Хабари рӯз

Чаро Толибон наметавонанд Афғонистонро идора кунанд ва маҳкум ба шикаст ҳастанд?

Нависанда: Аҳмад Зиё Масъуд, муовини пешини раисҷумҳури Афғонистон

Баргардон: Фирдавси Низом

Гуфтумони дин ва сиёсат дар афкори мусулмонони замони мо ниёзманди таҳлили як воқеият, яъне истифода шудан аз дин ба унвони як абзор дар сиёсат, чӣ ба сурати ошкор ва ё пинҳони он аст. Барои дарки беҳтари ин мавзӯъ зарурат аст, то миёни секуляризм ва ҳузури ислом, чун шариат ва ахлоқ дар ҷомеае, ки аксарияти онҳо мусулмон ҳастанд, тамоюз қоил шуд. Секуляризм дар ҷавомеи исломӣ, падидаи ноошно ва бегона дар фарҳангу зиндагии мардум аст. Аз ин рӯ, бо воқеиятҳои ҷавомеи исломӣ ва муносиботи иҷтимоии он иртибот надорад.

Бештари назарияпардозони даврони мо, дунёи исломро бо Аврупои қуруни вусто ва тасаллути калисо бар ҷанбаҳои мухталифи зиндагии мардум муқоиса мекунанд. Дар ҷавомеи исломӣ, созмонҳои динӣ монанди Аврупои замони масеҳият вуҷуд надорад, то вазоиф ё масъулиятҳои мушаххасе барои баст ва густариши дин дошта бошанд ва мувозӣ бо давлат ба унвони як марҷаи иқтидор рақобат кунанд, ки дар натиҷаи он "давлат дар миёни давлат" ва ё "давлат дар муқобил давлат" ба вуҷуд ояд. Ин таҷриба дар Аврупои қурунувусто чунон буд, ки ҳам калисо ва ҳам подшоҳон, ба унвони ду марҷаи қудрат дар як рақобати доимӣ ва гоҳе хунин дар баробари якдигар вуҷуд доштанд. Андешамандон роҳ ва чораро дар ҷудоии дин аз давлат ёфтанд. Сипас ин ба як тафоҳуми сохторманд мунҷар шуд, ки ин ду ниҳод бидуни ин ки ба ҳамдигар осеб расонанд ва ё монеи корҳои ҳамдигар шаванд, битавонанд вуҷуд дошта бошанд ва дар соҳоти мушаххаси худ фаъолият кунанд. Натиҷа чунин шуд, ки калисо масъулияти иқтидори диниро ба ӯҳда гирифт ва давлат масъулияти сиёсиро. Дар ҷавомеи исломӣ аммо, ду марҷаи иқтидор вуҷуд надоштааст. Аз гузаштаҳои дур то кунун танҳо як марҷаи иқтидор вуҷуд дорад, ки ин марҷаъ ҳам динӣ ва ҳам сиёсӣ аст. Бино бар ин метавон гуфт, ки ин муқоиса наметавонад аз асос дуруст бошад ва натиҷаи он низ ҳамгун нахоҳад буд.

Аммо ниёзмандии ҷавомеи исломии муосир, доштани марҷаъ ва созмони динӣ аст, то аз сиёсатзадагӣ ва истифодаи абзорӣ аз дин ҷилавгирӣ битавонад. Ин ҳамон нақше аст, ки калисо ба хубӣ ифо кардааст. Дин ба масобаи ақида, он чиро, ки собиту давомдор ва мутлақ аст, муаррифӣ мекунад. Дар ҳоле ки сиёсат он чиро, ки нисбӣ ва қобили тағйир бошад, ба муаррифӣ мегирад. Сиёсат бо манофеи як гурӯҳ ва ё як шахс гиреҳ мехӯрад, дар ҳоле ки дин бояд фаротар аз манофеи ашхос ва ё як гурӯҳ амал кунад. Аҳамият ва рӯҳи дин ба хотири иттиҳод ва ваҳдат дар миёни ақшори мухталифи ҷомеа аст, на эҷоди ҷудоӣ ва фосила миёни мардум. Дини ислом, як дини иттиҳодбахш ва идғомкунандаи мутлақ аст. Ҳам дар манзари ақида, яъне имон ба Худои ягона, дар сатҳи ҷомеа як уммати ягона ва низ дар сатҳи дарку анҷоми маносики динӣ. Касоне, ки дини худро тақсим мекунанд ва онро дар сатҳи фирқаҳо хурд месозанд, ҳадди ақалли шумо марбути он гурӯҳ ё фирқа набошед. (ояти 6, сураи Алном).

