Хабари рӯз

Раиси “Азизӣ Бонк” чӣ гуна мехост 18,5 миллион доллари як тоҷирро дар Афғонистон аз худ кард?

Нависанда: Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон

Дар чаҳорчӯби масъулиятҳои давлатӣ ман одат доштам, ки номаҳо ва аризаҳоро бодиққат мутолиа мекардам. Дар муовинияти раёсатиҷумҳурӣ бароям нома аз як зиндонӣ ба исми Абдулаҳад расид. Ӯ навишта буд, ки ман як тоҷири гумном ва боэҳтиётам, ки касе маро намешиносад. Ман дар ҳисоби банкиам маблағи ҳаждаҳу ним миллион доллар дорам. Яке аз рӯзҳо вақте ки ба банк рафтам, то пул берун кунам. Каме маро мунтазир сохтанду баъд ногаҳон болои ман ҳамла шуд ва афрод бо юниформу либоси шахсии маро дастбанд заданд ва иддао карданд, ки аз ҷайби ман маводи мухаддир пайдо кардаанд. Ин ҳодиса дар соли 2019 иттифоқ афтода буд.

Хулоса, маро тавқиф карданд ва дар ниҳоят ба хотири доштани бисту панҷ гром маводи мухаддир маро ба бист соли зиндон маҳкум кардаанд. Ин ҷараён чунон барқосо гузашт, ки аслан барои ҳеҷ кас қобили бовар нест. Се сол аст, ки дар зиндон ба сар мебарам ва ҳарчи талош мекунам, садоям ба ҷое намерасад. Шумораи ҳисоби банкӣ ва асноди худро низ замимаи нома ирсол карда буд.

Ӯ ба сурати мустақим оқои Азизӣ Ҳутак, молики “«Азизӣ Банк»”-ро муттаҳами муҳандисӣ ва тарҳи ин дасиса карда буд. Ман мавзӯъро ба шакли мухтасар дар қолаби як паём навиштам ва бо тамоми асноди бадастомада аз Абдулаҳад аз тариқи дафтрам ба вотсапи оқои Азизӣ равон кардем. Ба эшон гуфта шуд, ки мо намехоҳем, ки дар ин шароити ҳассосу ларзон як аризаву шикоят, ки бисёр драматик ва аҷибу ғариб ба назар мерасад, боиси бадномии банки шумо гардад ва ё шумо беасос дар ҷанҷол қарор бигиред. Агар мумкин аст тамос бигиред ва ё касеро муваззаф созед, ки пайгирӣ намояд, ки бидонем рухи қисса аз ҷониби шумо чист.

Оқои Азизӣ ба паёми мо посух надод ва мо пас аз ду ҳафта мавзӯъро ба ба сурати катбиву усулӣ ба иттилоъи шахси раисҷумҳур расонидем. Ӯ ҳайат таъйин кард. Ҳайат рафту Абдулаҳадро дар зиндони Пули Чархӣ аз наздик мулоқот кард. Пас аз он ки ҳайат бо ин зиндонии бадбахт дидан кард, хабар ба мо расид, ки мехоҳанд ӯро ба баҳонаи ваксини коронавирус заҳр тазриқ кунанд ва баъзе аз зиндониҳо монеъи ин қатл шудаанд. Чун рафтани ду тан, ба истилоҳ, духтур, мушаххасан барои ваксини як нафар зиндонӣ шакку тарс эҷод карда буд ва Абдулаҳад сару садо баланд карда ва фарёд кашида буд, ки ин ваксин на, балки заҳр аст. Барои ӯ тадобири хоси амниятӣ гирифта шуд, ки дар зиндон кушта нашавад ва дусия расман ба соранволӣ (прократура) ва маҳкама (суд) супурда шуд.

