Хабари рӯз

Амруллоҳ Солеҳ, собиқ муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон, тарҳи Толибон* барои ояндаи сиёсии Афғонистонро фош кард

Манбаъ: Sputnik Тоҷикистон

Вай ба унвони “Тарҳу нақшаи сиёсии гурӯҳи Толибон” дар сафҳаи расмиаш дар Фейсбук матнеро интишор дод, ки ба иддаои ӯ ва бовари Толибон, машрӯъияти дохиливу байнулмилаливу дохилии ҳукумати онҳоро тазмин хоҳад кард.

Як масъули дафтари сиёсии Амруллоҳ Солеҳ дар шарҳи ин навишта ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин иттилоот аз манобеъи боътимод дар дохили ҳукумати Толибон ба даст омада, ривоят аз як ояндаи торик ва низоми диктотурии фоқиди озодиҳои сиёсиву динӣ ва инсонӣ барои тамоми мардуми Афғонистонро пешбинӣ мекунад ва тақвият бахшидани ҳукумати ин гурӯҳи тамомиятхоҳро ҳадаф гирифтааст.

“Нахуст, Толибон мехоҳанд маҳалли фаъолияти Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунд, “амирулмуъминин”, ё раҳбари Иморати исломии Толибонро дар шаҳри Кандаҳор ҳифз кунанд, яъне Кандаҳор пойтахти сиёсии Афғонистон боқӣ мемонад, он гуна ки имрӯз ҳаст. Ин ҳам ба он хотир аст, ки аз таҳаввулоти сиёсӣ ва қиёмҳои мардумӣ эмин бошад”, - гуфт манбаъ.

Дуввум, Амруллоҳ Солеҳ мегӯяд, Толибон мехоҳанд интихоботи Маҷлиси намояндагон (Вулуси Ҷирга) ва шӯроҳои вилоятиро таҳти назорати як кумитаи интихоботии иборат аз мавлавиҳои узви ин гуруҳ баргузор кунанд.

“Раиси ин кумитаро мулло Ҳайбатуллоҳ Охунд таъйин мекунад. Ҳамчунин ин кумита маълум мекунад, ки кӣ номзад бошад, кӣ на. Аъзои қаблии парлумон, шӯроҳои вилоятӣ ва касоне, ки ба ҷумҳурият тааллуқ доштанд ва ҳамчунин наметавонанд номзад бошанд”, - гуфт масъули дафтари сиёсии Амруллоҳ Солеҳ.

Ба иддаои Амруллоҳ Солеҳ, умури иҷроии давлат ба садри аъзам ё нахуствазир вогузор мешавад, ки аз тарафи мулло Ҳайбатуллоҳ ба Вулуси Ҷирга муаррифӣ мегардад, аммо парлумон фақат барномаи садри аъзамро гӯш мекунад ва ҳаққи таъйиду радди ӯро надорад.

“Парлумон танҳо як ҳақро хоҳад дошт, ки ба таври катбӣ аз мулло Ҳайбатуллоҳ хоҳиш кунад, то шахси дигареро муаррифӣ намояд. Яъне парлумон ҳаққи радди пешниҳоди тасмимеро, ки дар Кандаҳор гирифта шудааст, надорад. Аъзои калидии ҳукуматро ҳам Кандаҳор пешниҳод мекунад ва занон наметавонанд узви кобина бошанд”, - гуфт ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон.

Амруллоҳ Солеҳ мегӯяд, садри аъзам Шӯрои вазиронро раҳбарӣ мекунад ва муназзам ба Кандаҳор  гузориш медиҳад, ки амалан Кобулро ба пойтахти идории Толибон табдил хоҳад ёфт.

“Раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ - вазирони дифоъу дохила ва раис амнияти миллиро худи мулло Ҳайбатуллоҳ таъйин мекунад ва онҳо ба садри аъзам тобеъ нахоҳанд буд. Қозиюлқуззот – раиси Суди Олиро низ ӯ таъйин мекунад ва дар Суди Олӣ ягон шиамазҳаб ҳузур нахоҳад дошт”, - гуфтааст Амруллоҳ Солеҳ.

Собиқ муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон мегӯяд, “амирулмуъминин” як раҳбари бо салоҳиятҳои номаҳдуд хоҳад буд, ки дар ҳоли фавт ё кушта шуданаш ҷойнишини ӯро Шӯрои олии уламо барои ҳифозат аз асли Иморати исломӣ таъйин хоҳад кард.

“Аъзои ин Шӯро ҳама бояд узви Толибон бошанд. Ягон шиамазҳаб узви он буда наметавонад. Дафтари Шӯро дар шаҳри Кандаҳор хоҳад буд ва дар тамоми вилоёт намоянда хоҳад дошт, ки баландтарин марҷаъи шаръӣ ва сиёсӣ хоҳад буд ва фаъолияти волиҳо ва ниҳодҳои давлатиро назорат ва ҳидоят хоҳад кард. Ба ҳамин минвол, идораҳои вилоятӣ дутабақаӣ мешаванд - сиёсӣ ва идорӣ, яъне идораҳои давлатӣ фақат кор мекунанд, на сиёсат”, - гуфтааст ӯ.

Амруллоҳ Солеҳ мегӯяд, дар низоми толибонии Афғонистон ягон ҳизб, анҷуман, шӯрои маҳаллӣ ё ниҳоди ғайридавлатӣ, ки бо мардум кор кунад, иҷозати фаъолият нахоҳад дошт ва ҳатто расонаҳои озод баста мешаванд ва ё хеле маҳдуд.

“Ин ояндае, ки барои Афғонистон Толибон тарҳ кардаанд, ба онҳо на машрӯъияти дохилӣ медиҳад, на байнулмилалӣ, баръакс, сафи мухолифони онҳоро хоҳад афзуд. Онҳо дар даври аввали ҳокимияти худ ин қабил тарҳро матраҳ карда буданд, ки таври маълум, на аз сӯи мардуми Афғонистон ва на ҳам ҷомиаи байнулмилалӣ пазируфта нашуд”, - гуфт ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон.

Амруллоҳ Солеҳ дар оғози ҷумҳурият (2001 – 2021) як муддат раиси Раёсати амнияти миллӣ ва дар анҷоми он муовини аввали Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон буд. Вай пас аз суқути ҷумҳурият дар 15 августи соли 2021 Афғонистонро тарк карда, ба хориҷ паноҳ бурд.

Ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон ҳам нахост, ки кишвари ҳузури ӯ зикр шавад.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!