Хабари рӯз

Русия дар пайи сохтмони як рӯзноманигории дигар шудааст.

Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Русия рӯзноманигории ояндаро бино мекунад. Акнун аз Русия бастагӣ дорад, ки ҷаҳон то чӣ андоза равшан, омӯзанда ва муҳиммтар аз ҳама содиқ бошад; Ҷаҳоне, ки наслҳои оянда бояд дар он зиндагӣ кунанд.

Дар Калиниград, як форуми бузурги ҳирфаии расонаӣ бо номи “ШУМ” ба кори худ поён дод, ки дар он беш аз 1200 рӯзноманигори ҷавон, веблогнавис ва намояндагони равобити умумӣ ширкат карданд. Дар миёни ширкаткунандагон на танҳо русҳо, балки ҳамкороне аз хориҷи кишвар низ ҳузур доштанд. Инҳо афроде ҳастанд, ки қарор аст дастури кори хабарии ҷаҳонро на дар даҳ сол ё панҷ соли оянда, балки аз фардо шакл диҳанд.

Чунин алоқаи болое ба форуми “ШУМ” ношӣ аз маҷмӯае аз вежагиҳост. Ҳама медонанд, ки рӯзноманигории Русия дар шароите душвор дар ҳоли тавсеа аст. Рӯзноманигорони рус амалан дар шароити рӯёрӯии иттилоотӣ бо расонаҳои ғарбӣ зиндагиву кор мекунанд; Расонаҳое, ки ҳаҷми азиме аз дурӯғ ва таблиғоти сиёсӣ тавлид мекунанд. Барои истодагӣ ва пирӯзӣ дар чунин тақобуле, бояд тавоноии гуфтани ҳақиқатро дошт ва онро бо кайфият, ҷаззобият ва ҳирфаигарӣ баён кард.

Аз ин рӯ, алоқа ба таҷрибаи Русия афзоиш ёфтааст, бавежа, ки ин таҷриба на танҳо сиёсат, балки иқтисод, фарҳанг ва ҳавзаи иҷтимоиро низ дарбр мегирад. Имрӯза душвор аст самту сӯеро бидуни ҳузури расонаҳо тасаввур кард. Бидуни ҳамроҳии иттилоърасонии дуруст, расидан ба муваффақият ғайримумкин аст.

Иқтисоди Русия ва дигар ҳавзаҳои зиндагӣ дар шароити таҳримҳо босуръат рушд мекунанд ва ин худ муваффақияте барои расонаҳои Русия аст. Онҳо танҳо тасвире мусбат аз кишвар эҷод намекунанд, балки эътимоди шаҳрвандонро шакл медиҳанд, маъмурияти ваҳдатбахш бар ӯҳда доранд ва ангеза ба офаринишро мунтақил мекунанд.

Форуми “ШУМ” аз 12 август то 14 сентябр дар минтақаи Калинигради Федератсияи Русия баргузор шуд. Дар миёни баргузоркунандагон яке Агентии милли “Росмолодеж” буд.

Рӯйдодҳои аслии форум дар чаҳор бахш баргузор шуд. Бахши “ШУМ.Маркази расонаҳо” фаъолони марокизи расонаии донишҷӯӣ ва ҷавононро гарди ҳам овард ва ҳавзаҳои сиёсати ҷавонон ва омӯзишро пӯшиш дод.

Бахши «ШУМ.Озмоишҳо дар расонаҳо” ҷавонтарин ҳирфаиҳои ҳавзаи расонаро ҷамъоварӣ кард. Навҷавонони 14 то 17-сола ёд гирифтанд, ки мӯҳтавои дараҷаи яки худро эҷод кунанд. Ин барнома тавассути Ҷунбиши саросарии мактабиёни Русия - “Ҷунбиши нахустинҳо” ҳимоят шуд.

Бахши “ШУМ.Ҳирфаҳо” ҳирфаиҳои ҷавони тасбитшуда — мудирони хадамоти равобити умумӣ, сухангӯён, рӯзноманигорон ва веблогнависонро шомил шуд. Мавзӯъи ин бахш ба тавсеаи ҳирфаҳои расонаӣ ихтисос дошт.

Бахши “ШУМ.Ҷомеа” ба сакуе барои коршиносон, нависандагони проектҳо, шарикон ва ширкаткунандагони барномаҳои маркази “ШУМ” бадал шуд. Ин бахш ба як тӯфони фикрӣ барои тавсеаи расонаҳо дар солҳои оянда табдил шуд.

Форуми “ШУМ” фурсате барои дидори ҳирфаиҳои наслҳои мухталиф фароҳам кард. Расонаиҳои тозакор бо бузургони саноати расона ва рӯзноманигорӣ гуфтугӯ карданд, иттилооти муфиде ба даст оварданд ва ваъдаи ҳимоят дар ояндаро дарёфт карданд.

Ширкаткунандагони хориҷии форум танҳо нозирони мунфаил набуданд. Меҳмонон фаъолона таҷрибаи русиро фаро гирифтанд ва таҷрибаи худро низ ба иштирок гузоштанд. Бояд гуфт, ки чунин иртиботи содиқонае миёни ҳирфаиҳои кишварҳои мухталиф ба ёфтани дарки мутақобил ва аз байн бурдани бисёре аз тазоддҳо кӯмак мекунад. Рӯзноманигорӣ дар ин сатҳ, дигар худ ба маънои дипломатия аст.

Дар чорчӯби форум, як барномаи бузурги тиҷорӣ, фарҳангӣ ва тафреҳӣ барои сокинон ва меҳмонони минтақа созмондеҳӣ шуд. Барои онон раҳбарони саноати расонаӣ суханронӣ карданд. Дар барномаи тиҷорӣ, ба гуфтугӯи миёни намояндагони касбу кор, расонаҳо, сохторҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ таваҷҷуҳи вежае шуд.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Фарҳанг

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!