Раисҷумҳур (Ғанӣ) амр кард, ки як ҷаласа ба иштироки ниҳодҳои зирабт дар Арг доир гардад, ки ин қазия муҳим аст ва пайгирӣ гардад. Ҳанӯз ин ҷаласаро доир накарда будем, ки хабар расид Абдулаҳад аз зиндон ба зӯр ва ғайрирасмӣ ба яке аз утоқҳо дар мақарри “Азизӣ Банк” интиқол шудааст ва мехоҳанд болои ӯ даҳҳо чекро имзо кунанд ва бигӯянд, ки гӯё пулҳояшро қаблан кашидааст. Як нерӯи вокуниши сареъ шомили ҳайати пулис – амнияти миллӣ – соранволӣ ва маҳкама тавонистанд Абдулаҳадро дар як утоқи “Азизӣ Банк” дар ҳоле ки чандин чекро зери милаи туфанг ва фишор имзо карда буд, наҷот диҳанд.

Ин дар ҳоле буд, ки Азизӣ қаблан гуфта буд, ки дар асари инфиҷор дар чаҳорроҳии Занбақ аслан тамоми аснодҳои марбут ба Абдулаҳад гум шудааст. Касоне, ки талош доштанд аз Абдулаҳад ба зӯр имзо бигиранд, бо ҳама асноду мадорик ба сурати билфеъл дар саҳнаи иртикоби ҷурм дастгир шуданд ва раиси зиндон ба исми Тутохел фирор кард ва ило омадани Толибон дар хориҷ ба сар мебурд. Ӯ яке аз шуракои ин ҷурм буд ва чандин қазияи дигар низ дошт.

Дар ин ҷараён оқои Азизӣ бисёр ба шакли даступоча ва музтариб талош дошт, ки маро бубинад. Ман қабул кардам, ки дидор дошта бошем, вале на хусусӣ ва ё танҳо. Дар мулоқот раиси дафтарам оқои Акбарӣ – мушовирам оқои Ҳорун Мир – ду нафар аз тоҷирон, ки воситаи Азизӣ буданд, ҳозир буданд. Ба қиссааш гӯш кардам. Аз сару рӯяш арақ мерехт ва ҳар чанд лаҳза об менӯшид ва бор-бор маъзарат мехост, ки бубахшед, каме таклиф дорам.

Пас аз шунидани достони оқои Азизӣ барояш гуфтам, ин ки шумо рост мегӯед ва ё ғайр, он марбути ман нест ва бояд ин масоил дар соранволӣ ва маҳкама гуфта шавад. Хоҳиши Азизӣ ин буд, ки фақат характер ва ҳолати ин дусия (парванда) аз ҷурмӣ ба маданӣ табдил гардад. Ӯ медонист, ки агар дусия аз ҷурмӣ ба маданӣ табдил гардад, Абдулаҳадро метавонад даҳҳо соли дигар думболи “нахӯди сиёҳ” равон кунад ва худашро бо пардохти ришваву восита ҳифозат намояд. Ман гуфтам, ин салоҳиятро ман надорам. Гуфт, шумо, ки хабар шудед дусияро тағйир додаам, вокуниш нишон надиҳед, ҳамин қадар ба ман кифоят мекунад. Гуфтам, инро ваъда дода наметавонам.

Дар як ҷаласа дар Арг дусияи марбут ба “Азизӣ Банк” расман таслими шахси қозуюлқуззот (раиси Суди Олӣ)-и кишвар гардид. Мавзӯъ танҳо ин набуд, ки ҳаждаҳ миллион дуздӣ шудааст балки ин буд, ки вақте ин банк лонаи кулоҳбардорӣ аст, оё воқеан банк аст ва нақдина дорад ё хайр. Ҳайат таъйин шуд, ки пули нақди банкро баррасӣ намояд. Қарзаҳояшро баррасӣ намояд ва абъоди мухталифи муртабит ба усул ва муқаррароти банкдориро баррасӣ намояд. Гузориши ҳайатҳое, ки таъйин шуда буд, такондиҳанда буд.

