Панҷшер дар баробари фармондеҳи номдори кишвар, Аҳмадшоҳ Масъуд, ба шикаст мувоҷеҳ шуд. Ҳамин шикасти Артиши Сурхи Шӯравӣ дар Панҷшер буд, ки пояҳои Кремл дар Маскавро ба ларза афканд ва пас аз он Паймони Варшава аз ҳам пошид ва тамоми кишварҳои Осиёи Миёна, то Аврупои Шарқӣ ва то Берлини Шарқӣ дар қалби Аврупо, истиқлоли худро ба даст оварданд.
Масъуд тоҷикҳоро ба осмон боло бурд. Масъуд фашисти тамомиятхоҳро тӯдаҳанӣ зад ва Гулбиддинро аз Кобул ба Чаҳоросиёб ронд. Масъуд бо мардум тааҳҳуд кард ва гуфт: “Ба андозаи кулоҳам агар хоки ин кишвар дар ихтиёрам бошад, барои озодии ин сарзамин мубориза мекунам”. Масъуд пойи тааҳҳуди худ истод, аслиҳаи худро бар замин нагузошт ва то охирин нафас дар баробари Толибон ҷангид, то ин ки қаҳрамонона шаҳид шуд.
Тоҷикҳоро хоиноне баъд аз Масъуд бечора кард; хоиноне мисли Фаҳим, Абдуллоҳ, Қонунӣ, Инҷинер Ориф, Амруллоҳ Солеҳ ва амсоли онон. Ин хоинҳо ҳам Масъудро куштанд ва ҳам тоҷикҳоро табоҳ карданд.
Масъуд мардонагӣ ва гузашт дошт. Ҳамон гуна, ки дар ҷанг дар баробари душман бемуҳобо меҷангид, рӯзе, ки душман ба дасти ӯ асир мешуд ё ба ӯ паноҳ мебурд, Масъуд даст ба интиқом намезад.
Доктор Наҷибуллоҳ, ки Аҳмадшоҳ Масъуд чаҳордаҳ сол дар баробараш ҷангид, рӯзе, ки Кобул ба дасти Масъуд афтод, Масъуд аз доктор Наҷибуллоҳ интиқом нагирифт. Асадуллоҳ Сарварӣ, раиси ХОД-и даврони Наҷибро бо ҳамаи ҷиноятҳояш кор нагирифт. Ҷумъа Асакро, ки масъули Ҳизби Халқ дар шимол буд ва ҷиноятҳои зиёде муртакиб шуда буд, кор нагирифт. Асак дар назди Масъуд зиндонӣ буд, вақте модари Ҷумъа Асак назди Масъуд рафт ва озодии писарашро хост, Масъуд Ҷумъа Асакро аз зиндон озод кард ва таҳвили модараш дод.
Масъуд бовар дошт, ки ин афрод баъд аз пой гирифтани давлати исломӣ тавассути як додгоҳи босалоҳият муҳокима шаванд.
Гулбиддин Ҳикматёр, бо вуҷуди ин ки душмани сарсахти Аҳмадшоҳ Масъуд ва Шӯрои Наззор буд ва солҳо бо Масъуд ҷангида буд ва танҳо дар як ҳамла бар ҷаласае умумии фармондеҳони Шӯрои Наззор дар шимол, сию чаҳор нафар аз фармондеҳони зубдаи Аҳмадшоҳ Масъудро кушта буд, рӯзе, ки Толибон дар Нағлу ва Моҳипар мусаллат шуданд, Гулбиддин Ҳикматёр ба Масъуд паноҳ овард. Вақте ки Аҳмадшоҳ Масъуд мехост Гулбиддин Ҳикматёрро ба самти шимол интиқол бидиҳад, афроди Шӯрои Наззор тасмим гирифта буданд, ки Ҳикматёрро аз ҳеликоптер поён бияндозанд. Вақте Масъуд аз қазия огоҳ шуд, худаш Гулбиддинро гирифт ва бо ҳеликоптер ба самти шимол бурд.
Мегӯянд, дар масири роҳ як нафар аз Шӯрои Наззор, ки баланд шуда буд, ба Аҳмадшоҳ Масъуд гуфт: “Омир соҳиб, иҷоза бидеҳ, ки ин хабисро поён бияндозам”. Масъуд гуфт: “Бирав сари ҷойи худ биншин”. Баъдҳо вақте аз Аҳмадшоҳ Масъуд суол шуд: “Чаро иҷоза надодӣ, ки Гулбиддинро аз ҳеликоптер поён бияндозанд?” Масъуд дар ҷавоб гуфта буд: “Намехостам аз Гулбиддин Имоми Ҳусайни дигаре дуруст шавад, бигзор, ки таърих қазоват кунад”.
Ин масъала нубуғи фикрӣ ва дурандешии Аҳмадшоҳ Масъудро ба намоиш мегузорад.