Хабари рӯз

Дар модаи ҳафтуми Ҳуқуқи башари исломӣ шиканҷаи мардум мутлақ манъ шудааст ва мардумро наметавон бидуни маҳкама эъдом кард ва ё дасти ӯро қатъ кард

Муаллиф: ФАРИД ЮНУС

Мардуми Афғонистон бояд дар муқобили идеологияи "ДУҚ" шадид мубориза кунад. “Толибон” эълон карданд, ки эъдоми мардум ва қатъи даст аз сар гирифта мишавад. Қатъи даст вақте ҷорӣ мешавад, ки муҷрим аз ҳирс амали дуздиро анҷом дода бошад. Дар сурате ки муҷрим аз фақр муртакиби гуноҳ шавад, дасти давлат бояд қатъ шавад. Лутфан ба ин достони Ҳазрат Умар (р) таваҷҷуҳ кунед:

Халифаи дувуми ислом Ҳазрати Умар аз Амр ибн ал-Ос, ҳокими Миср пурсид:

- Агар яке дар қаламрави ҳукуматат дуздӣ кард, бо ӯ чӣ мекунед?

Амр ибн ал-Ос гуфт:

- Мутобиқи ҳукми Худо дасташро қатъ мекунам.

Халифаи дувуми мусулмонон барояш гуфт:

- Ба Худо қасам, агар гуруснае назди ман омад, ман дасти туро қатъ мекунам!

Мавзӯъи дувум ин аст, ки муҷрим бояд маҳкама шавад ва ҳақ дошта бошад то вакили мудофеъ бигирад, ки ин ҳаққро «Толибон» аз мардум гирифтанд.

«Толибон» як гурӯҳи мутаҳаҷҷир ва ақибмонда ҳастанд, ки ҳар гуна мусолиҳа бо эшон ҷафо ба мардуми мусулмони Афғонистон аст. Онҳо ба номи ислом Афғонистонро ба кӯмаки Покистон террор кардаанд ва мо мардуми мусулмони Афғонистон, ки ба ҳуқуқи башари ҷаҳонӣ ва ҳуқуқи башари ислом, ки муаррихи 19 сентябри 1981, мутобиқи 28 сунбулаи 1360 ҳиҷрии шамсӣ тавассути маҷлиси исломии байналмилалӣ тадвин шуд, эҳтироми комил дорем. Дар модаи ҳафтуми ҳуқуқи башари исломӣ шиканҷаи мардум мутлақ манъ шудааст ва мардумро наметавон бидуни маҳкама эъдом кард ва ё дасти ӯро қатъ кард.

Режими толибониро ман “ДУҚ” ном гузоштаам, ки мухаффафи он "д", яъне девбандии Ҳинд, ки тавассути мактаби истеъмор ба вуҷуд омад; ҳарфи "в" яъне ваҳҳобӣ, ки як фирқаи мутлақ муҳтаҷири арабӣ ҳастанд ва Арабистони Саудӣ дасташон бо ваҳҳобиҳо баста аст; ҳарфи "қ", яъне қавмӣ ва қабоилӣ, ки дар Афғонистон ва махсусан «Толибон» мураввиҷ аст.

Ҷолиб аст, ки ин мухаффаф, ки ман сохтам, яъне "дуқ" яке аз маонии он дар забони арабӣ “аҳмақ шудан” аст. Имрӯз мардуми Афғонистон ба номи дин ва суннат аслан дар муқобили як идеологияи ҷадид ба номи “дуқ” қарор доранд, яъне аҳмақ, ки аз исломи Муҳаммад (с) ҳазорон сол фосила доранд.

Мусолиҳа ва шинохтан ин гурӯҳ Афғонистонро ба табоҳӣ мекашонад ва Афғонистон бояд ба инҳо ҳаргиз вақт надиҳад, ки пешравӣ кунанд ва мехи худро ба номи дину суннат гӯр кунанд ва мардумро истисмор кунанд.

Дуруст аст, ки ҷанг роҳи ҳал нест ва аммо як гурӯҳи нодон ва аҳмақро ҳам ба расмият шинохтан роҳи ҳал нест ва бояд бо онҳо бо афкори нобу арзишманди исломӣ ба мубориза бархост на ин ки ба эшон мавқеъ дод, то нафас ба роҳат бикашанд. Ҳар гуна ҳамкорӣ бо “дуқ” хиёнат ба мардум ва дини ислом аст. Танҳо касоне аз инҳо ҷонибдорӣ мекунанд, ки:

а) ба фирқаи ваҳҳобӣ бастагӣ доранд;

б) қавмӣ ва қабоилӣ ҳастанд;

с) садди ҳама меъёрҳои воқеии исломӣ ва байналмилалӣ ҳастанд.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!