Ман аммо копии ин гузоришҳоро бо худ надорам ва ба асоси лоиҳаи вазоиф нақли гузориш ба ман ироа нагардида буд. Оқои Азизӣ дар талош барои табдили дусия аз ҷиноӣ ба маданӣ муваффақ шуд, ки шахси раисҷумҳурро низ мулоқот намояд. Ман дар он мулоқот ҳузур надоштам ва аз мӯҳтавои он намедонам.

Ҳайатҳое, ки муваззаф ба баррасии “Азизӣ Банк” буданд, муддаӣ буданд, ки банк дар маърази фурӯпошӣ ва ифлос қарор дорад ва тавони мудирияти қарзаҳояшро надорад. Сармоягузориҳои ин банк дар Афғонистон умдатан ноқис ва зиёновар буда. Масалан, аз тамоми сохтмонҳое, ки ин банк сохтааст, даҳ дарсади онро то ҳол натавонистааст ба фурӯш бирасонад. Дар он замон муҳосиба гардида буд, ки агар “Азизӣ Банк” ба минволе, ки то ҳол ҷойдодҳо ва хонаҳои худро фурӯхтааст, идома диҳад, мумкин аст дар зарфи панҷоҳ сол сармояи худро ба даст оварад.

ДАР АКС: Шайх Мактум Мирвайс Азизиро таҳсин мекунад ва эҳтимолан достони ғамангези Абдулаҳад ва дигар муштариёни бахтбаргаштаи Азизи Банкро, ки пулҳои гумшудаашон дар Дубай дар гардиш аст, намедонад...

“Азизӣ Банк” дар даврони оқои Карзай низ дар лабаи суқуту ифлоси мутлақ қарор дошт ва бо мудохилаи як ҳалқаи мушаххас, ки татмиъ шуда буданд, аз суқут ва рафтан ба сарнавишти “Кобул банк” наҷот ёфт.

Ҳоло хабар шудам, ки ақои Азизӣ гуфтааст, ки даҳ миллиард доллар қарор аст сармоягузорӣ намояд. Шояд дар ин ду сол мӯъҷизае рух дода бошад ва ё ин ки ин таблиғоти ӯ дар ҳамоҳангӣ бо Халилзод ба хотири одӣ нишон додани вазъияти Афғонистони таҳти султаи Толибон аст. Азизӣ яке аз дӯстони шахсӣ ва наздики Халилзод аст ва дар гузашта шоеъоти мабнӣ бар ин ки Халилзод яке аз нафъбарандагони ин банк аст, низ дар ҳалақоти тоҷирон вуҷуд дошт.

Суқути ҷумҳурият боиси бақои “Азизӣ Банк” гардид ва ӯ фурсат ёфт аз пардохти ҳадди ақалл шашсад миллион доллар пули амонати мардум шона холӣ кунад. Мутаассифона ва чӣ дардовар. Беҳтар хоҳад буд қабл аз овардани даҳ миллиорд доллар сармояи тахайюлӣ амонатҳои мардумро пас бидиҳад то бад-ин сон бишавад аз шиддати зулму ситам болои як теъдод ҳамватанони мо коста шавад.

Дар ҳар ҳол эълони сармоягузории даҳ миллиард доллар тавассути Азизӣ як таблиғи беасоси мафияӣ дар ростои манофеъи мубҳам аст ва ҳаргиз иҷроӣ нахоҳад шуд. Шуракои дасисаи бадноми Доха талош доранд дар соли ҷорӣ аз ҳуҷуми садои манфӣ ва бозтоби воқеъиятҳои зишту хиҷолатовар аз Афғонистон коста шавад ва эъломияи Азизӣ яке аз васоили ҷанги равонӣ дар ин ростост.

Ҳамватанон гиромӣ! Умед аст, ки дар таомулатон бо ин банк ҳушёр ва мувозиб бошед.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!