Ниёз ва рӯҳи сиёсат аммо, мубтанӣ бар ҷудоӣ ва тақсим аст. Сиёсат дар адами тавофуқ ва тафоҳум дар ҳар ҷое рушд мекунад. Биноан сиёсат барои танзим ва созмондиҳии адами тафоҳум ва тавофуқ нисбат ба ҳар чизи дигар ба кор гирифта мешавад. Идора ва танзими адами тавофуқ дар ин ҷо ба мафҳуми танзими умури ихтилофӣ ва эҷоди як фазои ҷадид аст. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки иртибот додани дин бо сиёсат дар ҳар сатҳе, ки бошад, илзоман ба маънии дохил сохтани микробҳои адами тавофуқ ва ихтилоф дар дин аст. Дар ҳоле ки асоси дин бар наздикӣ ва тавофуқ бино шудааст. Вақте ки адами тавофуқ дар дин мабнои сиёсӣ дошта бошад, ногузир динро ба тарафи фирқагароӣ ва сипас рӯёрӯиҳо ва ҷангҳои дохилӣ раҳбарӣ мекунад. Ногузир бардоштҳо ва тафсирҳои мутобиқ ба манофеи сиёсӣ аз дин эҷод мешавад ва ҳар гурӯҳ дар пайи ёфтани ривояте аз дин барои тавҷеҳи рӯйкарди сиёсии худ мешавад. Таърихи ҷадид ва гузашта шоҳиди ин муддао аст. Ба гунаи намуна, аз даврони императории Усмонӣ вақте дин ба ҳайси як абзори сиёсӣ дар ҷаҳони ислом мавриди истифода қарор гирифт, адами тавофуқ ва буҳрони ихтилофот шурӯъ шуд ва ҷангҳои дохилӣ ба вуқӯъ пайваст. Ин ҷангҳо сирф ба хотири истифода аз дин барои аҳдофи сиёсӣ ба равишҳои мухталиф буд. Аз ҷое, ки истифода аз дин барои ба самар расондани аҳдофи сиёсӣ сабаби ҷанг мешавад, бо вижагии якпорчагӣ ва иттиҳодбахшии дин дар таззод аст. Дар ҳоле ки мантиқ ҳукм мекунад, ки дин ба ҳайси як омили иттиҳодбахш ва пайванддиҳанда бояд сабаби иттиҳод ва ваҳдат дар сиёсат шавад ва дастикам аз ҷанги дохилӣ ва адами тавофуқ ҷилавгирӣ кунад.

Пурсиши дигаре, ки ниёз ба баррасӣ ва ковиш дорад, ин аст, ки дар сурати истифодаи абзорӣ аз дин тавассути гурӯҳҳое чун Толибон, Алқоида ва ё ДОИШ чӣ иттифоқе хоҳад афтод ва паёмади он чӣ хоҳад буд? Маъмулан, ин рӯйкард замоне сурат мегирад, ки як гурӯҳи бар сари қудрат ташхис медиҳад, ки барномаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиашон аз назари сиёсӣ ва равишҳои муътадил ва маъмули ҷаҳони имрӯз, қобили пазириш нест ва чунин барномаҳо наметавонад қаноати мардумро фароҳам созад, истифодаи абзорӣ аз динро кӯтоҳтарин ва арзонтарин равиш барои таҳкими қудрат ва давоми худ меёбанд. Гурӯҳҳои сиёсӣ ва низомие, ки дар ироаи хадамот, тарҳ ва барномаҳои қобили пазириш ба мардум ноком мемонанд, барои пинҳонкории адами кифояти худ, даст ба истифодаи сиёсӣ аз дин мезананд.

Рӯйкарди ҷобирона, хашин, нодуруст ва ғайрмаъқули ин гурӯҳҳо дар амри ҳукуматдорӣ боиси ифшои миёнтиҳӣ будани онон мешавад ва ба ҷомеа собит месозад, ки ин гурӯҳҳо бино бар адами огоҳӣ ва заъфи мудирият, кифояти гардондани як низоми сиёсиро надоранд, ки битавонад посухгӯи ниёзмандиҳои мардум бошад. Нокомӣ дар пешбурди барномаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ки сабаби рифоҳ ва хушбахтии мардум шавад, ин гурӯҳҳоро маҷбур месозад, то ба хотири расидан ба аҳдофашон ва пинҳонкории сиёсатҳояшон, аз дин ва ақида истифодаи сиёсӣ кунанд.

Чунончи дар корномаи Толибон, ин адами кифояти корӣ, пинҳонкориҳо ва набуди полисиҳои равшан, ки ҷавобгӯйи ниёзмандиҳои мардум бошад, ба хубӣ дида мешавад. Дар дарозои наздик ба якуним соли гузашта Толибон муваффақ ба муаррифии навъи сохтор сиёсии худ нашудаанд. Қонуни асосӣ вуҷуд надорад ва вазоифи дастгоҳи ҳоким мушаххас нест. Аз сиёсатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ хабаре нест. Улгу ё намунаи муваффақе низ аз гурӯҳҳои мушобеҳ дар кишварҳои дигар низ вуҷуд надорад, то сармашқе барои муваффақияти Толибон шавад. Дар ҳамчун ҳолат, истифода аз дин ҷанбаву зоҳири фирқаӣ ва идеологӣ ба худ мегирад ва сабаби зинда шудани мухосиматҳо мешавад. Симбулҳо ва татбиқи мӯҳтавои идеологӣ барои мазҳабӣ шудани ин гурӯҳ илзомӣ мешавад. Аъзои ин гурӯҳҳо маҷбур мешаванд, то бо мазоҳири динӣ, мушкили бекифоятӣ ва миёнтиҳӣ будани худро махфӣ нигаҳ доранд. Ба ҳамин далел, Толибон ҳар мавзӯъро мехоҳанд ба дин нисбат диҳанд ва зери пӯшиши он пинҳон шаванд. Чунончи яке аз раҳбарони гурӯҳи Толибон, пеш аз дарёфти кӯмакҳои нақдии ҳафтавор аз хориҷ, вақте низоми худро дар расондани маоши кормандони ҳукумат ноком ёфт ва иқтисоди кишварро пас аз рӯйи қудрат омадани худ дар хатари фурӯпошӣ дид, бо равшанӣ баён кард, ки ризқу рӯзӣ аз ҷониби Худованд аст ва ин гурӯҳ наметавонад масъулияти нон додан ба мардумро ба ӯҳда гирад.

