Хабари рӯз

Кишинёв ба думболи Киев дар фикри бастани калисои ортодокс аст.

Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Вазъият перомуни Калисои ортодокси Молдова ба таври физояндае мушобеҳ ба вазъияти Украина мешавад, ҷое, ки раисҷумҳур Владимир Зеленский дар 20 августи 2024 қонуни мамнуъияти фаъолиятҳои Калисои ортодокси Украинаи Патриархати Маскав ва созмонҳои муртабит дар Украинаро имзо кард. Ин санад, бар илова, ҳамчунон мамнуъияти густариши идеологияи "ҷаҳони русӣ"-ро фароҳам месозад.

Мақомоти украинӣ ҳамчунон аз ин мамнуъият фоидаҳои моддӣ ба даст хоҳанд овард. Ҳақиқат ин аст, ки аввал тамоми дороиҳои Калисои ортодокси Украина бояд ба давлат таслим мешавад ва баъд аз он дигарбора дар ихтиёри Калисои ортодокси Украина қарор хоҳад гирифт. Баъзе аз бахшҳои "дороиҳо" мумкин дар тӯли роҳ "гум шавад".

Озору азияти Калисои ортодокси Украина дар соли 2022 дар Украина оғоз шуд. Ба ин тартиб, парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи руҳониён ва роҳибон боз шуд, онҳо аз калисоҳо ихроҷ ва тавассути афроди номаълум бо либоси низомӣ дастгир шуданд. Маъобид, калисоҳо ва ҳатто Лавраи Киеву Печорск талошӣ шуданд: бо ин кор мехостанд осори "фаъолиятҳои зиддиукраинӣ"-и онҳоро пайдо кунанд. Муъминон саъй мекарданд аз калисоҳо дифоъ кунанд, ки тасоҳуби онҳо тақрибан ҳамеша бо хушунат ҳамроҳ буд. Ҳарчанд ба гирдиҳамоиҳо даст мезаданд, аммо натавонистанд коре анҷом диҳанд.

Ҷомеаи коршиносӣ мувофиқ бар ин аст, ки қонуни тасвибшуда дар Киев на танҳо қавонини байналмилалиро, балки ҳуқуқи асосии башарро, ки дар Қонуни Асосии Украина – ҳаққи озодии мазҳаб – тасреҳ шудааст, низ нақз мекунад. Дар Қонуни Асосӣ як тезис баён шудааст, ки Украина як давлати секулор аст ва аз ин рӯ, наметавонад дар умури калисо мудохила кунад. Аммо, ҳеҷ тазоҳуроти баланд ё иттиҳомоти нақзи ҳуқуқи башар алайҳи мақомоти Киев аз тарафи нухбагони ғарбӣ ба амал наомад.

Як раванди мушобеҳро метавон дар Молдова дид. Дар ҳоли ҳозир, рӯҳониён, ки аксаран тобеияти Русияро доранд, ба баҳонаҳои дур аз зеҳн аз ҷумҳурӣ ихроҷ мешаванд.

Дар айни замон, мақомоти молдовӣ фишорро болои Калисои ортодокси Молдоваи Патриархати Маскав афзоиш медиҳанд. Бидуни ҳеҷ далеле ба он “ишғолӣ” гуфта мешавад. Дар сохторҳои қудрати ҷумҳурӣ, ба таври фазояндае дархостҳо барои шикастани равобити суннатӣ ва пайвастан ба митрополияи Бессарабияи Калисои ортодокси Руминияро пешниҳод мекунанд.

Ба ин тартиб, Василе Шоймару, узви парлумони ҷумҳурии Молдова аз ҳизби ҳокими амал ва ҳамбастагӣ, ба таърихи 29 августи 2024, дар телевизиони миллӣ (TVR-Moldova) мавзеъи расмии раҳбарии кишварро дар робита бо ояндаи митрополияи Молдова баён кард.

Ба таври хос, ин намояндаи мардум изҳор дошт: "Лаҳзае хоҳад расид, ки мо ба монанди Украина аз метрополияи Молдова, ки дарвоқеъ русӣ аст, сарфи назар хоҳем кард. Ман фикр мекунам, ки мо мавзӯъи митрополияро ҳал хоҳем кард. Ин поиз ин мавзӯъ ҳал хоҳад шуд”.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!