Чаро ғазаби Худованд фақат бар сари мусулмон фуруд меояд?
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои "Сангар"
Ман дар кишвари Швейтсария муҳоҷирам. Дар ин кишвар мусулмонҳо аз кишварҳои мухталиф, монанди Афғонистон, Туркия ва баъзе кишварҳои арабӣ омадаанд ва зиндагӣ мекунанд.
Шояд теъдоди маҷмӯъи мусулмонҳо дар кишвари Швейтсария байни 50 ило 80 ҳазор нафар бошад.
Аммо адёни дигар, яъне ба истилоҳи омиёнаи мо, афғонҳо, “кофирҳо” зиёдтаранд.
Дар ин кишвар масоҷиди зиёд нест. Танҳо як теъдод туркҳо масоҷид доранд, аммо азон додан тавассути лаудспикер ё баландгӯҳо иҷоза нест, аммо дар дохили масҷид азон додан ва таблиғи динӣ иҷоза аст, мушкиле надорад.
Ман фикр мекунам, ки бо ҳамчу кишваре, яъне Швейтсария, нисбат ба кишвари мо ва кишварҳои исломӣ лутфу тараҳҳуми парвардгор зиёдтар аст?
Аммо чаро? Чун дар ин кишвар ҳеҷ гиёҳу дарахте аз беобӣ хушку пажмурда намешавад, офтобу борон фаровон аст. Ин ҷо на дарахтон хушк мешавад, на дарахте бо табар зада мешавад, Ин ҷо ҳайвонот озодона гаштугузор мекунанд ва аз алафҳо истифода менамоянд, ҳаргиз аз сӯи касе азияту озор намебинанд ва ҳатто азияту озори ҳайвонот ҷурм шумурда мешавад.
Ин ҷо ҳеҷ вақт инсонҳо гурӯҳӣ тирборон нашуда ва намешаванд.
Ин мардумон чӣ иқболу толеъе доранд? Оё Худованд нисбат ба мо мусулмонҳо бо онҳо меҳрубонтар аст?
Ин ҷо ба ҳеҷ муҳоҷире, ба ҳеҷ беватане ва ба ҳеҷ фақире тавҳину таҳқир намекунанд, ҳеҷ кас дашном намедиҳад ва ӯро муҳоҷири беватан намегӯянд.
Ин ҷо ҳеҷ кас намегӯяд, ту сиёҳпӯст ҳастӣ ё сафедпӯст, касе намепурсад, ки ту чӣ дине дорӣ! Танҳо ба инсоният эҳтиром мегузоранду бас.
Ин ҷо ҳеҷ тифле пеши рӯи модараш зери по кӯбида ва лагадмол намешавад.
Ин мардумон чӣ иқбол ва толеъе доранд? Оё Худованд нисбат ба мо мусулмонҳо бо онҳо меҳрубонтар аст?
Аммо, мутаассифона, баръакс дар кишварҳои ҷаҳони севум, бахусус дар сарзамини мо Афғонистон намедонам чӣ иллат аст, ё қаҳри Худованд аст ё иллати дигаре дорад аз ҳайвоноту гиёҳон мегузарем, ки чӣ рӯзгоре доранд, инсонҳо бо ашколи мухталифе дар сарзамини мо муҷозоту нобуд мешаванд, аммо ҳеҷ аксуламале дида намешавад.
Бисёриҳо, ки худро инсони ботақво, одил ва Худопараст мегӯянд, ҳеҷ ҷиноятеро маҳкуму тақбеҳ намекунанд, фақат ҳамин қадар мегӯянд, ки ҳар чӣ бар сари инсонҳо меёяд аз ҷониби Аллоҳ аст ва ҳамин тақдири Худованд буда, аксари ин амалкардҳоро дар гардани дин, мазҳаб ва тақдир меандозанд. Дар ҳоле ки на ҳаргиз Худованд золим аст ва на аъмолеро, ки мо анҷом медиҳем, дар он ризои Худованд нуҳуфтааст, балки мо мусулмононе ҳастем, ки аз дину мазҳаб сӯистифода мекунем.
Дар сарзамини мо касоне, ки фақир, нодор ва парешон ҳастанд, ба ҷои ин ки дасти ӯро бигиранд ва барояш бигӯянд, ки мо дар канори ту ҳастем, вале ҳар бадбахтиро ба ризои Худованд рабт медиҳанд, ки яъне ризои Худованд будааст.
Агар ту муҳтоҷӣ, тақдири Худованд буда, агар ту нон надорӣ, тақдир ҳамин буда, агар латукӯб шудаӣ, тақдир ҳамин буда, агар ту тавҳину таҳқир шудаӣ, тақдир ҳамин буда, агар имрӯз ба ту зулму ситам мешавад, аз рӯзи азал дар пешонии ту навишта шуда будааст.
Дар ҳоле ки ман бовару имон дорам, ки Худованди мутаол воқеан одил аст, бидуни шак, Худованд ҳаргиз тарафдори зулму беадолатӣ нест ва ҳаргиз розӣ нест бандагонаш парешону саргардон бошад ва ё мавриди зулму ситам қарор бигиранд.
Ин бандаҳои Худованд ҳастанд, ки худро ба номи намояндаи Худо дар рӯи замин ҷо задаанд ва муртакиби ҳар ҷинояте мешаванд, вале ҷинояти худро ба номи Худо ва ба номи дину мазҳаб хатм мекунанд, дар ҳоле ки дини муқаддаси Ислом дини мурувват, дини шафақат, дини бародарӣ ва баробарӣ аст ва Худованди бузург бар ҳама меҳрубон асту тараҳҳум дорад.