Хабари рӯз

Ба муносибати марги қабл аз дафни Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико

Нависанда: Амруллоҳ Солеҳ, раиси пешини истихборот ва муовини собиқи раисҷумҳури Афғонистон

Ҷо Байден ба ҳайси муовини Барак Обама, раисҷумҳури Амрико интихоб шуда буд ва қабл аз таҳлиф ба Афғонистон сафар кард. Ман дар он замон раиси умумии амнияти миллии Афғонистон будам. Зиёфате  барояш дар Арг тартиб шуд.

Таърихи дақиқи зиёфат ба ёдам нест, аммо вай таърихи даҳуми моҳи январи соли 2009 ба Афғонистон расида буд. Гумон мебарам қабл аз дидор бо раисҷумҳури Афғонистон дидорҳое бо низомиёни амрикоӣ дошт. Дар зиёфат тақрибан ҳамаи кобинаи Афғонистон ҳузур дошт. Ҷо Байденро чанд тани дигар, аз ҷумла Линси Граҳам ҳамроҳӣ мекард.

Раисҷумҳур Карзай дар рафтору муошират одами ниҳоят сангину бовиқор аст. Вай Байденро хушомадед гуфт ва пас таоруфи аввалияи таваҷҷуҳи нишаст ба вазъияти Афғонистон маътуф гардид. Ҷо Байден суханони ғайримутаориф ва тунд ба забон овард. Ў гуфт, оқои Карзай ҳузури моро муфту доимӣ пиндоштаед. Агар зарурат афтад ҳарчи дили мо хост мекунем. Мо муттаҳиде ба исми Покистон дорем, ки панҷоҳу ду мартаба аз Афғонистон муҳимтару беҳтар аст.

Ман намедонам, ки Ҷо Байден ин муҳосибаи панҷоҳу ду мартабаро аз куҷо ба даст оварда буд. Ба ҳар ҳол, дар ин нишаст оқои Карзай таваққӯъ дошт, ки кобина дар канораш биистад ва раисҷумҳур ҳарфи охирро бизанад. Касоне сӯҳбат карданд. Дар он замон ба хотири ворид кардани фишор бар давлати Афғонистон баҳонатарошиҳои зиёд сурат мегирифт. Ҳеҷ кас аз аъзои кобина ҳарфи возеҳу шуҷоъона, ки оқои Карзай таваққӯъ дошт, ба забон наовард. Ман ягона касе будам, ки бо вазоҳат сӯҳбат кардам, аммо намехоҳам дар ин навишта ба таърихи шахсии худам бипечам.

Оқои Карзай дар ҳоле ки яъсу хашм дар чеҳрааш ҳувайдо буд, он чӣ кард, ки бояд як ватанпараст мекард. Ҷо Байден дастмолро ба расми эътироз аз сари зонуи худ дур сохта ва дар канори қоби солод гузошта буд, ки гӯё дилаш намешавад нони афғониро бихӯрад. Оқои Карзай гулӯи худро соф кард ва як бори дигар вайро хушомадед гуфта, паёми худро чунин баён кард. Бояд ёдовар шавам, ки ин калимоту чидани онҳо дар ҷумлаҳо ҳатмӣ ба ҳамон тасалсул нест, ки оқои Карзай гуфта буд, вале дар мӯҳтаво ниҳоят амонатдорӣ кардаам.

"Оқои Байден, ин ки мо ва кишвари мо бароят аҳамият дорем ё надорем зиёд муҳим нест. Ватани мо барои мо панҷоҳу ду ҳазор мартаба нисбат ба Покистон барои худи мо муҳим аст. На Афғонистон бо омадани ту зода шуда ва на бо рафтани ту вафот мекунад. Ҳарфи ту иддаои ҳамешагии маро таъйид мекунад, ки шумо аз маслиҳатгароӣ ва созиши пинҳон бо Покистон зери ҳеҷ шароите намегузаред. Шумо хуб медонед, ки террористи аслӣ артиш ва истихбороти Покистон аст ва ту баноҳақ бо мардуми мо зӯрозмоӣ мекунӣ. Зӯратон ба Покистон намекашад, омадаед зери номи ҷанг бо терроризм дар ин ҷо ғавғо эҷод кардаед. Террорист исмаш Шӯрои Квета аст. Артиши ту як бомб ҳам болои Квета то ҳол партоб накардааст. Мулло Умар ва дору дастааш дар хонаҳои тартибдодашуда тавассути  Ай Эс Ай чойи сабз менӯшанд ва ту думболашон дар Қандаҳор саргардон ҳастӣ. Террорист дар Миромшоҳ ба сурати возеҳ мадраса ва қароргоҳ дорад ва дар Ровалпиндиву Пешовар тиҷорату бизнес доранд. Оё фикр мекунед, ки ин қадар сохтори тавилу аризи толиб дар Покистон дур аз чашми артиши Покистон аст? Оё фикр мекунед, ки мо бипазирем, ки шумо ин ҳама субутро дар ихтиёр надоред. Ҳарфи ту бароям як мавзӯъро вазоҳат дод, ин ки иштироки манофеъи мо кам аст ва ё шояд ҳеҷ нест. Мо мадюни кӯмакатон ҳастем, аммо ин миннатдорӣ ба маънои гузаштан аз ғуруру таърихи мо нест. Ин навъ рафторро беҳтар аст шумо бо тасодуфиҳои таърих анҷом бидиҳед. Ин миллат як таърих дорад. Онро бихонед. Фақри имрӯзи мо низ ба хотири истифодаи бад ва шиори дурӯғин аст, ки дар солҳои ҳаштод сурат гирифт. Ин фасод, ки шумо аз он ёдоварӣ мекунед, дар асл бармегардад ба навъи ҳузури худатон. Ту аз пуле ҳисоб талаб кун, ки ба ҳукумати ман додаӣ. На аз пуле, ки сарбахуд ба шабакаи худат тавзеъ мекунӣ ва баъд дар ҳисоби мо қайдаш мекунӣ. Фасод дар шеваи масрафу шеваи кори худатон аст. Ин ки зери номи фасод мехоҳед ман бо мардуми худ даргир шавам ва фосиди калон бепарвову беохир фароқонунӣ ва ғайриқобили муҳокима гаштугузор кунад, мантиқӣ нест. Дар ватани мо ҳастӣ. Дар хонаи мо ҳастӣ. Хуб шуд, ки салад нахӯрдӣ, ки таркории Афғонистон мақбулу рангоранг аст, аммо одамро дилдард мекунад".

Вақте маҷлис халос шуд Оқои Карзай рух ба тарафи вузарои кобина кард ва бо таъна барояшон гуфт: “Мардӣ ва номардӣ дар як сония тасбит мегардад. Биравед ба хайр хонаҳоятон. Хуш бошед, ором бошед ва фардо ба сафорати Амрико биравед ва бигӯед, ки мо бо Карзай ҳамназар нестем”.

ЭЗОҲ: Ман яке аз интиқодкунандаҳои шуморе аз сиёсатҳои оқои Карзай будаам ва он бахше аз дидгоҳҳоям низ дарҷи таърих аст. Ҳеҷ навъ тамос бо вай низ надорам. Охирин тамос мо шояд чор сол қабл буд.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!