Дин аз сиёсат ҷудо нест, аммо ҳадафи сиёсат дар ислом асорати мардум зери унвони дин нест
Нависанда: Фарид Юнус, устоди бознишастаи антропологияи фарҳангӣ ва фалсафаи исломии Донишгоҳи Аёлати Калифорния, узви Шӯрои мушовараи “Сангар”
Баъд аз 9 моҳи ба қудрат расидани номашрӯъи Толибон* гурӯҳҳои сиёсӣ ҳанӯз ҳам натавонистаанд то як роҳи ҳалли усулӣ барои наҷот аз бунбасти Афғонистон пайдо кунанд.
Мушкилот қарори зайл аст:
Аввал, адами тафоҳум байни аҳзобу гурӯҳҳои сиёсӣ;
Дувум, адами мавҷудияти андешаи сиёсӣ барои Афғонистон;
Севум, ташкили як гурӯҳи босалоҳият, ки битавонад дар беруни кишвар аз Афғонистон намояндагӣ кунад, ки ба ду модаи аввалӣ ва дувумӣ иртибот мегирад.
Ҳамчунон аст адами таҳаррук ва фаъолият, ки як кор пеш биравад. Афғонистониҳо дар тасмимгирӣ ё decision making, ки як унсури фавқулода муҳими зиндагии сиёсӣ ва иҷтимоии имрӯзӣ аст, бисёр заиф ва танбал ҳастанд. Мо ҳанӯз ҳам ба коғазпаронбозии идорӣ барои анҷоми як кор мӯътақид ҳастем ва як бюрокрасӣ. Дар ҳоле ки таҷориби ҷаҳони пешрафта нишон медиҳад, ки як нафар бидуни ҳамкории дигарон ва бюрокросӣ ва коғазпронии идорӣ тавонистааст тағйироти умдаи иҷтимоӣ ва сиёсиро ба вуҷуд биоварад.
Амрикоиҳо дар ин бахш бисёр пешқадам ҳастанд ва як гуфтаи машҳур доранд, ки one man makes a difference, яъне як шахс қодир аст, ки як таҳаввулро ба вуҷуд биовард. Достони духтари ҷавони сиёҳпӯсти амрикоӣ Rosa Parks ҳикоят аз тағйир овардан тавассути як нафар аст, ки ҷаҳони сиёсиву иҷтимоӣ Амрикоро вақте нахост то курсии худашро дар мошини сервис ба як сафед бидиҳад тағйир дод.
Нависандаи ин сутур вақте дафтари ҳаллу фасли мунозиъоти хонаводагиро дар Амрико сохтам бо ман ҳамкории лозим сурат нагирифт ба ҷуз як бону Раноҷон Пупал, ки якҷой иқдом кардем ва то имрӯз, ки бист сол аз умри он мегузарад, садҳо хонавода дар Амрико, Аврупо ва Канада кӯмак шудааст. Таври мисол, никоҳ аз тариқи скайп сурат гирифтааст. Дар гӯши кӯдакон аз тариқи тилфон азон гуфта шудааст. Як парвандаи талоқ байни Амрико, Олмон ва Канада ҳаллу фасл шудааст ва ҳамааш аз тариқи тилфон. Зеро як нафар метавонад, ки як тағйир биоварад. Мутаассифона, таърихи иҷтимоии Афғонистон камтар навишта мешавад ва ин муҳаққиқ тасмим гирифтам то масоили таърихи иҷтимоӣ ҳам навишта шавад, зеро барои ояндагон донистан муҳим аст.
Баргардем ба масъалаи Афғонистон, ки бояд як шӯрои мунтахаб сохта шавад ва гурӯҳҳои сиёсӣ як шӯрои бузургро бисозанд, ки ин назари ҷаноби оқои Самар Содот дар маҷлиси сайти интернетии сиёсати Афғонистон, ки масъулияти онро ҷаноби Ҳомид Заробӣ дорад ба таърихи 22 майи 2022 пешниҳод шуд.
Шӯро бояд як ҳайати сенафараро интихоб кунад, то бо мақомоти кишварҳои ҷаҳон ба шумули Созмони Милали Муттаҳид ба тамос шавад. Ин шӯро бояд барномаи он мушаххас бошад, масалан, Афғонистон ба асоси шаҳрвандӣ ва як низоми сиёсии федералӣ сохта шавад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳуқуқи озодии бонувон ва озодии баёну қалам ва ширкати сиёсии ҳама ақшори ҷомеа итминон ҳосил кунад. Ба кишварҳои ҳамсоя бояд итминон дода шавад, ки сулҳи пойдор дар Афғонистон ба нафъи ҳама кишварҳои минтақа аст. Билохира, аз Созмони Милали Муттаҳид кӯмак хоста шавад, то дар Афғонистон як интихоботи умумӣ сурат гирад ва як ҳукумат, ки ба асоси ҳуқуқи башар, озодии баёну калом ва ҳуқуқи мусовии афроди ҷомеа дар муқобили қонун бошад, ба вуҷуд ояд.
Имрӯз аҳзоби сиёсӣ бисёр аст, аммо титу пароганда ҳастанд ва ин иттиҳод аст, ки моро ба манзили мақсуд мерасонад.
Андешаи сиёсии Афғонистон исломӣ бояд бошад, аммо ба асоси эҷобот ва тақозоҳои асри ҳозир ва як диду биниши нав аз дини ислом. Дин аз сиёсат ҷудо нест, аммо ҳадафи сиёсат дар ислом асорати мардум зери унвони дин нест. Ҳадафи сиёсат дар ислом амнияти мардум, эҷоди иқтисоди қавӣ ва омӯзишу парвариш аст, на ин ки сари мардум динро таҳмил кард ва мардум бояд ба зӯр намоз бихонанд ва ё рӯза бигиранд. Ҳатто онҳое ки тафаккури исломиро қабул надоранд, дар низоми сиёсӣ ба асоси шоистагӣ ҳақ доранд ширкат кунанд.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.