Эътимоди миллӣ ё шарти саодати Афғонистон чист?
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои "Сангар"
Рӯзи гузашта аз адреси мудофеъони манофеъи миллии Афғонистон навишта будам, ки дар шароити мавҷуд Афғонистон ба як ҷабҳаи васеи миллӣ зарурат дорад. Хушбахтона, навиштаам дар баъзе аз расонаҳо низ инъикоси ҳамаҷонибае дошт, аммо баъзеҳо гуфта буданд, ки кадом ҷабҳа ва кадом ниҳод?
Ҳадафи ман танҳову танҳо мудофеъони манофеъи миллӣ нест. Мудофеъони манофеъи миллӣ медонанд, ки ҳамсӯву ҳамгом бо соири аҳзоб ва ниҳодҳои шахсӣ дар як масир ҳаракат кунанд ва ҷабҳаи васеъи миллиро бисозанд.
Дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон ҷабаҳот, ниҳодҳо, созмонҳо ва шахсиятҳои мустақили сиёсӣ вуҷуд доранд, аммо чӣ тавр ҳама ҳамсӯ ва ҳамкор шаванд?
Ба ақидаи ман, дар ҳоли ҳозир мо ба як эътимоди миллӣ ниёз дорем. Афғонистон дар шароити феълӣ ба буҳронҳои гуногун гирифтор аст, монанди буҳрони иҷтимоӣ, буҳрони сиёсӣ, буҳрони амниятӣ, буҳрони иқтисодӣ ва даҳҳо марази дигар, ки номашро дар олами сиёсат буҳрон гузоштаанд. Вале бояд донист, ки буҳрони иҷтимоӣ бо зангор шудани ахлоқи ҷомеа аз бадтарин буҳронҳоест, ки боиси муталошӣ шудани шерозаи низом дар як кишвар мегардад.
Поя ва қавоми як низом дар тамоми дунё миллат ва мардуманд. Мардум метавонад ба низомҳои сиёсӣ машруъият бахшад ва мардум метавонанд аз низом дифоъ кунанд ва мардум аст, ки аз асари ҳимояташ раҳбарон ва сиёсатмадорон нафас мекашанд. Раҳбар бидуни мардум ҷисми бидуни нафас аст. Ғамбортарин буҳрони кишвар буҳрони бебоварӣ ва набуди эътимоди миллӣ аст.
Решаи буҳрони иҷтимоӣ аз лаҷанзори беадолатӣ об мехӯрад. Буҳрон, ки бо густаришу афзоиши он решаи дарахти тануманди бовари миллӣ мӯриёнае мешаваду фурӯ меғалтад ва эътимоду бовари инсонҳоро аз байн мебарад.
Вақте эътимод набуд ҳеҷ шонс ва фурсате барои гом гузоштан нест. Эътимод яке аз ҷанбаҳои асосӣ ва муҳими равобити инсонӣ дар як ҷомеа аст ва фуқдони он, ин равобитро аз байн мебарад.
Эътимод заминасози мушорикат ва ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мегардад ва бо эҷоди тамоюли аъзои ҷомеа ба ҳамкорӣ бо ҳамдигар, мушорикатро дар ҳамаи бахшҳо суръат мебахшд, бо набуди он ҳама чиз нобуд аст. Биёед, эътимоди миллиро зинда кунем.
Мо чӣ ниёз дорем?
Бале, ба амният ниёз дорем ва ба иқтисод ниёз дорем. Ин ду ниёз пухтагии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро ба намоиш мегузорад. Аммо ниёзи асосии мо ҳамдилию ваҳдат ва якпорчагӣ аст ва ин ҳамдилӣ мумкин нест, магар бо ҷавҳари адолат. Ҷое, ки адолат набошад, муҳаббат нест ва агар муҳаббат набуд, ваҳдат ба миён намеояд.
Раҳбарони ҷабаҳот, аҳзоб, ниҳодҳои мухталиф, ҳамаи мову шумо бояд авлавиятҳоро бишносем. Бояд бидонем, ки авлавияти мо эҷоди фазои бовар, эътимод ва бародарӣ аст. Мову шумо дар ин шароит бештар аз обу нон ба иттиҳоду ваҳдату якпорчагӣ ниёз дорем. Лиҳозо бо гузашт, раводорӣ ва адолатгустарӣ дили мардумро ба даст оварем, бар қувват ва шавкати худ биафзоем, чолу фиреб ва интиқомро канор гузошта, ба рӯзҳои сахту душвор фикр кунем.
Дар ҳоли ҳозир теъдоде, ки дар арикаи қудратанд, қудратро як ғанимати ҷангӣ медонанд, дар ҳоле ки қудрат ғанимати ҷангӣ на, балки моли миллат аст, бояд ҳама мардум дар он саҳим бошанд.
Ман аз шумо бародарона тақозо мекунам, биёед, бо ҳам содиқ бошем, биёед, бо ҳам бародар бошем, биёед, марҳами захми садҳову ҳазорон хонаводаи дардманд бошем, ки ҳамарӯза ҷигаргӯшаҳои худро ба баҳонаҳои мухталиф аз даст медиҳанд.
Мо бидуни ҷалби ризоияти мардум ба шикаст мувоҷеҳ ҳастем. Мо дар доми тавтеаҳои дохилӣ ва хориҷӣ гир мондаем, вале, хушбахтона, як неъмат дар вуҷуди мо ҳаст, ки моро наҷот медиҳад. Ин неъмат садоқат, муҳаббат, дӯстӣ, навозиш, раводорӣ ба хотири ҷалби эътимод, эътибор ва бовар аз даст нарафтааст...
Як бори дигар аз тамоми ниҳодҳо, аҳзоб ва шахсиятҳои сиёсӣ эҳтиромона тақозо мекунам, ки ба хотири сохтани як ҷабҳаи васеи миллии фарогир гирди ҳам ҷамъ шаванд, аз худкомагиҳову ҷоҳталабиҳо бигузаранд. Фурсатҳои андаке дар даст аст, агар ин фурсатҳоро аз даст бидиҳем, ҳама чизро барои ҳамеша аз даст хоҳем дод.
Ба умеди пирӯзии миллати муъмину сарбаланди Афғонистон.