Инсон ҷузъи табиат аст, на соҳибаш.
Нависанда: Яъқуб Ясно, устоди таърих, фарҳанг ва адабиёт, узви Шӯрои мушовараи “Сангар”
Агар ба ҷашни Наврӯз аз чашмандози фалсафаи Ҳайдеггер бингарем, ҷашни Наврӯз дарвоқеъ баёнгари дарҷаҳонбудагии инсон дар замону табиат аст, зеро ҷашни Наврӯз нисбати чандҷонибаи инсонро бо замону табиат мушаххас мекунад.
Ҷашни Наврӯз нисбат ба замон ду чашмандоз дорад: замони гузашта ва замони оянда. Инсон дар ҷашни Наврӯз васати замон қарор мегирад, замоне, ки гузашта ва замоне, ки қарор аст фаро бирасад. Бинобарин ҷашни Наврӯз аз назари андеша дар бораи замон моро вомедорад замони гузаштаро дарёбем ва зиндагиро дар замоне, ки гузашта, бозбинӣ кунем ва дар бораи замони оянда биандешем ва зиндагиро чашмандозе дар замони оянда бубинем ва барои зиндагӣ дар замони оянда барномарезӣ кунем.
Ҷашни Наврӯз фаротар аз нисбати инсон дар замон, нисбати инсонро дар табиат низ маъноманд мекунад. Инсон дар фарҳанги Наврӯзӣ, ҷузъе аз табиат аст, на соҳиби табиат. Ҷузъе аз табиат будан дарвоқеъ нишондиҳандаи дарҷаҳонбудагии инсон аст, яъне инсон фаротар аз табиат нест ва берун аз табиат наметавонад зинда бимонад. Бинобарин ҷашни Наврӯз инсонро вомедорад дар бораи муҳити зиндагии худ, замину табиат фикр кунад ва посдору посбони табиат бошад. Посдориву посбонӣ аз табиат дарвоқеъ ҳимоят аз муҳити зист аст.
Ҷашни Наврӯз ба содагӣ шакл нагирифтааст, балки дар ҷараёни ҳазорон сол бинобар иртиботи чандсавия ва чандҷонибаи инсон бо замону табиат маъноманд шуда ва шакл гирифтааст. Ҷашни Наврӯз фақат як ҷашн нест, фарҳанг ва оини муносибати инсон бо замон, табиат ва зиндагӣ аст. Ин ҷашну оин аз ҳар дине карда куҳантар, маънодортар ва раводортар аст. Ба ҳамин асос аст, ки ҷашни Наврӯз фаротар аз ҷашнҳои мазҳабии дар ҳоли густариш аст ва метавонад ҷашну фарҳанги ҳар ҷомеае бошад.
Толибон танҳо мухолиф ва душмани Наврӯз нестанд, мухолиф ва душмани ҳар гуна раводорӣ, касратгароӣ ва мадоро ҳастанд. Мухолифат ва душмании Толибон бо ҷашни Наврӯз баёнгари ин аст, ки ҷашни Наврӯз ҷашни мудоро ва раводорӣ аст, зеро агар дар Наврӯз ҳикмату фазилат раводорӣ намебуд, Толибон бо ин ҷашн душманӣ намекарданд. Ҷашни Наврӯз, ҷашни замон, табиат, зиндагӣ ва инсон аст ва ин ҷашн дар замон, табиат ва зиндагии инсон ҷорӣ аст. Ҷашни Наврӯз тавре ки дар дарозои таърих аз ифротиятҳо ва асабиятҳо убур карда, аз нуқтаи сиёҳи асабияти толибонӣ низ убур мекунад.