Ин гурӯҳҳо худро дар мӯҳтавои як фирқаи мазҳабии ҷудо ва болотар аз соири гурӯҳҳои иҷтимоӣ муаррифӣ мекунанд ва чунин фирқагароӣ сабаб мешавад, то ин гурӯҳ ба шакли як табақаи иҷтимоӣ зуҳур накунад ва дар сатҳи як фирқаи мазҳабӣ боқӣ бимонад. Фирқагароии мазҳабӣ бадтарин ва тахрибкунандатарин падидаи иҷтимоӣ аст, ки заминаҳои ҷанги дохилиро фароҳам месозад. Ба таври намуна, чунин вақоеъ дар кишвари Лубнон дида мешавад. Моруниҳо ба ҳайси як қабила, ки аз назари динӣ масеҳианд аз дин ба ҳайси абзор дар сиёсат истифода карданд ва ба фирқагароӣ гиравиданд. Чунончи бо фирқагароӣ ҳамаи имконот ва мақомоти давлатиро дар байни гурӯҳи худ тақсим карданд. Бидуни ин ки соири гурӯҳҳоро дар таъйини сарнавишти кишварашон шарик созанд.

Ин дақиқан ҳамон коре аст, ки Толибон дар Афғонистон анҷом медиҳанд. Дар ваҳлаи нахуст давлати Лубнон мубтанӣ ба ҳамин сиёсати фирқагароӣ таъсис шуд, вале аз эъломи расмии он худдорӣ кард. Дар ҳоле, ки барномаҳои фирқагароёна ва тамомиятхоҳона зери номи низоми динӣ дар ҳоли татбиқ буд. Ин гурӯҳ манофеи худро дар эъломи як сиёсати равшан ва возеҳ мубтанӣ бар ихтисоси мақомот ва манофеи модӣ барои гурӯҳи худашон намедиданд, аз ҷое, ки сиёсат ба ҳайси як омили қудратдиҳанда дар равандҳои зиндагӣ амал мекунад ва заминаҳои қудрат, ҳифз, давоми имтиёзот ва манофеи як гурӯҳро мусоид месозад, фирқаи морунии масеҳӣ мутавассил ба сиёсӣ сохтани дин шуд ва ё динро ба сиёсат иртибот дод, то сиёсат ба як ҳақиқати доимӣ ва асосӣ табдил шавад, ки дигар қобили тағйир набошад. Бо ин равиш хостанд ин ҳаққро ба дин бидиҳанд, ки монанди сиёсат, моҳияти адами тавофуқ ва ихтилоф пайдо кунад. Аз тарафи дигар, табақоти маҳрум ва фақири Лубнон мутаҳаммили зарботи сангини инҳисори қудрати сиёсӣ ва иқтисодии моруниҳо шуданд. Қудрати дифоъ аз худро дар як муборизаи сиёсӣ надоштанд, зеро зиндагии иҷтимоӣ ва иқтисодии онон дар сатҳе набуд, ки қодир ба матраҳ сохтани хостаҳои худ ба ҳайси як табақаи иҷтимоӣ бошанд. Рақиби аслии соири кутлаҳои фақири Лубнон, моруниҳои масеҳӣ буданд, ки аз имтиёзоти сиёсӣ ва иқтисодӣ баҳраманд буданд ва худро ба унвони як фирқаи мазҳабӣ муаррифӣ мекарданд, на як табақаи иҷтимоӣ. Ба мурур дида шуд, ки ба хотири истисмори иқтисодӣ ва инҳисори қудрати сиёсии фирқаи морунӣ, чӣ тавр соири катлаҳои мардумии Лубнон вориди шакл додан ва эҷоди соири фирқаҳои мазҳабӣ шуданд ва гурӯҳҳои мушобеҳ дар байни мардуми шиа, друз ва суннӣ дар Лубнон ба вуҷуд омад. Ин рақобат ва мубориза замоне, ки шакли фирқаӣ ба худ гирифт, Лубнонро вориди ҷанг дохилӣ сохт. Дар ҳоле ки дар зоҳири амр шакли мубориза синфӣ ва табақотӣ буд.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!